08:43:05 14-уми Июни 2025 сол

ТАЛОШИ ҲИНД БАРОИ ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМӢ БО ТОҶИКИСТОН

Як ҳайати низомии Ҳинд бо раёсати муовини фармондеҳи ситоди нерӯҳои ин кишвар, ба манзури баррасии масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ миёни Душанбе ва Деҳлии нав, 11-уми август вориди Душанбе хоҳад шуд, хабар медиҳад, хабаргузории «Форс».

/images/stories/2011/08/08_dushanbe-dehli_8.8.2011.jpgТибқи ҳамин хабаргузорӣ, Куммар Ниҳор – муовини фармондеҳи ситоди нерӯи ҳавоии Ҳинд дар сафари қарибулвуқӯъи худ ба Душанбе, зимни дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти олирутбаи сиёсӣ ва фармондеҳони аршади артиши Тоҷикистон, бо онҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ, аз ҷумла дар бахши омӯзиши низомӣ баҳс ва табодули назар хоҳад кард.

Ҳамчунин гуфта мешавад, тайи солҳои гузашта садҳо донишҷӯи тоҷик дар муассисоти омӯзишии Ҳинд дар риштаҳои мухталиф таҳсил кардаанд, ки бахше аз онон дар донишкадаҳои низомии Ҳинд ва ба таври хоси академияи дифоъи миллӣ ва академияи низомии Ҳинд фориғултаҳсил шудаанд.

Дар панҷ соли гузашта мақомоти олирутбаи низомии Тоҷикистон ва Ҳинд, зимни боздид аз кишварҳои якдигар перомуни тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифи низомӣ баҳс ва табодули назар кардаанд, ки яке аз меҳварҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар, мавзӯи бозсозӣ ва баҳрабардорӣ аз фурӯдгоҳи низомии Айнӣ будааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳассосияти мавзӯи баҳрабардорӣ аз фурӯдгоҳи низомии Айнӣ дар 15 километрии Душанбе, ки дар чанд соли ахир бо сармоягузории Деҳлии нав ва бо мушорикати коршиносони низомии Ҳинд бозсозӣ шудааст, расонаҳои гурӯҳӣ ва коршиносони сиёсии минтақа ин саволро матраҳ мекунанд, ки оё дар музокироти ҳайатҳи низомии ду кишвар, мавзӯи истифодаи Деҳлии нав аз фурӯдгоҳ матраҳ хоҳад шуд?

Бахши матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин бора эълон кардааст, ки баррасии ин мавзӯъ дар дастури кори музокироти ҳайатҳои низомии ду кишвар қарор надорад. Ин дар ҳолест, ки фурӯдгохи низомии Айнӣ ҳудуди 3 сол қабл аз сӯи муҳандисони низомии Ҳинд бозсозӣ шуда ва аз соли 2007 омодаи баҳрабардорӣ шудааст.

Коршиносони масоили сиёсӣ ва низомӣ, сармоягузории 21 миллион доллари Ҳинд дар бозсозии фурӯдгоҳи Айниро бар асоси тавофуқи Деҳлии нав бо Душанбе дар заминаи истифодаи муштарак аз ин фурӯдгоҳ арзёбӣ карда ва ҳатто аз барномаи истиқрори 12 ҳавопаймои миг-29 нерӯи ҳавоии Ҳинд дар ин фурӯдгоҳ сухан мегуфтанд.

Ба боварии онҳо мавқеияти ҷуғрофии Тоҷикистон ба вижа ҳамсоягӣ бо Чин, Афғонистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва ҳамчунин ҳамсоягии Тоҷикистон бо минтақаи стратегии Кашмири Покистон аз тариқи вилояти Бадахшон, таваҷҷӯҳи Ҳиндро ба ин кишвар афзоиш додааст.

Аммо ба рағми гузашти чанд сол аз бозсозии ин фурӯдгоҳ, ин тавофуқ амалӣ нашуд ва таҳлилгарон ва расонаҳои ҳиндӣ ва ғарбӣ иллати иҷро нашудани ин тавофуқро тақвияти ҳамкориҳои низомии Ҳинд бо Амрико ва норизоияти Маскав аз ин иқдоми Деҳлии нав дониста ва эълон карданд, ки Маскав дар вокуниш ба норизоиятӣ аз ҳамкориҳои низомии Ҳинд ва Амрико, Душанберо таҳти фишор  қарор дод то аз иҷро кардани ин қарордод, худдорӣ кунад.

Манбаъ: Хабаргузории «Форс»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854