КАБИРӢ: ТАХАЛЛУФОТ БА МУШОҲИДА МЕРАСАД
Мақомоти ҳизби наҳзати исломӣ аз мавориди ба гуфтаи онҳо тахаллуф ва нақзи қонун дар ҷараёни раъйдиҳӣ дар интихоботи Тоҷикистон хабар доданд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, ки субҳи рӯзи якшанбеи 28 феврал дар маркази раъйгирии рақами 32-и шаҳри Душанбе раъйи худро ба сандуқ рехт, гуфт, ки то ин соъат ба ситоди интихоботии ин ҳизб аз дохил ва хориҷи кишвар аз мавориди мухталифи нақзи қонуни интихобот иттилоъоте ворид шудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Кабирӣ, аз кишварҳои хориҷӣ ба ситоди ҳизби наҳзати исломӣ телефун карда ва гуфтаанд, ки дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон мавориди тахаллуф ба мушоҳида мерасад. Масалан, теъдоди раъйдиҳандагон зиёд нишон дода шудааст, ки дар бархе маворид теъдоди онҳо ҳатто аз раъйдиҳандагон дар ҳавзаҳои интихоботии дохили Тоҷикистон бештар будааст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад ниҳодҳои давлатӣ бар нозирони ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат ба шумор меравад, фишор ворид карда ва ба онҳо иҷоза намедиҳанд, ки аз ҷараёни раъйдиҳӣ видию бардоранд.
Раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт гузоришҳое, ки то ин лаҳза аз ҳавзаҳо ва марокизи раъйгирӣ ба ситоди интихоботии ин ҳизб расида, ҳокӣ аз он аст, то ҳол ҳукуматҳои маҳаллӣ барои баргузории як интихоботи шаффоф ва озод омода нестанд.
Оқои Кабирӣ гуфт: "Азбаски бештари масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ худ номзад ба маҷолиси маҳаллӣ ҳастанд, онҳо умдатан аз манофеъи худ пуштибонӣ карда ва ба ваъдаҳои раиси ҷумҳурӣ дар бораи интихоботи шаффоф чандон таваҷҷӯҳ намекунанд."
Аз сӯйи дигар, бино ба иттилоъи ситоди интихоботии ҳизби наҳзати исломӣ, шаби гузашта то соъати 1 додгоҳи шаҳри Ваҳдат шикояти ин ҳизб дар бораи рафтори масъулони ниҳодҳои интизомӣ дар иртибот бо корзори интихоботии ин ҳизбро баррасӣ карда ва даъвои фаъолони ин ҳизбро бепоя хондааст.
Масъулони ҳизби наҳзати исломӣ таъкид карданд, дар ҳоле ки ин ҳизб дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ва марокизи раъйгирӣ нозир надошта ва раванди раъйдиҳӣ назорат намешавад, мумкин аст ба ҳангоми раъйдиҳӣ ва шумориши оро тахаллуфоти зиёде анҷом шавад.
Ҳамзамон, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, таъкид кард, ки дар сурати ошкор шудани мавориди зиёди тахаллуф ва нақзи қонуни интихобот вокуниш ва аксулъамали ин ҳизб ба онҳо дар чаҳорчӯби қавонини Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Биҳиштӣ Нурӣ, нозири ҳизби наҳзати исломӣ дар маркази раъйгирии рақами 32-и шаҳри Душанбе, ҳаволии соъати ёздаҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки то ҳол дар ин марказ мавориди нақзи қонун, аз ҷумла раъй додани як нафар ба ҷойи афроди дигар ва водор сохтани раъйдиҳандагон ба пуштибонӣ аз номзадҳои ин ва ё он ҳизбро мушоҳида накардааст.
Бм-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1835-2010-02-28-14-00-57.html