08:21:06 24-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ВУЗАРОИ ХОРИҶАИ ӮЗБАКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН

Вазирони хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Тошканд, масъалаи тронзити вогунҳои Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистонро баррасӣ кардаанд. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки дар чаҳорчӯбӣ ҷаласаи севуми вузарои хориҷаи Осиёи Миёна ва Жопун дар шаҳри Тошканд қарор дорад, дар ҳошияи ин ҷаласа бо Владимир Норов, ҳамтои ӯзбакаш мавзӯъи мушкили тронзити колоҳои Тоҷикистон тавассути роҳи оҳани Ӯзбакистонро дар миён гузошт.

 

Давлати Назрӣ, масъули дафтари матбуъотии вазорати хориҷа, рӯзи душанбеи 9-ми август ба Би-би-сӣ гуфт: “Яке аз масъалаҳои аслии матруҳа дар мулоқоти оқоён Зарифӣ ва Норов, мушкили тронзитӣ колоҳо тавассути қаторҳо тавассути қаламрави Ӯзбакистон буд. Дар ин мулоқот ҳамчунин вазъият дар Қирғизистон ва Афғонистон ва амнияти минтақа низ баррасӣ шудааст.”

 

Дар ҳамин ҳол Владимир Собқалов, муъовини раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", мегӯяд, ширкати онҳо то ҳол дар мавриди "таъхири расидани колоҳояшон" аз ширкатҳо ва афроди хусусӣ 263 шикоят дарёфт кардааст."

 

Оқои Собкалов афзуд: “Мо дар қисмати Душанбе ва шимоли роҳи оҳавн мушкиле надорем, вале дар ҷануб, яъне дар қисмати ин роҳ дар устони Хатлон аз моҳи феврал то имрӯз ба ҷуз аз ду вогун бо маводди имдодӣ барои Қирғизистон ҳеҷ бореро ба хориҷ нафиристодаем.”

 

 

Вай гуфт: "мушкили аслӣ дар бахши интиқоли маводди ғазоӣ ба кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон будааст." Масъулони ширкати Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Ӯзбакистон беш аз 880 вогун бо колоҳои мухталиф ва 14 вогун бо маводди сохтмонӣ барои нерӯгоҳи Сангтуда-2 гир кардаанд. Оқои Собкалов ибрози умедворӣ кард, ки "баъд аз мулоқоти вузарои хориҷаи ду кишвари Ӯзбакистон ва Тоҷикистон мушкили интиқоли колоҳо аз қаламрави Ӯзбакистон ҳалл хоҳад шуд."

 

Вай афзуд, ки ин қазия ба ширкатҳои хусусӣ, давлатӣ ва ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон ” хисороти ҳангуфте ворид кардааст, аммо маблағи дақиқи хисоротро нагуфт. Гуфта мешавад, ки ҷониби Ӯзбакистон низ аз интиқоли номуназзами колоҳо аз қаламрави кишвараш мутаҳаммили хисороти қобили мулоҳиза шудааст. Бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ хисороти Ӯзакистон аз ин амр ҳудуди 6 милюн дулорро ташкил додааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2857-2010-08-09-09-56-50.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