16:39:19 18-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: ТАЪСИСИ ВАЗОРАТИ МУҲОҶИРАТ ЗАРУР АСТ

То баргузории интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 феврал таъйин шудааст, рӯзҳои ба шумор монд. Омодагӣ ва мавқеъи аҳзоби сиёсии кишвар ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Дар робита бо Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мусоҳибае анҷом додаем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:

 

- Муҳиддин Кабирӣ фазои пешазинтихоботиро дар кишвар чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

 

-Фазои пешазинтихоботии кишвар дар қиёс ба интихоботи солҳои 2000 ва 2005-ум як каме беҳтар аст. То 15 рӯзи нимаи аввали моҳи феврал дар корзори интихоботии ҷумҳурӣ воқеъан як фазои солим ва рақобатҳои хубу созанда вуҷуд дошт, вале аз чӣ бошад, ки яку якбора ду се рӯз пеш вазъият як каме тағйир ёфт. Ва шурӯъ  карданд ба фишору таҳдидҳо болои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

 

Мо аллакай то имрӯз бештар аз даҳ ҳолати боздошт кардани фаъолони ҳизбро дорем, ки ҳангоми таблиғ ва паҳн кардани варақаҳо ва суратҳои номзадҳои ҳизб дар интихоботи парлумонӣ боздошт мешаванд. Масалан, мошини худамро дар шаҳри Ваҳдат боздошт  карданд. Дар шаҳри Кӯлоб 5 нафар аз он ҷумла, як номзади ҳизби моро дар Маҷлиси маҳаллӣ ба муддати беш аз 2 соат дар шӯъбаи милитсия нигоҳ доштанд ва нисбати ӯ сӯҳбату таҳқирҳои дағал шуд.

 

Шаби 15 феврал дар  ноҳияи Шоҳмансур ду нафари дигарро, ки ба таблиғот машғул буданд,  боздошт карданд. Қаблан ду донишҷудухтари гурӯҳи таблиғотии моро боздошт карда буданд. Тайи рӯзҳои охир ин гуна ҳодисаҳо бисёр шуда истодаанд. Мо ҳоло ҳам аниқ накардаем, ки натиҷаи чӣ ҳаст? натиҷаи нофаҳмии баъзе масъулини мақомоти маҳаллӣ аст ё аллакай сиёсатҳо дигар шуд. ҲНИТ баъди ваъдаи Президент бо як омодагии ҳаматарафа вориди интихобот шуд.

 

Мо бештар аз 1200 номзад  дар марҳалаҳои гуногуни интихоботҳо дорем. Аз ин шумора 40 нафараш номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон, 165 нафар номзад ба вакили Маҷлисҳои вилоятӣ ва наздики 1000 нафар номзад ба вакилии Маҷлисҳои шаҳрию ноҳиявӣ мебошанд. Ин 1200 номзад ҳар кадомашон ҳадди аққал 10 нафар  таблиғгар доранд, ки овозаш ба даҳҳо ҳазор  нафар мерасанд.

 

Таблиғгарони  мо вориди маъракаи интихоботӣ шудаанд ва дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таблиғот мебаранд. Шояд, ки масъулин инро интизор надоштанд дар рӯзҳои аввал ҳоло вақте, ки диданд, ки мо аз ваъдаи Президент хуб истифода мебарем ва дар асоси қонунгузории кишвар ҷиҳати шаффоф гузаронидани интихобот  фаъолияти таблиғотии қавиро ба роҳ мондем як каме асабонӣ ва эҳсосотӣ шуданд ва роҳ доданд ба қонуншиканӣ.

 

Чун аксарашон ба хулосаи мо,  ба он натиҷа расиданд, ки  агар интихобот  ҳамон тавре, ки Президент  ваъда кард, шаффофу демократӣ  гузарад,  аксари онҳо метавонад муборизаро бой диҳанд.  Барояшон як саволи душвор пеш омадааст, ки ваъдаи Президент ва қонунро риоя кунанд,   ё ғалабаи ҳизби худашонро таъмин кунанд. Албатта  ҳамон роҳро интихоб мекунанд, ки зарарашон барои худашон камтар аст.

 

-ҲНИТ чӣ қадар аъзо дорад?

 

-Ба таври расмиӣ 40 ҳазор нафар аъзо дорем. Маъракаи интихоботӣ як чорабиние ҳаст,  ки бисёриҳоро ба худ ҷалб мекунад ва ҳамроҳи мо  мардум кор карда истодаанд. Мо тавонистем он қолаби шахшудаи интихоботҳои қаблиро бишканем. Агар чӣ то ба ҳол натавонистем барои мисол мисли дигар ҳизбҳо ва номзадҳо иҷозати  овезон кардани аксҳои бузургро дар чораҳаю хиёбонҳо доранд, бигирем, ҳол он ки аз рӯи қонун ин ҳуқуқро мо ҳам дорем.

 

Мо аксҳои зиёдеро чоп кардем маблағи  зиёд сарф кардем,  вале  на мақомоти шаҳрӣ на ширкатҳое, ки паҳн ва овезон кардани аксҳоро дар хиёбонҳо ба дӯш доранд, ҳеҷ кадоми онҳо ба ӯҳда намегиранд ва розӣ намешаванд.  Ҳатто мактуби мо дар Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе бе ҷавоб мондааст.

 

Омодагӣ ба маъракаи интихобот ба анҷом расида истодааст,  аммо то ҳанӯз иҷозати овезон кардани  аксҳои худро пайдо накардем. Ин маънои онро дорад, ки ё шаффофият ва демократӣ гузаштани интихоботро баъзе масъулин бовар надоранд ва ё ягон сиёсатҳое ҳаст, ки мо ва ҷомеа аз он хабар надорем.

 

-Мавқеъ ва барномаи пешазинтихоботии ҲНИТ чӣ гуна аст?

 

-Барномаи ҲНИТ аз дигар барномаи аҳзоби сиёсии кишвар чандон фарқ намекунад.  Аслан мо набояд интизор бошем, ки барномаи як ҳизб аз дигар ҳизб зиёд фарқ кунад. Тамоми аҳзоби сиёсии кишвар тарафдори  ваҳдат ва рушду пешравӣ ҳастанд. Вале,  мо атрофи чанд нуктаи асосӣ ишора карда истодаем, ки фарқи мо аз ҳизбҳои дигар дар ҳамин аст.

 

Аз он ҷумла,  мо ба ин назар ҳастем, ки Тоҷикистон ба як марҳилаи нав ворид шуд дигар марҳалаи баъдиҷангӣ аз байн  рафт мо дигар натарсида бояд ба сӯи озодӣ ва демократия, озодии сиёсӣ ва матбуот равона шавем. Ва тақсими конститутсионии шохаҳои ҳокимият  бояд,  ки воқеъан  амалӣ шавад. Мо ҳоло мебинем, ки дар байни се шохаи ҳокимият-иҷроия, қонунгзор ва судӣ шохаи ҳокимияти иҷроия як каме авлавият дорад.

 

Ҳам шохаи судӣ ва ҳам парлумон дар зери сояи шохаи иҷроияи ҳокимият қарор  гирифтаанд. Тақозои демократия аз он иборат аст, ки ин се аз ҳам ҷудо ва баробар бошанд. Ва бояд ба ин масъала диққати  ҷиддӣ дод. Ва аз ҷониби дигар моҳият ва фалсафаи ҳокимиятро  тағйир дод. Барои ҲНИТ демократия ба маънои  он аст, ки ҳукумат дар хизмати халқ бошад на халқ дар хизмати ҳукумат. Инчунин, мо ба масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ аҳамияти бештар дода истодаем.

 

Зеро худам чанд маротиба ба Россия сафар кардам ва аз аҳволи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хабар дор будам. Ман дар 10 шаҳри Россия будам ва бо чашми худ дидам, ки муҳоҷири тоҷик чӣ вазъият дорад. Мо ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дифои ҳуқуқи онҳо  аҳамияти ҷиддӣ медиҳем ва пешниҳоди мо ин аст, ки дар Тоҷикистон бояд як Вазорати хоси муҳоҷирин ташкил карда шавад. Ин барномаи пешазинтихоботии ҲНИТ аст.

 

Зеро бахши муҳоҷират ягона соҳае ҳаст, ки бештар аз 3 миллиард доллар ҳар сол ба буҷаи кишвар даромад ворид мекунад. На ягон соҳаи дигар ба мисли иқтисодӣ,  кишоварзӣ, саноат ва ғайра, ки дорои вазорат ҳастанд ва ин қадар маблағ ба буҷаи кишвар ворид намесозанд. Зеро бахши  муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз дар Тоҷикистон дар байни якчанд вазорат тақсим карда шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ба худаш Хадамоти муҳоҷират дорад, Вазорат меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ Хадамоти  муҳоҷират дорад, яъне якчанд идора ин соҳаро ба танзим медарорад.

 

Вақти он расидааст, ки  як  Вазорати алоҳида бошад. Зеро бештар аз 1 миллион ҳамватани мо  муҳоҷир аст. Мо ягон бахш ё соҳаи дигаре надорем, ки ин қадар қувваи корӣ дар он кор кунад. Яъне барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар бо роҳҳои гуногун, бахусус бо ташкили Вазорати муҳоҷирини меҳнатӣ  аст.

 

-Муддати 5 сол намояндаи ҲНИТ дар парлумони Тоҷикистон будед ва 5 соли фаъолияти худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Аз нигоҳи Шумо парлумони ояндаи Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

 

-Албатта  5 сол барои мо беҳуда нагузашт. Он барои ҳар як сиёсатмадор мактаби хуб буд. Мо аз дохил бо низоми давлатдорӣ шинос шудем. Дидем, ки чӣ нуктаҳои мусбат ва манфӣ дорад. Назари ман ин аст, ки парлумони оянда воқеъан касбӣ бошад. Ин ҷо касоне бояд интихоб шаванд, ки ҷасорат дошта бошанд, ки аз номи мардум гап зада тавонанд.

 

Вақте, ки парлумон ҷасорати онро надорад, ки бо ҳукумати иҷроия дар баъзе масъалаҳо баҳс кунад пас ин парлумон нест ин давоми мантиқии ҳукумати иҷроия мешавад. Парлумон бояд мавқеъи худро дошта бошад.  Ин табиӣ аст. Ҳукумати иҷроия мехоҳад, ки бо пешниҳод кардани ин ё он лоиҳа кори худро сабук кунад. Ҳукумати иҷроия камтар фикри халқро мекунад бештар дар фикри сохтори давлатӣ аст.

 

-Оё парлумони Тоҷикистон то ба имрӯз рисолати худро иҷро кардааст?

 

-Парлумони Тоҷикистон ҳамчун парлумони касбӣ натавонистааст рисолати худро иҷро намояд.Умед аст, ки дар оянда як парлумони беҳтару хубтаре сари кор биёяд. 

 

-Мавқеъи зан дар ҷадвали интихоботии ҲНИТ чӣ гуна аст?

 

-Мавқеъи занҳо дар болотари ҷадвал дар  қатори 9 қарор дорад. Зеро мушкилии ҲНИТ дар он аст, ки мо як  системаи дохилии демократӣ дорем. Мисли дигар ҳизбҳо Раис ҳизб худаш таъин намекунад, ки  ҷои якум кӣ бошад ҷои сеюму чорум кӣ бошад. Дар мавриди таҳияи як рӯйхат аввал интихоботи дохилиҳизбӣ гузаронида мешавад ва он бародар ё хоҳаре, ки райъи бештар гирифт дар рӯйхат ҳамон қадар  болотар меравад. Агар системаи мо мисли дигар ҳизбҳо авторитарӣ мешуд, ки роҳбар худаш таъин мекард ҳатман номзадҳои зан дар зинаи болотар ҷой мегирифтанд.

 

-Назари Шумо ба ҳузури нозирони байналмилалӣ ва натиҷагирии онҳо аз омодагӣ ва баргузории интихобот чӣ гуна аст?

 

-То ҷое мусаллам ду навъ нозирон вуҷуд дорад,- дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат. Нозироне, ки аз Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амнияту  ҳамкории Аврупо меоянд,  нозирони дарозмуддатанд. Онҳо муддати қариб ду моҳ кор мекунанд ва як тасаввуроти комил дар бораи интихобот аз аввал то охир доранд.

 

Нозироне, ки аз Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил  ва Созмони Ҳамкории Шанхай  меоянд муддати ду се рӯз фурсат доранд то аз чанд участкаи интихоботӣ дидан намоянду халос. Ва як изҳороти умумӣ доранд, ки қироат мекунанду мераванд. Изҳороти онҳо барои кулли давлатҳои ИДМ як хел аст. Аммо нозирони САҲА каме корро ҷиддитар мегиранд. Аз ин рӯ ман шахсан бештар ба нозирони САҲА эътимод дорам.  

 

-Ба назари Шумо интихоботи парлумонӣ дар кадом сатҳ баргузор хоҳад шуд?  

 

-Дар  аввал умеди калон доштам, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон шаффофу демократӣ ҷараён мегирад. Вале тӯли ду- се рӯзи охир, ки фишорҳо сари ҳизби мо зиёд шуд, ҳатто боздошт кардани номзадҳо ва то ба ҳол  ягон масъули давлатӣ барои ин кораш ҷазо надид,  ба хулосае омадам, ки ба шаффоф гузаштани интихобот  метавон умед кард,  вале бовар надорам.

 

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1779--l-r.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