14:53:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАЪВАТИ РАИСҶУМҲУР: ХАЙРИЯ БА ҶОИ ҲАҶ

 

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз зоирини тоҷик даъват кард, ки имсол маблағҳои сафари ҳаҷро барои сокинони кишвари бӯҳронзада хайр кунанд. Ин пешниҳод дар зимни суханронии раисҷумҳур дар ҷаласаи фаъолони мақомоти вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд садо дод. 

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин амалро ба хотири коҳиши пайомадҳои манфии бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва селу хисороти имсола, ки ба Тоҷикистон беш аз 100 миллион сомонӣ зарар овард ва водор намуд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак хоҳад, зарур медонад. Вай афзуд, «бузургони гузаштаамон низ ба ин маънӣ фармудаанд, ки «дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст, аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст», 

Дар маросими гузаштаи зиёрати хонаи Худо 5 ҳазор сокинони Тоҷикистон иштирок намуданд. Маблағи сафари ҳаҷ барои як нафар зери 3 ҳазор доллари амрикоӣ таъин шуда буд. 

Ҳамзамон зери 60 дарсади сокинони Тоҷикистон , бар пояи маълумоти расмӣ, дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд ва буҳрони молӣ зиндагии онҳоро мушкилтар кардааст. 

Даъвати раисҷумҳур дар маҳфилҳои мазҳабӣ ва мардуми Суғд бо вокунишҳои мухталиф пазируфта шуд. Вале сари ин мавзуи муҳими исломӣ сокинон хеле боэҳтиёт ва андешамандона сӯҳбат мекунанд.

Рӯзноманигор Талав Расулзода бар он аст, ки «ин иқдоми хуб аст, аммо муҳим он, ки то кадом андоза мардум аз он истиқбол мекунанд. Зеро баъзе одамон як умр орзуи ҳаҷ дар дил мепарваранд, ё ки мехоҳанд модар ё падари пирашонро ҳамроҳӣ кунанд. Аммо агар он нафароне, ки имкони молӣ доранд, ба ҷои дафъи дуюму сеюми ҳаҷ як бенаво ё бемореро даст бигиранд ё ягон гӯшаи ноороми ватанро обод кунанд, ин ҳам кори як бузурги хайр аст ва Худованд подоши неки онро медиҳад». 

Вале як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки нахост номи худро ошкор созад, гуфт, ин даъвати раисҷумҳур дар ҳоле садо медиҳад, ки сафари 5–рӯзаи ӯ дар вилояти Суғд дар ҳар қадам маъракаҳои бузурги пешвозу гусел, зиёфатҳо ва консерту тантанаҳои серхароҷот ба ҳамроҳ дорад. 

Вай афзуд, беҳтар мебуд давлати Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони молӣ ин гуна маросимҳои пурдабдаба ва андозҳоро кам мекард. Он гоҳ дар дасти одамони ба хайру саховат маблағе боқӣ мемонд. Аммо дар ҳоле, ки бисёр дигар давлатҳо андозбандиро коҳиш доданд, ҳукумати Тоҷикистон баръакс ҳама навъи андозҳо ва маблағҳои хадамоти манзилро баланд бардошт ва мушкили сокинонро зиёдтар кард. 

Мавзуи хайрия ба нодорон ва корҳои ободонӣ ба ҷои адои ҳаҷ дар ҳар навбати ин маросим ба гунаҳое мавриди сӯҳбату баҳсҳо дар миёни сокинони оддӣ ва масъулини умури дин қарор мегирад. 

Ҳамзамон, дар ҳар табрикоти мақомот дар идҳои исломӣ монанд ба ин гуна даъватҳои хайру саховат ба ҷои ҳаҷ ба шакли нарм ва пешниҳодӣ баён меёбад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi