00:06:06 02-уми Июни 2025 сол

ТАЪСИСИ ҲАВЗАҲОИ РАЪЙДИҲӢ БАРОИ МУҲОҶИРИН

Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумиссиюни марказии интихоботӣ, мегӯяд, барои ширкат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ 536 ҳазор нафар номнавис ва барои онҳо 36 ҳавза таъсис шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳавзаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, Қазоқистон, Туркия, Афғонистон, Эрон, Ҷопон ва кишварҳои Аврупову Амрико ифтитоҳ шудаанд.

 

Раиси Кумиссиюни марказии интихоботӣ ин иттилоъро ҳини мулоқот бо раиси нозирони ҳайати нозирони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ироа кард. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар робита ба мушкили тармарезӣ ва басташавии роҳҳо ба 9 минтақаи кӯҳистони кишвар баргаҳои раъйдиҳӣ бо чархбол фиристода шудаанд. Ҷаноби Болтуев дар кулл раванди корзори интихоботи парлумониро мусбат арзёбӣ кард ва гуфт, дар муқоиса ба интихоботи қаблӣ ин сабқат дар фазои ороми сиёсӣ сурат гирифт.

 

Имрӯз ҳамчунин мулоқоти раиси Кумиссиюни марказии интихоботии Тоҷикистон бо нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Думаи давлатии Русия сурат гирифт. Интизор меравад, имрӯз дидор ва гуфтугӯи ӯ раиси КМИР бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар низ баргузор шавад.

 

Дар интихоботи парлумонии рӯзи 28-уми феврал 531 нозир ширкат хоҳанд кард, ки 126 нафари онҳо намояндагони Иттиҳоди давлатҳои мустақил буда ва 16 нозири дигар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро намояндагӣ мекунанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1826-2010-02-26-14-55-42.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854