ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОЗИМИ ТОШКАНД ШУД
Президент Раҳмон баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе озими пойтахти Ӯзбакистон шуд. Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар канори ширкат дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгхой (СҲШ), бо президенти Ӯзбакистон низ дидори якбаяк дошта бошад. Ҷаласаи кории ин созмон фардо баргузор меашвад, вале имрӯз мулоқоти дуҷониба ва сӯҳбатҳои ғайрирасмии раҳбарони ин кишварҳо дар назар аст. Бархе аз коршиносони тоҷик бо дарназардошти сардии равобити миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ба натоиҷи мусбати дидори оқоён Раҳмон ва Каримов чандон хушбин нестанд. Вафо Ниятбеков, коршиносони Маркази мутолеъоти истротежики раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки муваффақияти ин музокирот ба пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон марбут аст.
Вай афзуд: “Фикр мекунам, Президент Раҳмон ба Каримов пешниҳодҳое барои беҳбуди равобити миёни ин ду кишвар хоҳад кард. Эҳтимол дорад, ҷониби Ӯзбакистон пешниҳоди мушорикат дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро бипазирад”.
Аз сӯйи дигар, оқои Ниятбеков мегӯяд, ки ҳатто агар дар ин музокирот прешравие дар равобити миёни ин ду кишвар ҳосил нашуд, боке нест. Зеро, “ҳадди ақал ҷонибҳо мавзеъи ҳамдигарро мушаххас мекунанд. Муҳим ин аст, ки чунин як дидоре сурат мегирад”.
Вале ба эътиқоди Раҳматулло Валиев, сиёсатшиноси тоҷик, аз дидори оқоён Раҳмон ва Каримов набояд паёмадҳои мусбатеро мунтазир буд. Ба гуфтаи вай, “мушкили равобити миёни ин ду кишвар фарохтар аз мавзеъгириҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аст”.
Вай афзуд, ки ҳалли мушкилоти равобити миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон бояд дар сатҳи раҳбарони кишварҳои узви СҲШ матраҳ шавад. Ба эътиқоди ин сиёсатшинос, нақши раҳбарони Русия ва Қазоқистон метавонад дар рафъи ин мушкилот муассир бошад.
Дар ҳамин ҳол, Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки мушкилоти равобити миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон танҳо ба равобити руасои ҷумҳури ду кишвар рабт дорад. Вай мӯътақид аст, ки Тоҷикистон бояд мушаххас кунад, ки аз ҷониби Ӯзбакистон чӣ мехоҳад?
Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон иддаъо доранд, ки ҳоло дар қаламрави Ӯзбакистон ҳаракати беш аз дувуним ҳазор вогуни ин кишвар ба таъвиқ дароварда шудааст, вале ба гуфтаи оқои Собиров, “бигзор, ки ба кундӣ бошад ҳам, ин вогунҳо ба Тоҷикистон ворид шаванд”.
Агар Тоҷикистон аз Ӯзбакистон кумаке мехоҳад, пас ба эътиқоди Масъуд Собиров, чунин кумакҳоро набояд интизор дошт. Зеро ба бовари вай, “чунин ба назар мерасад, ки раҳбарони Ӯзбакистон намехоҳанд бо раҳбарони феълии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи онҳо муъомилоте дошта бошанд”.
Оқои Собиров муътақид аст, ки “гунаҳгорсозии танҳо ҷониби Ӯзбакистон дар сардии равобит бо он кишвар чандон саҳеҳ нест. Зеро дар ин замина худи Тоҷикистон низ иштибоҳоти зиёде кардааст”.
Бо ин вуҷуд, оқои Собиров хитоб ба раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон гуфт, ки “агар равобити миёни ин ду кишвар воқеъан ба сардӣ гароида бошад, пас чаро ин сардӣ алайҳи нафароне эъмол шудааст, ки худи Ӯзбакистон барои ба қудрат омадани онҳо кумак кардааст?”
Зимнан, дар авоили даҳаи 1990, замоне ки Президент Раҳмон ба сари қудрат омад, вай дар бархе аз суханрониҳои худ Ислом Каримовро “ота” хитоб карда буд. Ҳамчунин, чанд воҳиди кишоварзии Тоҷикистон ба исми раиси ҷумҳури Ӯзбакистон номгузорӣ шуда буданд.
Вале дар поёни даҳаи 1990 равобити миёни ду раиси ҷумҳур ба сардӣ гароид. Аммо баъд аз тасмими давлати Тоҷикистон барои азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” сардии равобити онҳо шиддат гирифт ва мунҷар ба “муҳосираи иқтисодии” Тоҷикистон шуд.
Ҳарчанд ҷониби Ӯзбакистон ин иддаъоро бепоя мехонад, вале давлати Тоҷикистон ночор шуд барои ҳалли мушкили таъвиқи вогунҳои худ дар Ӯзбакистон ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиъа кунад, ки то ҳол натиҷае дар пай надоштааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2460-2010-06-10-11-51-11.html