05:17:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
30          

ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, барои анҷоми як сафари дурӯза баъд аз зӯҳри имрӯз, 30-уми июл, вориди Душанбе шуд.

Тибқи барномаи сафар, Медведев имрӯз дар нишасти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин дидор ва мулоқоти дуҷонибаи Медведев бо президент Раҳмон дар назар аст. Дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, иқтисоду тиҷорат ва низомиро баррасӣ хоҳанд кард. 

Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 31-уми июл раисиҷумҳури Русия дар маросими баҳарабардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-1» ширкат намуда ва давоми рӯз ҳамчунин аз маркази назорати фазоии Норак мавсум ба «Окно» боздид хоҳад кард.  
Кумаки молӣ бар ивази пойгоҳи низомӣ

Дар мулоқоти раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон масъалаи ҳамкориҳои низомии ду кишвар яке аз мавзӯъҳои калидӣ унвон мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия аз дер боз ба фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 15-километрии пойтахти Тоҷиикистон, чашми тамаъ духтааст. 

Рӯзномаи «Коммерсант», чопи Маскав, бо истинод ба як сарчашма дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон навиштааст, ки ҷониби Душанбе дар гуфтушунидҳои имрӯза ҳамчунин масъалаи пулакӣ кардани ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар кишварро матраҳ хоҳад кард.

Коршиносон ин иқдоми Тоҷикистонро ба шиддати бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва таъсири чашмраси он рӯи иқтисоди кишвар рабт медиҳанд ва мегӯянд, раҳбарияти Тоҷикистон бо истифода аз ин имконот мехоҳад, Русияро ба ироаи кумакҳои муассири молӣ водор созад. 

Нишебу фарозҳои ҳамкориҳо дар бахши энержӣ

Баҳрабардории нерӯгоҳи «Сангтуда-1», ки рӯзи 31-уми июл дар ҳузури Дмитрий Медведев сурат хоҳад гирифт, ҳамчун рамзи таваҷҷӯҳи Маскав ба тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши энержӣ шинохта мешавад. Нерӯгоҳи «Сангтуда-1» бо сармояи Русия бунёд шудааст ва бахши аъзами саҳмияҳои он, яъне 75 дарсад, ба Русия тааллуқ дорад.

Вале мавзуи доғи музокироти раҳбарони ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои энержӣ тайи чанд соли ахир тарҳи нерӯгоҳи азими Роғун аст, ки боиси ихтилофоти назар ва ҳатто сард шудани муносиботи Душанбе ва Маскав шудааст.

Тибқи созише, ки панҷ сол қабл ҳануз дар даврони президентии Владимир Путин байни раисони ҷумҳури ду кишвар ба даст омада буд, Русия бар ивази пойгоҳи низомӣ ва маркази назорати фазоии «Окно» мебоист, сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва се нерӯгоҳи барқи обии хурдтар дар Тоҷикистонро бо маблағи 2 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Аммо аз ин барномаҳо то ҳол танҳо бунёди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" амалӣ шудааст.

Ва ахиран раисиҷумҳури Русия ҳини дидор аз Тошканд ба зарурати ҳамоҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя зимни бунёди нерӯгоҳҳо ибрози назар кард, ки ин пайғомро Душанбе ҳамчун рӯ тофтани Маскав аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун пазируфт. 

Коршиносон интизор доранд, ки Дмитрий Медведев дар нишасти Душанбе мавқеи Маскавро дар робита ба бунёди нерӯгоҳи Роғун бознигарӣ кунад ва тарҳеро монанд ба сармоягузории «Сангтуда-1» пешниҳод намояд, яъне дастёбӣ ба дарсадии чашмгири саҳмияҳо дар ин сохтмон. 

Маскав дар мавриди Қонуни забон шарҳ мехоҳад

Яке аз мавзӯъҳое, ки интизор меравад дар гуфтушунидҳои раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон доман зада шавад, масъалаи мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон аст. Дар остонаи сафари Дмитрий Медведев ба Душанбе ёвари ӯ Сергей Приходко дар як сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки Русия аз Тоҷикистон шарҳи маҳдудсозии мавқеи забони русӣ дар ин кишварро интизор аст.

Ахиран дар Тоҷикистон тарҳи нави қонуни забон таҳия шуд, ки дар он мавқеи забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо зикр нашудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi