03:42:40 26-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: БА ИНТИХОБОТИ ШАФФОФ УМЕД МЕБАНДЕМ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат аст, ки дар интихоботҳои порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии солҳои 2000 ва 2005 ширкат карда ва дар ҳар интихобот дунафарӣ аз намояндагони ин ҳизб ба порлумон ворид шуда буданд.  Коршиносон шонси ҳизби наҳзати исломиро дар канори ҳизби ҳокими халқи демократ дар пирӯзӣ дар интихоботи феълӣ зиёд хондаанд. Дар остонаи фарҷоми корзори интихоботӣ ҳамкорамон Мардони Муҳаммад бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сӯҳбате карда ва нахуст аз ӯ аз таассурот ва бардоштҳояш аз мулоқот бо интихобкунандагон пурсидааст.

 

Кабирӣ: Дар ҷараёни корзори интихоботӣ ба истиснои вилояти Бадахшон ба ҳамаи вилоёт ва бештари навоҳии Тоҷикистон сафар карда ва бо интихобкунадагон мулоқотҳое доштем. Бардоштҳои мо аз ин мулоқотҳо он аст, ки дар ин интихобот мардум бо як умед вориди маъракаи интихоботӣ шуда истодаанд, бахусус ваъдаи раиси ҷумҳур дар бораи баргузории интихоботи шаффоф мардумро умедвор кардааст. Воҷидони шароити раъйи Тоҷикистонро метавон ба се гурӯҳ қисмат кард.

 

Гурӯҳи аввал афроде ҳастанд, ки на ваъдаи раиси ҷумҳур барои интихоботи шаффофу озод, на меъёрҳои қонунгузории кишвар ва на фаъолияти аҳзоб онҳоро ба ширкат дар интихобот дилгарм намекунад. Гурӯҳи дуюм дар баргузории интихоботи шаффоф шакку тардид доранд, аммо бо ин вуҷуд қасд доранд дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат кунанд. Гурӯҳи сеюм ҷавононе ҳастанд, ки барои бори аввал дар интихобот мушорикат карда ва таҷрубаи талхи тақаллубкориҳоро надидаанд, бо интизориҳои зиёд ва як шӯру ангеза вориди ин интихобот мешаванд.

 

Мулоҳизаҳои дигари мо аз мулоқотҳо ин аст, ки мо маҳбубияти ҳизби наҳзати исломиро дар миёни мардум эҳсос кардем. Албатта, аҳзоби дигар низ тарафдорони худро доранд. Ин амр то ҳадде барои мо ғайримунтазира буд, бахусус дар минтақаи Кӯлоб ва вилояти Суғд, ки мардум, бавижа ҷавонон, ба ҳизби наҳзати исломӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Ин вазъ моро ба ояндаи ҳизб хушбин сохтааст.

 

-Агар мулоқотҳои феълиро бо мулоқотҳои раванди корзори интихоботии соли 2005 муқоиса кунед, чи таҳавулоте ба чашм мерасад?

 

-Муносибати мардум ва мақомоти сатҳи болоии давлати Тоҷикистон дар қиболи интихоботҳо як андоза гармтар шудааст. Аммо боъиси таассуф аст, ки масъулони қишри миёнаи ҳукуматҳои маҳаллӣ аслан тағйир нахӯрдаанд. Муносибати онҳо дар баробари интихобот ва аҳзоб чун пештара аст.

 

Ин масъулони давлатӣ дар як ҳолати душворе қарор гирифтаанд. Аз як тараф, онҳо бояд дастури раиси ҷумҳур дар бораи баргузории интихоботи шаффофро иҷро кунанд. Аз тарафи дигар, бояд бо ҳар роҳу васила пирӯзии ҳизби худ, яъне ҳизби халқи демократро таъмин намоянд. Умдатан, ин афрод роҳи дуюмро интихоб мекунанд. Зеро собит кардани мавориди нақзи қонун хеле душвор аст. Мо ин ҳолатро дар ҷараёни мулоқот бо интихобкунандагон эҳсос кардем.

 

-Дар ҷараёни корзори интихоботӣ барои баргузор кардани дидору мулоқот бо интихобкунандагон мушкиле пеш омада ё мавонеъе эҷод шуд?

