06:02:20 04-уми Июни 2025 сол

ЭЪЛОМИЯИ МУШТАРАКИ РАҲМОН, АҲМАДИНАЖОД ВА КАРЗАЙ

Чаҳорумин иҷлоси раҳбарони се кишвари Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон бо судури баёнияе муштарак дар Теҳрон поён ёфт. Таъкид бар ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ, осонтар кардани омадушуд миёни сокинони се кишвар ва баргузории иҷлоси баъдӣ дар Кобул аз муҳиммтарин нукоти мавриди тавофуқ дар ин иҷлос эълом шудааст. Эъломияи муштараки Теҳрон, ки дар поёни Клик ин иҷлос мунташир шуда, чаҳордаҳ модда дорад, ки бештари он ташрифотӣ аст, монанди қадрдонии руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон аз мизбонии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон.

 

Тасҳили рафтуомад

Бар асоси он чи дар ин баёния омада, раҳбарони се кишвар таъкид кардаанд, ки ба манзури тақвияти равобити фарҳангӣ ва шинохти бештари мардумони ин кишварҳо аз ҳамдигар, тасҳилоти (осониҳои) бештаре барои тараддуди (рафтуомади) қонунманди шаҳрвандони ин се кишвар фароҳам намояд. Таъкид бар эҳдоси (сохтмони) роҳи оҳане, ки Тоҷикистонро аз тариқи шимоли Афғонистон ба Эрон васл мекунад, аз дигар нукоти ин баёнияи муштарак аст.

 

Ҳамчунин, раҳбарони се кишвар тавофуқ кардаанд, ки умури тронзитии сеҷониба мавриди бозбинии коршиносона қарор гирад ва Тоҷикистон пешнависи тавофуқномаеро дар ин маврид омода кунад ва онро дар ихтиёри ду кишвари дигар қарор диҳад. Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Эрон аз тариқи Афғонистон, истифода аз фибери нурӣ миёни се кишвар аз дигар мавориди ин баёнияи муштарак аст.

 

Дар ин эъломия ҳамчунин омода аст, ки ҳар се раҳбар як бори дигар "ба нақши созандаи як шабакаи телевизиюнии муштарак таъкид карданд ва масъулони се кишварро муваззаф карданд, то раванди таъсиси ин телевизиюнро тасреъ (суръат) бахшанд." Таъсиси як шабакаи телевизиюни муштарак тавассути се кишвари форсизабон дар нахустин дидори се раиси ҷумҳурӣ дар солҳои гузашта матраҳ шуд. Се раиси ҷумҳурӣ қарор аст дар соли оянда панҷумин иҷлоси муштаракро дар Кобул баргузор кунанд.

 

"Фишори султагарон"

Сойти интернетии раёсати ҷумҳурии Эрон менависад, ки имзокунандагони эъломия ҳамчунин аз истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ тавассути тамомии кишварҳои узви Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ҳимоят ба амал оварданд ва онро аз ҳуқуқи мусаллами тамоми кишварҳо донистанд.

 

Ба навиштаи ин манбаъ, Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, дар поёни нишасти сеҷониба суханоне эрод карда ва гуфтааст, ки қудрати се кишвари Эроу Афғонистон ва Тоҷикистон "бисёре аз муъодилотро тағйир медиҳад, ки албатта ин се кишвар монеъе дар баробари зиёдахоҳии бархе аз кишварҳо ҳастанд."

 

Вай аз кишвари мушаххасе, ки ба зиёдахоҳӣ муттаҳам мекунад, ном набурда, вале гуфта: "Ин се кишвар ба навъе таҳти фишори султагарон ҳастанд, ки албатта ин фишорҳо бештар бар рӯйи Афғонистон аст, зеро онҳо намехоҳанд кишварҳои мустақил, пешрафта ва қудратманд дар минтақа ба вуҷуд оянд."

 

Оқои Аҳмадинажод зимни таъкид бар зарурати густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар минтақаро монеъи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ донистааст. Вай гуфтааст: "Сарнавишти се кишвар бо ҳам гиреҳ хӯрдааст. Албатта, дар ин роҳ кишварҳое фишор ворид мекунанд. Бояд меҳмонони нохонда аз минтақа берун раванд, зеро таҷруба нишон дода, ки ҳеч гоҳ онҳо ба нафъи кишварҳои минтақа иқдомеро анҷом надодаанд."

 

Раиси ҷумҳурии Эрон ба унвони мисол гуфтааст, ки НОТУ пас аз вуруд ба Афғонистон нақшаи маъодини ин кишварро таҳия карда, вале дар ихтиёри давлати Афғонистон нагузоштааст. Вай гуфтааст, ки Эрон метавонад зарфиятҳои маъдании Афғонистонро шиносоӣ кунад ва нақшаи онҳоро бикашад ва дар ихтиёри давлати Афғонистон гузорад.

 

Вай дар иртибот бо эъмоли таҳримҳои тозаи байналмилалӣ алайҳи Эрон гуфтааст: "Касоне, ки вориди минтақа шудаанд, қасд доранд бо эҷоди таҳрим монеъи пешрафти Эрон шаванд ва бад-ин васила бозорҳои ҷаҳониро дар ихтиёри худ бигиранд."

