09:53:24 01-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КАБИРӢ: РАМЗИ ТОҶИКИЯТ ВА ИСЛОМИЯТ АЗ БАЙНИ МО РАФТ

 

/images/stories/2011/09/24_oriyonfar_24.9.2011.jpgШамсулҳаққи Ориёнфар - вобастаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар ин маросим ширкат варзид, пеш аз ҳама миннатдории хешро аз баргузоркунандагони ин маърака изҳор дошт ва аз ҷумла чунин гуфт: «Шаҳодати устоди бузург устод Раббонӣ на танҳо як зоеъа барои Афғонистон аст, балки як зоеъаи бузург барои наҳзатҳои исломии ҷаҳон аст ва аз даст додани як шахсияти бузург ва мутафаккири ҷаҳонист. Дар Афғонистон устод ягона шахсияте буд, ки меҳвари миллӣ шуда буд. Дар канори ҳеҷ шахсияти дигаре ҳама ақвом ҷамъ намешуданд. Аммо ҳар маҷлисе, ки устод Раббонӣ дар он ҷо мебуд, аз бист қавм ҳам агар нафар мебуд, раҳбар устод Раббонӣ буд. Дигар касеро раҳбар интихоб намекарданд ё бо дигар кассе ба иҷмоъ намерасиданд. Ҳеҷ вақт маҷлие аз ақвом нашудааст, ки раҳбарии ӯ аз устод Раббонӣ набошад. Чунин шахсияте, ки ба чунин меҳварият расида бошад, фақат устод Раббонӣ буд дар Афғонистон. Ва шояд душманҳо аз ҳамин ҳам таваҷҷӯҳ мекарданд, ки даст ба ин тавтиа заданд. Ва аммо дар наҳзатҳои исломӣ ҳам фикр бикунем, шояд мо дар ҷаҳони ислом, дар байни аҳзоби исломӣ, ҳарактҳои исломӣ як мутафаккири бузург дошта бошем. Ё дар мавриди як шахсияти амалӣ, кассе, ки дар ҳаракатҳои амаливу инқилобӣ нақш дошта бошад, дошта бошем. Аммо як кассе, ки ҳардуи аз инро сад дар сад дошта бошад, биср кам дорем. Ва устод Раббонӣ як мутафаккири исломист, як мутафаккири инқилобии ислормист. Олими исломӣ зиёд дорем. Олиме, ки ҳатто дар хидмати истеъмор ҳам ҳаст. Аммо олдиме, ки огоҳна исломӣ муҳаммадӣ, исломи инқилобиро дарк мекунад, биср маҳдуд аст. Устод Раббонӣ чунин шахсияте буданд. Ва касест, ки панҷоҳ соли умраш дар мубориза дар роҳи ислом сарф шудааст. Ин як муборизи мутафаккир, ки панҷоҳ сол дар роҳи ислом мубориза кардааст. Агар фарз кардем чунин муборизе ёфт шавад ҳам фале шахсе, ки панҷоҳ сол таҷрибаи мубориза дошта бошад, ба гумон аст, ки бошад. Барои ҳамин ҳам дар сахттарин ҳолатҳо роҳро мекушуд, аз бунбаст берун мешуд. Чанд вақт пеш як маҷлис буд. Дустон назар медоданд. Билохира яке аз шахсиятҳо гуфт, ки «устод, ҳар тасмимеро, ки худат мегирӣ, ҳамонро бигир, ки мо амал кунем». Дар сахттарин шароит роҳро мекушуд, ки чӣ кор бикунем ва аз бунбаст чӣ қисм бароем. Устод Раббонӣ замоне муборизаро оғоз кард панҷоҳ сол пеш ба сурати амалӣ, ки кассе бовар намекард, ки мо муборизоти исломӣ бикунем ба натиҷа мерасем. Ҳатто дар Афғонистон вазъият қисме омада буд дар як ғафлату хобидагӣ, ки дар муҳити равшвнфикрӣ намоз хондан шарм буд. Намоз кори уламои дин ҳаст. Одам, ки таҳсил карду равшанфикр шуду огоҳ шуд дигар аз ин гапҳо дурр мешавад. Дар ҳолате, ки андешаи сотсиализму марксизми даврони шӯравӣ дар авҷи иқтидор ҳасту наҳзатҳои озодибахши дунёро шӯравии муқтадир аз як тараф ҳимоят мекунад ва аз тарафи дигар дар дунёи либерализму сармоядорӣ шиор ҳамин аст, ки дар ҷаҳон ду нерӯ ҳаст ва чизи дигар вуҷуд надорад. Дар чунин вақте ҳаракати саввумро унвон мекунад. Агарчи ҳаракати саввум, ҳаракати ислом аз тарафи Саид Ҷамолиддин, Саид Қутб, Шариативу дигарон унвон шуда буд. аммо устод Раббонӣ ҳаракатро ба амал табдил медиҳад. Ва ба амал дохил шуда ин назарияро мехоҳад дар зиндагӣ пиёда кунад. Мебинем, ки комилан муваффақ ҳам мешавад. Мову шумо дар ҷаҳони ислом метавоем камтар касеро суроғ кунем, ки тақриба бо ҳамаи қудратҳои дунё рӯ ба рӯ шуда бошад. Паймони Варсов дар баробари наҳзати исломии Афғонистон, дар баробари устод Раббонӣ шикаст хӯрд. Баъд аз он паймони дигар омад. Дар замоне, ки толиб ҷанг мекард мо кати кули дунё мувоҷеҳ будем».

Агар устод имрӯз шаҳид шуд, аммо роҳаш идома дорад. Дар ҳар гӯшае, ки шумо мебинед, шахсиятҳои аз ҳамин ҳаракат бархостааст.

/images/stories/2011/09/24_hasan-rahimpur_24.9.2011.jpgҲасан Раҳимпур, донишманди эронӣ гуфт, ки «набояд тасаллият гуфт бояд табрик гуфт шаҳодати устод Раббониро. Ҳамин тавре, ки қабл аз ӯ мардони олим, мутафаккир ва муҷоҳиди мусалмон дар роҳи иззати ислом ва ҳуқуқи муслимин шаҳид шуданд. Мисли рӯҳи муттаҳари устод Нурӣ, шуҳадои наҳзати исломии Тоҷикистон, шуҳадои истиқлолу озодиву исломхоҳӣ дар Афғонистон ва шуҳадои инқилоби исломӣ дар Ирон ва кулли шуҳадои уммати ислом аз Мисру Тунис, Фаластин, Лубнон, Эрон, Афғонистон ҳама ҷо.

Ҳузури бародарони азизамон арз мекунам, ки оё вақти он нарасидааст, ки бузургони ҷаҳони ислом, уламо, равшанфикрон ва раҳбарони ҷаҳони ислом мушкили ваҳдати уммати исломиро дуруст ҳал кунанд. Дар саду панҷоҳ дусад соли гузашта, ки инглисҳо, фаронсавиҳо, амрикоиҳо, русҳо, коммунистҳо машғули ғорати ҷаҳони ислом шуданд аз шимоли Африқо то Ховари Миёна, то Афғонистон, то Малезӣ ва Индонезӣ ҳама ҷо пои артишҳои истеъморгари ғарбӣ расид, ҳамаи онҳо ба суръат фаҳмиданд ва эълон карданд, ки мо ҳарифи мусалмонон намешавем. Чун то Қуръон байни муслимин ҳаст, чун то суннати расулуллоҳ ҳаст, то он таърихи боаззамати аҳли байти пайғамбар ва аҳсоби пайғамбар ҳаст, то рӯҳи ҷиҳоду шаҳодат аст, бар муслимин намешавад мусаллат шуд. Танҳо роҳи тасаллут ва нуфуз дар байни муслимин ин аст, ки бояд мусалмононро бо дасти худашон ба замин зад ва нобуд кард. Ин тарҳест, ки саду панҷоҳ- дувист сол боз доранд дар ҷаҳони ислом таҳвил мекунанд. Ба гуфтаи донишманди эронӣ зери таъсири ҳамин тавтиъаҳо устод Раббонӣ аз ҷониби ба ном мусулмонҳо кушта мешавад.

Барои гирифтани маълумоти бештаре ба гузориши видеоие, ки аз сӯӣ хабарнигори мо таҳия шуда пешкаши шумо мегардад, муроҷиат намоед.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi