“ТАҲДИДҲОИ “МУҶОҲИДИНИ ТОҶИК” ҶИДДӢ НЕСТАНД”
Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтаанд баёнот ва таҳдидҳои мансуб ба “Муҷоҳидони тоҷик”, як гурӯҳи камшинохтаро ҷиддӣ намегиранд. Онҳо бар ин назаранд, ки феълан дар Тоҷикистон нерӯе, ки тавонад суботи кишварро ба ҳам занад, вуҷуд надорад.
Ин суханҳо дар вокуниш ба хабари пахши баёнияе аз сӯйи гурӯҳе, ки худро “Муҷоҳидони тоҷик” меномад, гуфта шуд, ки дар он аз кушта шудани “Мулло Абдулло”, пайкорҷӯи мухолифи давлат изҳори таассуф ва ваъдаи интиқом иброз шудааст. Дар ин баёния, ки ахиран тавассути бархе аз сойтҳоии интернетӣ пахш шуд, гурӯҳе, ки худро “Муҷоҳидини тоҷик” унвон кардааст, навишта, ки ҷиҳод баъд аз кушта шудани “Мулло Абдулло” низ идома дорад.
Дар ин баёния, ки аз ҷумла дар сойти интернетии “Иршод.нет” мунташир шуда, омадааст, ки "бародарони мусулмони мо интиқоми бародарони худро мегиранд ва ҳам аз дин ва ору номуси миллат ва ватани худ то охирин нафас дифоъ намуда ба Ҷиҳоди худ идома медиҳанд.”
Ин баёния алайҳи давлати феълии Тоҷикистон шиъор дода ва мардумро барои мубориза бо он даъват мекунад. Аммо як мақоми баландпояи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Би-би-сӣ гуфт, ки "ин таҳдидҳои муҷоҳидин ҷиддӣ нестанд." Зеро, ба эътиқоди вай, ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон нерӯе, ки тавонад вазъи амниятиро махдуш созад, вуҷуд надорад.
Ба эътиқоди вай, “Мулло Абдулло” воқеъан хатари ҷиддӣ ба амнияти Тоҷикистон арзёбӣ мешуд, вале нерӯҳои давлатӣ тавонистанд ӯро нобуд созанд. Вай афзуд: “Мо бар ин назарем, ки гурӯҳе, ки худро “Муҷоҳидини тоҷик” унвон кардаанд, дар асл ҷонибдорони Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ҳастанд, зеро афроди боқимондаи муҷоҳидони тоҷик аз муддатҳо қабл ба ин созмон пайвастаанд.”
Ин мақоми пулиси Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки шуморе пайкорҷӯёни исломии тоҷик, ки теъдодашон чандон зиёд нест, умдатан дар қаламрави Афғонистон ба сар мебаранд. Вай дар посух ба ин суол, ки оё дар бораи вуруди ин афрод ба қаламрави Тоҷикистон иттилоъе вуҷуд дорад, изҳори беэътилоӣ кард.
Вале, соли гузашта бархе аз расонаҳои хориҷӣ бо такя ба манобеъи ҷунбиши Толибон гузориш доданд, ки теъдоди зиёде аз ҷонибдорони Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, ки давлатҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон онро як созмони теруристӣ медонанд, ба қаламрави Тоҷикистон убур кардаанд ва ё ин ҳадафро доранд.
Ахиран, Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон низ изҳор дошта буд, ки дар қаламрави Афғонистон гурӯҳҳои нави пайкорҷӯён таъсис шудаанд, ки қасди убур ба хоки Тоҷикистонро доранд.
Дар ҳамин ҳол, Вафо Ниятбеков, коршиноси Маркази мутолеъоти вобаста ба давлати Тоҷикистон низ бар ин назар аст, ки теъдоди пайкорҷӯёни исломии тоҷик, ки муқаррароти созишномаи сулҳи миёни тоҷиконро дар соли 1997 напазируфтанд, зиёд нест.
Вай бар ин назар аст, ки баёнияи ахири ин гурӯҳ бо пешниҳоди "ҷонибе севвум, ки метавонад як нерӯи кишвари хориҷӣ бошад", таҳия ва ироа шудааст. Вале оқои Ниятбеков мутмаъин аст, ки гурӯҳи “Муҷоҳидони тоҷик” тавони ташкили шӯриш ва ё муқовимати густурдаи низомиро дар ихтиёр надорад.
Аммо вай ҳушдор медиҳад, ки пахши ин баёния метавонад барои нерӯҳои дигари мухолифи давлат “сигноле” бишавад. Ӯ мегӯяд: “Худи афроди боқимондаи муҷоҳидин ва гурӯҳҳои дигари мухолиф метавонанд даст ба аъмоли теруристӣ бизананд ва ин як хатари ҷиддӣ хоҳад буд.”
Ин дар ҳолест, ки аз оғози соли ҷорӣ марзбонони тоҷик аз шаш мавриди даргирии мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон миёни марзбонон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ношинос хабар дода буданд, ки талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст.
Гузашта аз ин, ахиран мақомоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо ишора ба кишварҳои ёрирасон аз Иттиҳодияи Урупо изҳор доштанд, ки бояд сареъан ба марзбонони тоҷик кӯмак кунанд, вагарна “дер хоҳад шуд.”
Дар ҳамин ҳол, Акбари Тӯраҷонзода аз чеҳраҳои матраҳи мазҳабии Тоҷикистон ва дар гузашта аз раҳбарони мухолифони давлат мегӯяд, ки "бори нахуст исми "Муҷоҳидони тоҷик"-ро" мешунавад ва ба вуҷуди он чандон бовар надорад. Вале вай гуфт, ки дар ҳар сурат бар ин назар аст, ки “таҳдидҳои ин гурӯҳ чандон ҷиддӣ нестанд ва ҳамзамон мухолифи манофеъӣ миллӣ ҳастанд”.
Вай афзуд, ки таҷрубаи Афғонистон собит сохтааст, ки аз роҳи зӯр ҳалли мушкилот дар кишварҳо ғайримумкин аст ва бояд ҳар гуна фаъолиятҳо танҳо дар чаҳорчӯби қавонини кишвар сурат бигиранд.
Оқои Тӯрачонзода афзуд: “Аслан, чунин даъватҳое аз номи ислом иштибоҳи бузург аст ва ман аз ин афрод даъват мекунам, ки аз хушунат даст бикашанд. Агар ҳадафҳое доранд, бояд танҳо аз роҳи осоишта ва баргузории интихоботи шаффоф бирасанд.”
Би-Би-Си