 

-Дар вилояти Суғд мушкиле надоштем, аммо дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, бахусус дар ноҳияи Ваҳдат, бо душвориҳо ва мавонеъ рӯбарӯ шудем. Мо аз мавориди ин гуна нақзи қонун ба ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон шикоят бурдем ва ҳоло мунтазири посух ҳастем.

Хуб мебуд, агар вокуниши мақомот ба шикоёт то баргузории интихобот сурат мегирифт ва барои дигарон дарси ибрат мешуд. Мутаассифона, то ҳол дар қиболи ин гуна маворид тадбире анҷом нашудааст.

 

Афзун бар ин, бархе аз ниҳодҳои зирабт гуфанд, ки шикоёти ҳизби наҳзати исломӣ асосе надорад. Ин дар ҳолест, ки мо танҳо дар бораи 10 то 15 дар сади мавориди нақзи қонуни интихобот, ки далели қавӣ дорем, шикоят кардаем. Аз мавориди дигар, ки собит кардани нақзи қонун душвор аст, мо сарфи назар кардем.

 

-Дар ҳоле ки ҳизби наҳзати исломӣ дар бораи шикояташ аз болиғ аз 50 мавриди нақзи қонун ба Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, додситонию додгоҳҳои ин кишвар хабар додааст, аммо манобеъи Додситонии кулл ва Додгоҳи олии Тоҷикистон теъдоди шикоёти ҳизби наҳзати исломиро андак гуфтаанд...

 

-Ин ҷо як мушкил ҳаст. Мо омори шикоятҳоро аз саросари Тоҷикистон дарёфт мекунем ва бахшҳои маҳалии ҳизби наҳзат ба бахшҳои маҳаллии додситонию додгоҳҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ муроҷиъа мекунанд.

 

Танҳо ба Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон аз ҳизби наҳзати илосӣ беш аз 50 шикоят ирсол шудааст. Мизроб Кабиров, узви ин кумисиюн дар мусоҳибае бо расонаҳо инро таъйид кард. Мо на ҳамаи шикоятҳоро ба Додситонии кул ё Додгоҳи олӣ мефиристем. Зеро ба ин зарурате нест.

 

-Оё мавориди фаровони нақзи қонуни интихобот дар ҷараёни корзори интихоботӣ, ки Шумо ёдовар шудед, метавонад ваъдаи раиси ҷумҳурӣ дар бораи баргузории интихоботи шаффоф ва озодро зери суол бибарад?

 

-Бешак. То 15 феврали соли ҷорӣ мавориди нақзи қонун камтар буд. Вале баъдан мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ дарёфтанд, ки интихоботи шаффоф ба манфиъати онҳо ва ҳизбашон нест ва мумкин аст симатҳои худро аз даст диҳанд. Аз ин лиҳоз, онҳо манофеъи шахсию гурӯҳии худро аз ваъдаи раиси ҷумҳурӣ болотар мегузоранд. Аз сӯйи дигар, мо набояд ба ваъдаи раиси ҷумҳурӣ барои баргузории интихоботи шаффоф такя кунем. Зеро ин ваъда аст, на санади ҳуқуқӣ. Мо бояд ба қонун такя кунем.

 

Қонуни интихоботи Тоҷикистон аз соли 2005 то ба ҳол тағйир наёфтааст. Бад-ин тартиб, мушкили мо бо қонун аст. Модоме ки ин қонун дар соли 2005 баргузории интихоботи шаффофу озодро таъмин карда натавонист, дар интихоботи феълӣ низ ин корро карда наметавонад. Аммо фазои интихобот дар муқоиса бо интихоботи гузашта беҳтар аст. Агар ин вазъ баъдан, бахусус дар шаби шумориши оро тағйир накунад, ба арқоми воқеъии натоиҷи интихобот умед бастан мумкин аст.

 

-Агар чун дар интихоботи соли 2005 дар интихоботи феълӣ низ мавориди эҳтимолан зиёди тақаллуб мушоҳида шуд, вокуниш ё иқдоми баъдии Шумо чи гуна хоҳад буд?

 

-Ҳамаи иқдомоти мо дар чаҳорчӯби қонун сурат хоҳад гирифт. Агар мизони тақаллуб дар ҳадде бошад, ки моҳияти интихоботро аз байн бибарад, ба натоиҷи интихобот асари ҷиддӣ гузорад ва воқеъият таҳриф шавад, мо вокуниши ҷиддӣ нишон хоҳем дод.

 

-Ин чи гуна вокуниш хоҳад буд?

