22:56:33 02-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

АЗСАРГИРИИ ИНТИҚОЛИ ГАЗ БА ТОҶИКИСТОН

 

Интиқоли гази табиъӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон аз сар гиррифта шудааст. Манобеъи ширкати "Тоҷиктрансгаз" мегӯянд, ки ҷониби Ӯзбакистон мойил шудааст, ки интиқоли гози табиъӣ ба Тоҷикистонро идома диҳад. 

Ин дар ҳолест ки дар авохири ҳафтаи гузашта Ӯзбакистон интиқоли гози табиъӣ ба Тоҷикистонро панҷоҳ дарсад коҳиш дода ва ин маводд танҳо барои ширкати Талко таъмин мешуд. Манобеъи ин ширкат гуфта буданд, ки ин амр ба далели беш аз 17 милюн дулор бидеҳкор будани "Тоҷиктрансгаз" аз ширкати гози Ӯзбакистон сурат гирифтааст.

Шавкат Шоимов, муъовини раиси "Тоҷиктрансгаз" рӯзи душанбеи 22 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар пайи музокироти мақомоти зидахл, масъулони ширкати "Узтрансгаз" интиқоли ин маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистонро дубора оғоз кардаанд. 

Ба гуфтаи вай, ҳоло дар ҳар соъат ба Тоҷикистон ҳудуди бист ҳазор метри мукаъъаб гози Ӯзбакистон ворид мешавад. Ин дар ҳолест, ки то чанд рӯз пеш дар як соъат танҳо шаш ҳазор метри мукаъъаб гози табиъӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои Талко ба ин маводди сӯхтӣ ворид мешуд. 

Чунин маҳдудият дар интиқоли гози табиъӣ ба таваққуфи фаъолияти чанд корхонаи санъатӣ дар Тоҷикистон, назири корхонаи тавлиди сементи Душанбе, корхонаи шимиёии Вахш ва бархе аз ширкатҳои дигар мунҷар шуд. 

Интиқоли гози табиъӣ ба манозили сокинони шаҳрҳо низ ба таъвиқ дароварда шуд. Дар бисёре аз шаҳрҳо, назири Душанбе, интиқоли гози табиъӣ аз чанд моҳ пеш ба ин сӯ мутаваққиф шуда буд. Ҳамакнун, ба гуфтаи Шавкат Шоимов, бо интиқоли миқдори бештари гози табиъӣ аз Ӯзбакистон, шароит барои дубора фаъол шудани корхонаи сементи Душанбе фароҳам шудааст. 

Дар ҳамин ҳол, манобеъи огоҳ мегӯянд, ки азсаргирии интиқоли гози табиъӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар пайи ирсоли номае аз Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷониби Ӯзбакистон имконпазир шудааст. 

Дар ин нома ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти ӯзбак ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва вазъи изтирории марбут ба ҳаводиси табиъии ахир дар ин кишвар хоҳиш кардааст, ки ба сурати истисноӣ интиқоли гоз ба Тоҷикистонро аз сар бигиранд. 

Давлати Тоҷикистон пардохти бидеҳиҳои 17-милюндулории худ ба "Узтрансгаз"-ро замонат додааст. 

Шавкат Шоимов гуфт, ки бидеҳиҳои ҷониби Тоҷикистон дар пайи напардохтани қимати истифода аз гози табиъӣ аз сӯйи масрафкунандагон, назири ширкати "Барқи тоҷик", корхонаи тавлиди сементи Душанбе, корхонаи тавлиди зарфҳои шишагии "Лаъл", "СомонСуғдгаз" ва Талко ҷамъ шудааст. 

Ба унвони мисол, оқои Шоимов гуфт, танҳо ширкати "Барқи тоҷик" аз "Тоҷиктрансгаз" ҳудуди 9,6 милюн дулор бидеҳкор аст. 

Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси "Барқи тоҷик" дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки масъулони ин ширкат машғули ҳалли ин мушкил ҳастанд. Ба гуфтаи вай, "Барқи тоҷик" қисмате аз ин бедиҳиҳоро пардохт кардааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, ахиран интиқоли нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистон ба Ӯзбакистон оғоз шудааст. Ҳамасола ин ду кишвар миёни худ нерӯи барқ табодул мекунанд. 

Дар фасли тобистон, ки Тоҷикистон барқи изофӣ дар ихтиёр дорад, ба Ӯзбакистон миқдоре аз ин барқро содир мекунад ва дар фасли сармо аз ин кишвар нерӯи барқ ворид месозад. 

Дар чанд соли ахир Тоҷикистон дар ивази 900 милюн килувот соъат барқе, ки дар фасли тобистон ба Ӯзбакистон содир мекард, дар фасли зимистон 600 милюн килувот соъат барқ мегирифт.

Далели чунин тафовут ба гаронии барқи тавлиди Ӯзбакистон дар фасли сармо марбут будааст. Иллати дигари чунин вазъ набуди хутути интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар будааст. 

Вале имсол ҷониби Ӯзбакистон тасмим гирифтааст аз Тоҷикистон танҳо 450 милюн килувот соъат барқ дарёфт кунад ва дар ивази он дар фасли зимистон танҳо 300 милюн килувот соъат ба Тоҷикистон барқ бидиҳад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi