05:25:27 06-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/05_--01-a-aaaaakabiri--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/05_--01-a-aaaaamuhiddinkabiri-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/05_--01-a-aaaaakabiri--2.jpg'

МУҲИДДИНИ КАБИРӢ - ЧЕҲРАИ РӮЗ - МУҲИДДИНИ КАБИРӢ - ЧЕҲРАИ РӮЗ

ҲНИТ БОЯД АКНУН ЧӢ КУНАД?

ҲНИТ дар муқоиса бо соъир аҳзоби ба сурати умум хурду заифи мухолифи давлати Тоҷикистон аз нирӯ ва имконоти бамаротиб бузургтаре бархӯрдор аст. Аз ин лиҳоз, дар пасманзари интихоботи ахир ва орои каме, ки дар ин маърака ба ҲНИ доданд, чашми маҳофил чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ низ акнун асосан ба сӯи ин ҳизб ва раисаш Муҳиддини Кабирист, ки дар қиболи натоиҷи интихоботи 28 феврал ниҳоят чӣ тасмим хоҳад гирифт.

 

Хабарнигори тоҷик, Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд, Кабирӣ бояд ба хотири дифоъ аз раъйи мардуме, ки дар интихобот аз ҳизби ӯ пуштибонӣ кард, бештар истодагарӣ кунад:

 

“Иштибоҳи аввали Кабирӣ бовар карданаш ба ваъдаи давлат дар бораи баргузории интихоботи демократӣ буд. Фикр мекунам, Кабирӣ ба ин ваъдаҳо сахт бовар кард ва мавқеъашро ҳамчун раҳбари ҳизбе, ки мебоист дар рақобат бо ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ биистад, заиф кард. Иштибоҳи дуввум дар мавриди арзёбии натоиҷи интихобот бо як чизи беаҳамият – хуруҷ аз Шӯрои ҷамъиятӣ - иктифо варзидани ҳизб буд.

 

Будан ваё набудани наҳзат дар ин Шӯро аҳамияте надорад, чунки дар охирин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ танҳо чизе, ки Кабирӣ муваффақ шуд, ҷудо кардани як толор барои анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ буд. Ба назари ман, ба хотири ҳифзи манфиатҳои мардуме, ки дар интихобот ба наҳзат овоз доданд, бояд он ду нафаре, ки аз ин ҳизб ба парлумон вакил мешаванд ва якеаш худи Кабирист, аз парлумон берун мерафтанд.”

 

Аммо Хуршеди Атовуллоҳ мӯътақид аст, ки Кабирӣ ва ҳизби ӯ дар ниҳоят ба ягон гузашти андак розӣ хоҳанд шуд ва аз идомаи эътирозҳои феълии худ даст хоҳанд бардошт.

 

СИФАТИ “ИСЛОМӢ” ДАР ИСМИ ҲНИТ

Таҳлилгарон мегӯянд, вуҷуди сифати “исломӣ” дар номи ҳизбаш омилест, ки Кабириро маҷбур мекунад, дар иттихози ҳар тасмим назар ба соъир гурӯҳҳои сиёсии фаъол дар саҳнаи Тоҷикистон аз эҳтиёти бакарат зиёдтар кор бигирад. То мабодо бо як ҳаракати ноҷо ба мухолифини ин танҳо ҳизби исломии расман сабтиномшуда дар саросари Осиёи Марказӣ баҳона диҳад ва мисли соли 1992 саркӯб ва аз саҳна ронда шавад.

 

Муҳиддини Кабирӣ таъсири ин омилро эътироф мекунад, вале мегӯяд, ки он ҳаллкунанда нест: “Мо ҳатто агар як ҳизби дунявӣ ҳам мебудем, шахсан худи ман ба ин назар будам, ки ҳамеша бояд бидуни эҳсосот ва асабоният тасмимҳоро гирифт. Вале имрӯз ман бо гузориши як сафоратхонаи яке аз кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон шинос шудам, ки ҳушдор додааст, ки ба маҳзи эътирози ҲНИТ шояд як вазъи ноамнӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд биояд ва ба шаҳрвандони кишвари худ тавсия додааст, ки ба ин далел аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ варзанд. Бубинед, ки ҳама норозӣ буданд, вале вақте ҲНИТ як эътирози шадидтаре кард, ин алакай таъсири худро дар зеҳни хориҷиҳо ва баъзе доираҳо расонд.”

