ИДОМАИ САБҚАТИ ҲСДТ БО ҲХДТ ДАР КОНИБОДОМ
Комиссиёни марказии интихобот эълон кард, ки то соати 10-и субҳи имрӯз дар даври дуввуми интихоботи ҳавзаи Конибодом 48,4 дарсади раъйдиҳандагон ширкат кардаанд. Муҳибулло Додоҷонов, раиси Комиссиюни марказии интихобот гуфт, ки ин рақам шаҳодати ширкати фаъоли интихобкунандагон дар ҳавзаи Конибодом аст. Тибқи иттилои расмӣ теъдоди раъйдиҳандагон дар ин ҳавза ҳудуди 90 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Рафти интихобот аз сӯи нозирони маҳаллӣ ва байналмилалӣ назорат мешавад. Раиси Комиссиюни марказии интихобот мегӯяд, то ҳол аз мавридҳои тақаллубкорӣ ва қонуншиканӣ ягон шикояте нашудааст. Шокирҷон Ҳакимов, яке аз номзадҳои аслӣ дар ин интихобот, низ бар ширкати фаъоли мардум ишора кард, вале гуфт, ки соатҳои аввали баргузории интихобот бо мавориди тақаллуб ва дахолати бевоситаи мақомоти маҳаллӣ ҳамроҳ будааст.
Ба гуфтаи вай, мақомоти вилоят, шаҳр ва ноҳия бо ҳар роҳ талош доранд, то дар раванди раъйдиҳии мардум дахолат кунанд ва онҳоро барои раъй додан ба номзади Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон водор созанд.
Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ҳайати масъулон дар 58 қитъаи раъйдиҳӣ дар ҳавзаи Конибодом аз намояндагони ҲХДТ ва ғайриҳизбӣ иборатанд, ки онҳо низ ба ҳизби ҳоким иртибот доранд. Вале намояндагони ҲСДТ ба ҳайати масъулини қитъаҳо роҳ дода нашудаанд.
Дар даври аввали интихоботи парлумонӣ ҳавзаи инфиродии Конибодом ягона ҳавзае буд, номзадҳо ба парлумони кишвар ҳадди 50 дарсадии овозҳоро убур накарда, ба даври дуюми интихоботи парлумонӣ роҳ ёфтанд.
Дар ин ҳавза 5 номзад сабқат доштанд ва намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ Насрулло Маҳмудов 36 дарсад ва номзади Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов 31 дарсади ороро ба даст оварданд.
Ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ ва як номзади инфиродӣ эълон карданд, ки овозҳои худро бар нафъи номзади Ҳизби сотсиал-демократ мебахшанд. Конибодом аз ҳавзаҳои доғи интихоботӣ дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад. Дар ин ҳавза соли 2005 низ даври дуюми интихоботи парлумонӣ доир шуда буд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1928-2010-03-14-10-01-25.html