13:47:11 02-уми Июни 2025 сол

МУСОҲИБА БО РАҲБАРИ НОЗИРОНИ ИНТИХОБОТИИ САҲУ

Нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ) аз 18 январ дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карданд.

 

Тоҷикистон бар асоси таъаҳҳудоташ ба унвони як узви САҲУ аз нозирони ин созмон даъват кардааст, ки бар наҳваи баргузории интихоботи порлумонии 28 феврал назорат кунанд. Ҳайъати нозирони интихоботии САҲУ аз 17 коршиноси байналмилалӣ аз 16 кишвари узви САҲУ, ки дар шаҳри Душанбе мустақаранд ва аз 20 нозири дарозмуддат, ки ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон эъзом шудаанд, иборат аст.

 

Афзун бар ин, Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари САҲУ хостори ширкати 150 нозири кӯтоҳмуддат бар ҷараёни интихобот шудааст. Қарор аст бар ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳайъатҳои нозирон аз Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой низ назорат кунанд.

 

Дар мусоҳиба бо ҳамкорамон Суҳроби Зиё, пруфессур Артис Пабрик, раҳбари ҳайъати нозирони САҲУ раванди омодагӣ ба интихоботи порлумониро баррасӣ кардааст:

 

-Равиш ва истондордҳои аслии САҲУ барои назорат бар интихобот аз чиҳо иборат аст ва иҷрои онҳо дар Тоҷикистон то чи ҳад муассир хоҳад буд?

 

-Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари САҲУ дар маҷмӯъ аз 56 давлат таркиб ёфтааст. Тоҷикистон яке аз аъзои муҳтарами ин созмон аст. Маъмулан, дар ҳар кишваре, ки интихобот баргузор мешавад, ин созмон бо даъвати он кишвар ҳайъати нозиронашро барои назорат бар наҳваи баргузории интихобот ба он кишвар мефиристад.

 

Ҳамаи кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон, дар мавриди усули асосии баргузории интихобот ва муборизоти интихоботӣ тавофуқ доранд. Ба ин тартиб, нуҳ асли асосӣ вуҷуд дорад, ки метавон дар бораи онҳо аз ҳар вебсойте иттилоъотеро пайдо кард.

 

Ҳайъати мо, ки аз коршиносоне аз кишварҳои мухталиф иборат аст, ба манзури таҳлили раванди омодагӣ ва баргузории интихобот ба Тоҷикистон омадааст. Ҳафтаи оянда, ки то интихобот тақрибан се ҳафтаи дигар боқӣ хоҳад монд, мо гузориши мухтасаре интишор хоҳем дод. Баъд аз интихобот мо дар як нишасти матбуъотӣ дар бораи натоиҷи аввалияи интихобот гузориш хоҳем дод.

 

Ин ки тавсияҳои САҲУ то чи андоза иҷро мешаванд, ба худи давлат, ҷомеъа ва маҳофили сиёсии Тоҷикистон вобаста аст. Дар ин марҳила, вазифаи мо иборат аст аз ошкор сохтани чизҳои мусбат ва чизҳое, ки бояд иваз шаванд. Инҳо ихтироъи худи мо нест, балки бар асоси равишҳои пазируфташуда дар миёни аъзои ин созмон сурат мегиранд.

 

Ба ин тартиб, ҳар кишваре бояд аз қавоъиде пайравӣ кунад, зеро демукросӣ як фароянд аст, ки зиндагӣ дар он ҷараён дорад. Ва риъояти ин қоъидаҳо ба уҳдаи давлати Тоҷикистон аст. Албатта, ҷомеъаи байналмилалӣ дар ин замина кумак хоҳад кард, агар ба чунин кумакҳое ниёз бошад.

 

-Ба назари Шумо чи мушкилоту мавонеъе дар роҳи баргузории як интихоботи шаффоф ва демукротик дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?

 

-Дар ҳоли ҳозир ман наметавонам дар ин бора қазоват кунам, зеро мо тақрибан ҳамин ду ҳафта аст, ки дар Тоҷикистон ҳастем. Мо ҳоло як силсила ҳамоишҳо баргузор мекунем ва бояд бигӯям, ки ман аз иқдомоти нахусти давлати Тоҷикистон, бахусус вазорати хориҷа, хушҳолам, чун мо дарҳол пас аз вуруд ба Тоҷикистон бо вазири хориҷа ва баъдан бо раиси Кумисиюни марказии интихобот суҳбат доштем.

 

Ман шахсан бо раҳбарони ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дидор доштам, бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва ниҳодҳои марбута гуфтугӯ кардам. Мо ҳамчунин намояндагони худро ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон эъзом кардем.

 

Ба ин тартиб, дар ин марҳила аз мушкилот сухан гуфтан барвақт аст, зеро мо қасд надорем, ки бо ягон роҳе дар ҷараёни интихобот таъсир гузорем. Аммо агар ҳар монеъ ё мушкиле пайдо кунем, дар гузоришамон аз он хоҳем гуфт.