 

Коршинос Саъдии Юсуфӣ аз ин зовия муҳофизакориҳои Кабирӣ, яъне қаноати ӯ бо нақди андак ва тарҷеҳаш ба роҳи созишро ношӣ аз васиятҳои раҳбари фақиди ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ мешиносад, ки ҳифзи вуҷуди ҳизбро аз ҳама аҳдофи дигари кӯтоҳмуддат болотар мегузошт. Ба гуфтаи оқои Юсуфӣ, Муҳиддини Кабирӣ сиёсатмадорест, ки дар майдони Исломи сиёсӣ пайкор мекунад. Майдоне ки назар ба ҳар майдони дигари сиёсат риски бештар дорад ва аз ин майдондорон камоли эҳтиёт ва дурандеширо тақозо мекунад:

 

Душвортарин навъи сиёсат дар ҷаҳони имрӯз ҳамин аст, ки шумо бо номи ислом бихезед ва сиёсатро пеш бубаред. Ин хеле риск мехоҳад, хеле қурбонӣ мехоҳад, хеле тавонмандиҳо мехоҳад, ки як одам дар ин водӣ гом биниҳад. Аз сӯи дигар, мо ҳарчанд дар дохили Тоҷикистон фазои нисбатан амну ором дорем, мунтаҳо, мо аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар як минтақаи сахт ноором ва аз лиҳози амниятӣ осебпазир ҳузур дорем.

 

Ман фикр мекунам, ин авомил боис мешаванд, ки оқои Кабирӣ аз эҳтиёти бештар кор бигирад ва ин дастовардҳоеро, ки дар тамоми тӯли фаъолият ҷамъ оварданд, дар як он ва дар як мавзеъгирии ғалат ин ҳамаро аз даст надиҳад. Сониян, Муҳиддини Кабирӣ аз таҷрибаҳои аҳзоби сиёсии кишварҳои дигар, алалхусус аҳзоби динии Туркия мехоҳад кор бигирад. Онҳо ҳамин гуна мавқеъгириҳои оҳиста-оҳиста доштанд ва дар дарозмуддат ин онҳоро ба қудрат расонд ва ба нирӯи қавие табдил дод, ки ҳама рӯяш ҳисоб мекунанд. Шояд ҳамин формуларо оқои Кабирӣ мехоҳад, дар ҷумҳурии мо низ пиёда кунад.”

 

САБАБҲОИ “ОБЪЕКТИВӢ

Бархе таҳлилгарон ҳатто бар ин назаранд, ки тақаллуби фаровон ва ғайридемократӣ гузаштани интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар ин кишвар тақрибан бенатиҷа будани роҳҳои қонунии муборизаи сиёсиро, ки якеаш ҳамин интихобот аст, бармало кард.

 

Аммо Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, ҳатто аз чунин “золимона” ғорат шудани орои ҳизбаш рӯҳафтода нашудааст: “Дуруст аст, ки хеле душвор аст барои як ҳизби сиёсии оппозиситсионӣ, ки бо роҳи қонунӣ ва дар як шароити боз андешаҳои худро барои ҷомиа матраҳ карда тавонад. Вале бояд сабр кард, таҳаммул кард ва пайгирона роҳи худро идома дод. Ман бовар дорам, ки як рӯз не , як рӯз, мо ба натиҷа хоҳем расид.”

 

Ба назари маҳофил, инки Кабирӣ тавонист дар интихоботи ахир қудрати воқеъии ҳизбашро ба намоиш дарорад ва ҳадди ақал ҳамон амонати аз Нурӣ барояш меросмонда, яъне ҳамон ду курсии вакилиро барои ҳизби худ ҳифз кунад, аломати муваффақияти ӯст. Бо бовари аксар, ин интихобот як чолиши ҷиддӣ барои худи Кабирӣ буд ва ӯ аз ин имтиҳони барояш фавқулодда муҳим гузашт.

 

Аммо он ки ин сарфи нирӯи бузург ва маъракаи бесобиқаи таблиғотӣ натавонист барои ҲНИ орои аз интихобти қаблӣ бештаре биорад, тақсири на Кабирист, балки бештар аз он “сабабҳои объективӣ”е бармеояд, ки мақомоти Душанбе дар шарҳи камбудиҳои интихобот ба нозирони САҲА мегуфтанд.

 

Ва ҳамин “сабабҳои объективӣ”-ст, ки Кабирӣ ва ҳизби наҳзати исломии ӯро шояд ин бор ҳам маҷбур кунад, ки натоиҷи эълоншудаи интихоботи ахирро низ фурӯ баранд ва бо ин нақди андаке, ки ба онҳо доданд, қаноат варзанд. Дастикам то замони пеш омадани сабабҳои нави “объективӣ”.

 

Мирзои Салимпур, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1873-2010-03-05-16-48-45.html?start=1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854