 

Оқои Аҳмадинажод ҳамчунин хостори хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон шудааст: "Мавзӯъи Афғонистон бояд дар минтақа ҳал шавад, зеро таҷруба нишон дода, ки дигарон наметавонанд ин мушкилро ҳал кунанд."

 

Тасреъи тарҳи роҳи оҳан

Дар ҳамин ҳол, дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороте матбуъотӣ аз Президент Раҳмонро дар бораи натоиҷи нишасти сеҷониба интишор додааст, ки дар он бар зарурати истифода аз зарфиятҳои мавҷуд дар се кишвар барои густариши ҳамкориҳо таъкид шудааст.

 

Оқои Раҳмон аз ҷумла мегӯяд: "Мо бахусус сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон–Афғонистон–Эрон ва хатти 500-килуволтии Тоҷикистон–Мазори Шариф–Ҳирот–Машҳадро аз барномаҳои афзали ҳамкории сеҷониба бо ҷалби васеъи сармоягузории хориҷӣ арзёбӣ менамоем. Ва бар онем, ки бо назардошти аҳаммияти ҳаётии онҳо барои ҳамаи мо, омодасозӣ ва сохтмони онҳо суръати матлуб касб намояд."

 

Дар иҷлоси сеҷониба Президент Раҳмон пешниҳод кардааст, ки барои густариши ҳамкориҳои сеҷониба як Шӯрои ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ таъсис дода шавад ва раисони ҷумҳурии Эрону Афғонистон ин пешниҳодро хуш пазируфтанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ бар "сулҳу субот ва ҳамкории васеъи минтақаӣ" таъкид карда ва онро аз ҷумлаи "манофеъи асосии муштараки се давлати дӯсту бародар дар сатҳи минтақа" хондааст.

 

Дар ҳоле, ки Маҳмуди Аҳмадинажод хостори хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон шудааст, оқои Раҳмон дар изҳороти худ мегӯяд, ки се кишвар хоҳони "мусоъидати васеъ ва босамари байналмилалӣ ба манзури бозсозии босуръати Афғонистон" мебошанд. Ҷонибҳо бар зарурати сатҳи навини ҳамкорӣ миёни кишварҳои мусулмон низ таъкид кардаанд.

 

БозомӮзии муҳассилони афғон

Президент Раҳмон дар иртибот бо масоили Афғонистон мегӯяд: "Вуҷуд надоштани тариқаи сирф низомии ҳалли масоили Афғонистони бародарро дар назар дошта, мо аз талошҳои ин кишвари дӯст ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар амри мубориза бо террурисм, ифротгароӣ, фароҳам намудани роҳу василаҳои ҷадиди дастёбӣ ба сулҳу истиқрор ва амнияти дохилӣ пуштибонӣ менамоем."

 

Зимнан, дар ҳошияи иҷлоси сеҷониба дар Теҳрон раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон дидори дуҷонибае низ анҷом додаанд, ки дар он аз ҷумла ба аҳаммияти ҳамкориҳои амниятӣ, марзӣ ва низомии ду кишвар ва ҳамчунин тавсеъаи иртибототи роҳи заминию оҳан ва ҳамкориҳои энержӣ таъкид шудааст.

 

Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, табодули коло миёни Тоҷикистону Афғонистон дар шаш соли ахир 20 баробар афзудааст. Ҳомид Карзай барои кумакҳои зиёди Тоҷикистон, аз ҷумла дар бозомӯзии кодрҳои низомӣ ва пизишкӣ ибрози сипос кардааст. Дар ним соли гузашта 300 нафар аз муҳассилони афғон дар давраҳои омӯзишии пизишкӣ дар Тоҷикистон ширкат кардаанд. Оқои Раҳмон ваъда кардааст, ки Тоҷикистон метавонад ҳамасола 100 донишомӯзи афғонро дар Коллеҷи тиббии худ таълим диҳад.

 

Муҳоҷирони афғон дар Эрон

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар остонаи сафари Ҳомид Карзай ба Теҳрон бо интишори эъломияе эълом карда буд, ки оқои Карзай тарҳи мушаххасеро барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони афғон дар Эрон бо худ дорад ва онро дар иҷлоси сеҷониба матраҳ хоҳад кард. Аммо дар эъломияи поёнии ин иҷлос ишорае ба мушкилоти муҳоҷирони афғон дар Эрон ва чигунагии ҳалли он нашудааст.

 

Дар моҳҳои гузашта интишори хабарҳое мабнӣ бар эъдоми (қатли) шуморе аз афғонҳо дар Эрон ба баргузории тазоҳурот алайҳи ҳукумати Эрон дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон анҷомид ва бар равобити ду кишвар таъсир гузошт. Дар поёни иҷлоси раисони ҷумҳурии Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон вазирони хориҷаи се кишвар як ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси кумисиюни муштараки ҳамкорӣ имзо кардаанд, ки ҳадафи он назорат бар иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда миёни ин кишварҳо унвон шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2845-2010-08-06-18-05-50.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854