 

-Барои аввалин бор ҳашт ҳизби сиёсӣ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ширкат мекунанд. Аммо бештари ин аҳзоб чандон фаъол нестанд ва коршиносон мегӯянд, ки рақобати кофӣ дар интихобот дида намешавад. Шумо дар ин бора чи фикр мекунед?

 

-Маълум аст, ки демукросӣ аз теъдоди ҳарчи бештари аҳзоби сиёсӣ ва аз огоҳии мардум ва аз иродаи онҳо барои мушорикат дар равандҳои сиёсӣ суди бештаре мебинад, зеро дар ниҳоят ҳаёти сиёсӣ ба мардум вобаста аст.

 

Муроди мо танҳо ин аст ки мушорикати фаъол ва рақобати фаъолро бубинем ва мардуме, ки раъй медиҳанд, донанд, ки чи кор мекунанд ва чаро ин корро мекунанд.

 

-Аксари аҳзоби сиёсӣ ба натоиҷи интихобот хушбин нестанд, чаро ки пешниҳодҳои онҳо барои ислоҳи қонуни интихобот дар порлумон пазируфта нашуд. Фикр намекунед, ки қонуни феълии интихобот наметавонад баргузории як интихоботи нисбатан озод ва демукротикро воқеъан тазмин кунад?

 

-Барои арзёбии натоиҷи интихоботҳо мо бояд гузоришҳои ҳайъати нозирон дар бораи интихоботҳои гузаштаро низ ба назар бигирем. Аз ин лиҳоз, фикр мекунам бисёр муҳим аст, ки ҷомеъа аз он гузоришҳо ва тавсияҳои қаблии мо, ки давлати Тоҷикистон ҳам бо онҳо мувофиқ аст, хабар дошта бошад.

 

Бояд бигӯям, ки бархе аз он тавсияҳо, аз ҷумла он чи ки Шумо ёдовар шудед, ҳануз ҳам мунтазири иҷро шудан ҳастанд. Ин ки иҷро нашудани тавсияҳои қаблӣ то чи андоза дар интихоботи кунунӣ таъсир мегузорад, дар гузориши ниҳоии мо бозтоб хоҳад ёфт.

 

Аммо бояд эътироф кунам, ки сиёсат аз бисёр лиҳоз ба эътимоди умумӣ вобаста аст. Дарвоқеъ, агар аҳзоби сиёсӣ ва ё касоне, ки аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ҳастанд, яъне мардум, агар дар маҷмӯъ ба сиёсат эътимод надошта бошанд, мумкин аст ин ҳам бар натоиҷи интихобот дар ҳар кишваре таъсир гузорад.

 

Дар ин ҷо ман танҳо дар бораи Тоҷикистон сухан намегӯям, аммо маъмулан, дар ҳар кишвари ҷаҳон эътимоди мардум асли таҳаввулот ва рафтори сиёсиро ташкил медиҳад.

 

Ҳамчунин, аз назари дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамаи кишварҳое, ки тавсияҳои САҲУ-ро дарёфт мекунанд, беҳтар аст онҳоро иҷро кунанд, зеро ин тавсияҳо навъе паймон ё тавофуқ байни миллатҳои мо дар бораи ин аст ки чи гуна бо ҳам зиндагии солиме дошта бошем.

 

-Вазири хориҷаи Тоҷикистон ахиран гуфт, ки интихоботи қарибулвуқуъи порлумонӣ як “имтиҳони ҷиддӣ” дар равобити ин кишвар бо Иттиҳодияи Урупост. Дарвоқеъ, барои созмони Шумо ва ҳамин тавр, ҷомеъаи Урупо, ин интихобот то чи андоза муҳим аст?

 

-Оре, ин интихобот бисёр муҳим аст, зеро Тоҷикистон фақат узви ин созмон нест, балки дар як мавқеъияти бисёр муҳимми жиюпулитик қарор дорад. Ин кишвар бо Афғонистон ҳаммарз аст - кишваре, ки дар он як ришта тарҳҳои сиёсии дарозмуддати байналмилалӣ иҷро мешаванд.

 

Тоҷикистон ҳамчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ воқеъ аст, ки яке аз кишварҳои он, яъне Қазоқистон, ҳоло раёсати давраиии САҲУ-ро ба уҳда дорад. Ба ин тартиб, ҷаҳон дар маҷмӯъ ба он чи дар Тоҷикистон мегузарад ва ин кишвар чи гуна пешрафт мекунад, таваҷҷӯҳ дорад, зеро дар ҷаҳон, мо, ҳама бо ҳам пайванд дорем.

 

Ҳамин тавр, агар дар нуқтае аз ҷаҳон муваффақияте ба даст ояд, он муваффақияти ҳама аст ва агар дар ҷойе муваффақият камтар бошад, аъзои дигари ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз он нигарон хоҳанд буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1640-2010-01-29-16-55-24.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854