ДИДОРИ СЕҶОНИБАИ РАҲМОН, АҲМАДИНАЖОД ВА КАРЗАЙ
Дидори сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи 5 август дар сохтмони Ҳофизияи маҷмӯъаи Саъдободи Теҳрон оғоз шуд. Манобеъи расмӣ мегӯянд, ки дар ин дидор роҳҳои тавсеъаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ "миёни се кишвари форсизабон" барарсӣ меашвад. Гуфта мешавад онҳо масоили мубориза бо терурисм ва маводди мухаддирро низ баррасӣ хоҳанд кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Маҳмуди Аҳмадинажод, Ҳомид Карзай ва Эмомъалӣ Раҳмон ар ин нишаст суханронӣ мекунанд ва сипас нишасти хусусии сеҷонибаи онҳо доир мешавад. Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки раисони ҷумҳурии се кишвар як баёнияи муштарак ҳам имзо хоҳанд кард. Интизор меравад дар ин мулоқот мавзӯъи бунёди роҳҳои иртиботӣ, аз ҷумла бунёди роҳи оҳане, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Эронро бо ҳамдигар ва бо Чин мепайвадад, тавсеъаи ҳамкориҳо дар арсаи энержӣ ва тиҷорат низ баррасӣ шавад.
Вазъияти паноҳҷӮёни афғон
Дар эъломияе, ки раёсати ҷумҳурии Афғонистон пештар интишор дод, омадааст, ки Ҳомид Карзай дар ҳошияи нишасти раҳбарони се кишвар дар Теҳрон бо Оятуллоҳ Алии Хоменаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон низ мулоқот хоҳад кард. Ин эъломия афзудааст, ки оқои Карзай дар суханронии худ дар нишасти сарони Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар мавриди азми Афғонистон барои густариши муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя, бахусус Эрону Тоҷикистон, таъкид хоҳад кард.
Интизор меравад, дар дидори раисони ҷумҳурии се кишвар, мавзӯъи эҷоди меконисме барои муборизаи муассир бо қочоқи маводди мухаддир дар минтақа баррасӣ шавад. Афғонистон тавлидкунандаи аслии маводди мухадир дар минтақа аст ва мақомоти Тоҷикистону Эрон ҳамвора гуфтаанд, ки ин ду кишвар дар баробари маводди мухаддири Афғонистон беш аз дигарон осебпазиранд.
Масъалаи дигар, ки давлати Афғонистон дар мавриди он мехоҳад бо ҷониби Эрон ба тавофуқ бирасад, вазъияти паноҳҷӯёни афғон дар Эрон аст. Дар гузашта гузоришҳое дар бораи бадрафтории ҳукумати Эрон нисбат ба паноҳҷӯёни афғон мунташир шуда ва эътирозотеро дар Афғонистон ба ҳамроҳ доштааст.
Мақомоти афғон мегӯянд оқои Карзай дар назар дорад тарҳи мушаххасеро дар робита бо паноҳҷӯёни афғон дар Эрон ба мақомоти эронӣ ироа диҳад. Аммо ҷузъиёти ин тарҳ мунташир нашудааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомоти афғон, вазъияти зиндониёни афғон дар Эрон ва пешниҳоди таҳвили онҳо ба давлати Афғонистон яке дигар аз мавзӯъҳои мавриди баҳс байни мақомоти ин ду кишвар хоҳад буд.
Иртиботи роҳи оҳан бо Тоҷикистон
Тибқи хабари дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин сафар Президент Раҳмонро ҳайъате аз мақомоти баландпояи ин кишвар, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, Гул Шералӣ, Олимҷон Бобоев, вузарои хориҷӣ, саноеъу энержӣ ва роҳу иртибототи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд. Эркин Раҳматуллоев, мушовири раёсати ҷумҳурӣ дар умури хориҷӣ, низ дар сафар ба Эрон раиси ҷумҳурро ҳамроҳӣ мекунад.
Хабаргузории Форс аз қавли Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, овардааст, ки интиқоли шабакаҳои барқи се кишвар, эҷоди роҳҳои мувосилотии оҳан ва ҷоддаӣ, имзои чанд санади ҷадиди ҳамкорӣ дар заминаи тавсеъаи равобит ва ҳамкории иқтисодӣ дар меҳвари дидори сеҷонибаи оқоён Раҳмон, Аҳмадинажод ва Карзай аст.
Ба ин тартиб, аз масоили умдае, ки Тоҷикистон алоқаманди баррасии он аст, бунёди ҳарчи сареътари роҳи оҳанест, ки Эронро аз тариқи Афғонистон бо Тоҷикистон ва сипас ба Чин мепайвандад. Тоҷикистон тайи ним соли ахир бо буҳроне дар равобити худ бо Ӯзбакистон бар сари тавқифи вогунҳои бории худ дар қаламрави он кишвар рӯбарӯст ва мехоҳад ҳарчи сареътар аз ин бунбаст раҳоӣ ёбад.
Аммо ин кишвар сармояи кофӣ барои бунёди роҳе, ки онро аз вобастагии Ӯзбакистон озод мекунад, надорад ва ба ҳамин далел, ба гуфтаи соҳибназарон, ба кумаки Эрон чашм дӯхтааст. Зимнан, Эрон дар масъалаи тавқифи вогунҳои бории Тоҷикистон дар Ӯзбакистон мудохила карда ва ба гуфтаи Исфандиёр Раҳим Машоӣ, кишвараш аз Тошканд хостааст, ки равобит бо ҳамсояашро беҳтар кунад.
Дидорҳои сеҷониба
Нахустин нишасти сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон дар моҳи авохири июли соли 2006 дар Душанбе ва дидори дувуми онҳо дар авохири августи соли 2008 дар ҳошияи иҷлоси сарони Гурӯҳи Шонгҳой дар Чин баргузор шуд. Оқоён Раҳмон, Аҳмадинажод ва Карзай дар Наврӯзи соли гузашта дар Мазори Шариф, дар шимоли Афғонистон, бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд.
Дар моҳи марти соли 2009 мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва ба муносибати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз дар Теҳрон сурат гирифта буд. Он замон се раиси ҷумҳур зимни имзои эъломияи муштарак аз густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ хабар дода буданд.
Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон забон, таърих ва фарҳанги муштарак доранд ва бо таваҷҷуҳ ба ин, бархе аз расонаҳо аз эҳтимоли ташкили як блуки форсӣ миёни ин се кишвар хабар додаанд. Дидори раисони ҷумҳурии Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон дар Теҳрон дар ҳоле баргузор мешавад, ки Эрон ахиран ба хотири барномаи ҳастаияш бо таҳримҳои сангини байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.
Дар ҳоле ки вазири хориҷаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки кишвараш аз барномаи ҳастаии мусолиматомези Эрон пуштибонӣ мекунад, таҳлилгарон мегӯянд, ки давлати Афғонистон ба далели ҳузури Ғарб дар он кишвар дар мавриди ҳамкорӣ бо Эрон таҳти фишор қарор дорад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2838-2010-08-05-19-20-47.html