 

Аз пахши баёния шурӯъ карда то тақозои гирдиҳамоӣ ё роҳпаймоӣ. Ин ҳама иқдомоти қонунӣ аст. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун як ҳизби мухолифи мӯътадил ҳамеша талош кардааст, ки ба суботи кишвар халал ворид нашавад.

 

Вале ин ҳаргиз ин маъниро надорад, ки агар дигарон дидаю дониста ё ба таври ошкор вазъиятро хароб кунанд ва даст ба нақзи қонун зананд, мо сокит бимонем. Чаро мо бо истифода аз қонун аз ҳуқуқи худ дифоъ накунем?

 

Масалан, дар ҷараёни мулоқотҳо бо интихобкунандагон рӯшан буд, ки масъулони ниҳодҳои давлатӣ бо рафтори номатлуби худ вазъро хароб мекунанд. Вале аҳзоб, бо шумули ҳизби наҳзати исломӣ, гузашт мекунанд ва ба хотири оромии вазъият аз ҳаққи худ мегузаранд.

 

Чаро ҳамеша мо бояд ба хотири ваҳдату амнияти миллӣ ҳаққи худро талаб накунему дигарон ба таври ошкор мардумро ба шӯр оварда ва норизоятии мардумро нисбат ба равандҳои сиёсӣ ба вуҷуд меоранд?

 

-Дар сурати аз ҷониби Шумо вокуниши ҷиддӣ нашудан, имкон дорад, ки гурӯҳи муҳофизакори ҳизби наҳзати исломӣ аз иқдомоти Шумо норозӣ шуда ва дар ниҳоят дар дохили ҳизб мухолифатҳое буруз кунад?

 

-Тасмими мо дар ҳама ҳолат дастаҷамъӣ хоҳад буд. Дар ҳизби наҳзати исломӣ як нафар тасмим намегирад. Таҷруба нишон дод, ки дар зарфи даҳ соли ахир ҳеч мавриде набуда, ки тасмими дастаҷамъии ҳизби наҳзати исломӣ боъиси ихтилофи дохилӣ шуда бошад.

 

-Зимнан, дар Анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ дар моҳи декабри соли гузашта феҳристи ҳизбии мураккаб аз 22 номзад ба интихобот пешниҳод шуда буд. Аммо баъдан теъдоди номзадҳо коҳиш ёфт. Далели ин амр мушкилоти молӣ буд ё далели дигар?

 

-Ҳизби наҳзати исломӣ аз лиҳози молӣ мушкил надорад. Ҷонибдорони мо омода буданд барои интихобот ҳазинаи бештаре тахсис диҳанд. Танҳо ба ҳангоми ироаи асноди номзадҳо ба Кумисиюни марказии интихобот муғойир будани асноди ду номзад бо меъёрҳои муқаррар ошкор шуд.

 

Дар мавриди пешниҳоди номзадҳо ба ҳавзаҳои инифродӣ ҳизби мо тасмим гирифт, ки дар нисфи ҳавзаҳои инфиродӣ номзад пешниҳод кунад, то нерӯи инсонии мо пароканда нашавад. Танҳо дар он ҳавзаҳои интихоботие, ки имкони пирӯзии мо вуҷуд дорад, номзадҳои мо сабти ном шудаанд.

 

-Шумо зикр кардед, ки ҳизби наҳзати исломӣ мушкилоти молӣ надорад. Сарчашмаи молии ин ҳизб аз куҷост?

 

-Мо чиҳил ҳазор узв ва садҳо ҳазор тарафдор дорем ва мардум низ ба хотири ормонҳои мазҳабии худ ба ҳизби наҳзати исломӣ кумак мекунанд, вазъи молии ҳизби наҳзати исломӣ дар муқоиса бо аҳзоби дигар беҳтар аст.

 

Ҳамчунин, дар остонаи интихобот мо тавонистем чандин нафар аз соҳибкоронро ба ҳизб ҷалб кунем ва онҳо бо мо ҳамкорӣ доранд. Мо ваъда додем, ки дар сурати ворид шудани теъдоди бештари аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба порлумон мо масоили марбут ба манофеъи соҳибкорон, назири молиёт ё андозбандӣ ва баҳраи бонкҳоро баррасӣ карда ва қонунҳо дар ин заминаро беҳтар хоҳем кард.

 

Аз ин лиҳоз, соҳибкорон омодаанд ба хотири рушди ояндаи тавлидот ва иқтисоди худ бо мо ҳамкорӣ намоянд. Ин ҳам яке аз сарчашмаҳои молии мост.

 

-Ба назари Шумо, чанд тан аз ҳизби наҳзат ба порлумон шомил хоҳанд шуд?

 

-Бар асоси таҳлилҳои мо, имкон дорад ҳадди ақал 5 номзад аз феҳристи ҳизбӣ ва 5 номзади дигар аз ҳавзаҳои инфиродӣ ба порлумон ворид шаванд. Дар сурати ба таври шаффоф ва озод баргузор шудани интихобот мо ба ворид шудани теъдоди бештаре аз аъзои ҳизб ба порлумон умед дорем.

 

-Воқеъан, корзори интихоботии ҳизби наҳзати исломӣ дар муқоиса бо аҳзоби дигар беҳтар ва теъдоди мубаллиғон низ бештар аст. Зимнан, чаро таблиғгарони ҳизби наҳзати исломӣ дар гардан шолгардан ё шарфи обӣ доранд? Маъмулан, ранги сабз рамзи ислом аст, аммо ранги обӣ чи рамз дорад?

 

-Вақте дар Ситоди интихоботии ҳизби наҳзати исломӣ барномаи амали ҳизб дар интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ баррасӣ мешуд, аксари ширкаткунандагон ранги обӣ ё осмониро ҳамчун рамзи таблиғии ҳизби наҳзати исломӣ дар интихобот талаққӣ карданд.

 

Ин ранг рамзи осмони соф аст ва Тоҷикистон бештар ба осмони соф ниёз дорад. Бино бар ин, мо ранги обиро ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдат, оромиш, субот ва шаффофият интихоб кардем. Ранги обӣ ба унвони намоде аз таблиғ аст ва дар ҷараёни корзори интихоботӣ ҳизби наҳзати исломиро бо ин ранг мешиносанд.

 

-Дар фаъолияти таблиғотии ҳизби наҳзати исломӣ ҷавонони зиёде ширкат доранд. Қаблан, ин афрод бо номи “Дастёрони наҳзат” муъаррифӣ шуда буданд. Ин афрод кистанд ва фаъолияти онҳо оё довталабона аст?

 

-Онҳо ҷавонони тарафдори ҳизби наҳзати исломӣ ҳастанд. Дар солҳои ахир, ҳазорон нафар аз ҷавонон хостори узвият дар ҳизби наҳзати исломӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, мо ниҳодеро бо номи “Дастёрони наҳзат” таъсис додем, то ин ҷавонон битавонанд то замони узвият дар ҳизб бо аҳдоф ва ормонҳои ҳизби наҳзат ошноӣ пайдо кунанд.

 

Сипас, худ қазоват кунанд, ки месазад узви ҳизби наҳзати исломӣ шаванд ё хайр. Аз сӯйи дигар, ҳизби наҳзати исломӣ низ наметавонад насанҷида ҷавононро ба суфуфи худ бипазирад. Ба ин далел, “Дастёрони наҳзат” дар ҷараёни корзори интихоботӣ ба ҳизби наҳзат кумак карда ва барои ҷавонон як мактаби ақидатӣ ва сиёсие хоҳад шуд.

 

-Ин ниҳод ба мисли созмони ҷавонон ё комсомол аст, ки дар ҳизби коммунист фаъолият мекард?

 

-На. Созмони ҷавонон ё ва комсомоли пешин характери иҷборӣ ва таҳмилӣ дошт. Вале узвият дар “Дастёрони наҳзат” довталабона аст. Далели таъсиси ин ниҳод таваҷҷӯҳи зиёди ҷавонон, бахусус донишҷӯён ба ҳизби наҳзати исломӣ аст.

 

-Ин афрод ҳуқуқ ё маъоше дарёфт мекунанд?

 

-На. Баръакс онҳо омодаанд дар ҷараёни фаъолият аз имконоти молии худ истифода кунанд. Пешниҳод шуда буд, ки ба ҳангоми фаъолияти таблиғӣ аз номзадҳои ҳизби наҳзат ба онҳо музде пардохт шавад. Аммо онҳо ин пешниҳодро қотеъона рад карданд.

 

-Ба Шумо орзӯи муваффақият мекунам.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1811-2010-02-23-17-54-04.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