15:23:27 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПАЙРАВОНИ "ҶАМОАИ ТАБЛИҒ" ЗИНДОНӢ ШУДАНД

Додгоҳи олии Тоҷикистон панҷ узви, ба гуфтаи онҳо, фаъоли “Ҷамоаи Таблиғ”-ро ба мӯҳлатҳои аз се то шашсолӣ равонаи зиндон кард. Нуриддин Расулов, додраси Додгоҳи олӣ, ба ҳангоми баёни ҳукми панҷ нафари муттаҳам гуфт, онҳо моҳи апрели соли равон дар масоҷиди ноҳияи Файзобод аз сӯйи маъмурони полис боздошт ва ба дасти мақомоти амниятӣ супорида шудаанд. 

Ҷаноби Расулов, ки ҳукми ин панҷ нафарро дар ҳузури даҳҳо тан аз наздиконашон мехонд, гуфт, онҳо барои узвият ба гурӯҳе гунаҳкор дониста мешаванд, ки ба гуфтаи ӯ, тибқи як қарори расмӣ аз сӯйи Додгоҳи олӣ дар моҳи марти соли 2006 ҳамчун гурӯҳи террористию экстремистӣ мамнӯъ эълом шудааст. Нуриддин Расулов афзуд, ин панҷ нафари муттаҳам, ки дар мадрасаҳои динии Эрону Покистон ва Ҳинду Индонезӣ таълим дидаанд, таблиғоти худро дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон ва баъзе аз шаҳрҳои Русия идома дода, сокинонро ба сафи худ ҷалб мекарданд. 

Ба гуфтаи додраси Додгоҳи олӣ, ин ҷамоат ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар масҷиде ҷамъ омада, раҳбари худро, ки “амир” номида мешудааст, интихоб ва назди ӯ аз пешрафтҳои таблиғотияшон натиҷагирӣ мекардаанд.

Аммо муттаҳамон, ки дар назди қозии додгоҳ охирин ҳарфи худро барои сабук кардани ҷазояшон баён медоштанд, гуфтанд, ҳар кореро, ки анҷом додаанд, дар роҳи Худо анҷом доданд ва нияти баде дар баробари сиёсати ин давлату ҳукумат надоштанд. Онҳо ҳамчунин аз вуҷуди қарори расмие дар баробари мамнӯъ будани фаъолияти пайравони ҷамоати “Аддаъва ва Таблиғ” изҳори бехабарӣ карданд, ки ба гуфтаи онҳо, ахиран сабаби боздошт ва муҷозоти онҳо шудааст.

Ба ин тартиб, Зиёвулҳақ Ҳақдодов, Насриддин Муродов, Саидакрам Ҳақдодов, Саидмаҳмад Муҳаммадхоҷаев ва Ҳидоятулло Алимов аз нахустин касоне ҳастанд, ки ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷамоати “Аддаъва ва Таблиғ” дар додгоҳ муҳокима ва равонаи зиндон шуданд. Дар баҳори имсол мақомоти интизомии Тоҷикистон даҳҳо тан аз пайравони ин ҷамоатро дар нукоти мухталифи кишвар боздошт карда буданд, аз ҷумла гурӯҳи беш аз 120-нафараеро дар масҷиди Умар Форуқи маҳаллаи “Гулистон”-и шаҳри Душанбе.

Бисёре аз ин гурӯҳ озод ва аммо дар қиболи қисмате аз онҳо парванда боз шудааст, ки интизор меравад муҳокимаи онҳо низ сурат гирад.

Юсуф Кавраков, вакили дифоъи як тан аз ин гурӯҳи панҷ нафари муттаҳам ба узвияти ҷамоати “Аддаъва ва Таблиғ”, пас аз эълони ҳукми зерҳимояташ сӯҳбат бо хабарнигоронро ҷоиз надонист ва танҳо гуфт, ки аз болои ин қарори Додгоҳи олӣ ба Додгоҳи кассатсионӣ муроҷиат хоҳад кард. 

Вале ҳукми Додгоҳи олӣ шӯреро миёни наздикони панҷ нафари маҳкумшуда ба по кард. Онҳо дар саҳни бинои Додгоҳи Олӣ, бо вуҷуди он ки маъмурони полис талош мекарданд, берун кунанд, норозӣ будани худ аз ҳукми додраси додгоҳро баён мекарданд. 

Наҷмиддин Муродов, падари Насриддин Муродов, яке аз афроди зиндонишуда, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки фарзандаш ҳеҷ талоше барои сарнагунии давлат ва ё таъсиси хилофати исломӣ дар Тоҷикистонро надоштааст. Боздошт, мурофиа ва эълони ҳукми зиндонӣ шудани бархе аз пайравони ҷамоати “Аддаъва ва Таблиғ”, ки ҳамчун як гурӯҳи исломӣ ном бурда мешавад, аксари рӯҳониёнро бетараф нагузоштааст. 



Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, мулаққаб ба Эшони Маҳмудҷон, дар як сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ аз ин амалкарди мақомоти амниятӣ дар барорбари пайравони ин ҷамоат изҳори нигаронӣ кард ва онро роҳҳали мушкили мубориза бо тундгароён дар кишвар надонист. 

Бо ин вуҷуд мақомоти интизомии Тоҷикистон аз ҷамоати “Аддавъа ва Таблиғ” ба унвони гурӯҳи террористию экстримистӣ ном мебаранд. Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафи ниҳоии гурӯҳи маҳзабии “Ҷамоаи таблиғ” таъсиси хилофати исломист ва ин амр бо қонуни асосии кишвар муғойират дорад. 

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки дар нишасти ахири матбуотияш Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, ки алайҳи бархе аз пайравони ҷараёни мазҳабии Салафия низ парванда боз шудааст. Аммо то кунун ба гуфтаи вай, таҳқиқи парванда идома дорад ва ҳанӯз ҳеҷ кадом аз салафиҳо ба баҳси додгоҳӣ кашида нашудааст.

Каюмарси Ато, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi