ДОДСИТОНИИ ВАҲДАТ ТӮРАҶОНЗОДАРО БОЗПУРСӢ МЕКУНАД
Додситони ноҳияи Ваҳдат рӯзи панҷшанбеи 15 декабр бозпурсии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистонро оғоз кард. Гуфта мешавад, ки ин амр ба дунболи шикояти бархе аз мақомоти тоҷик алайҳи бародарон Тӯраҷонзодаҳо сурат гирифтааст.
Рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр намозгузорон дар масҷиди “Муҳаммадия”-и ноҳияи Ваҳдат, ки ба бародарон Тӯраҷонзодаҳо мутааллиқ аст, аз ҳузури Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини давлати Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ва Анвари Вайсиддин, раиси ноҳияи Ваҳдат изҳори норизоиятӣ карда ва ба иддаои мақомот “алайҳи онҳо беэҳтиромӣ зоҳир шуда ва онҳо мавриди таҳқир қарор гирифтаанд.”
Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, субҳи рӯзи панҷшанбе Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони ноҳияи Ваҳдат, муваккили ӯро мавриди бозпурсӣ қарор додааст. Оқои Муҳаббатов таъкид кардааст, ки додситонӣ алайҳи бародарон парвандаи ҷиноӣ боз накардааст, вале дар пайи шикояти бархе аз мақомот барои таҳқиқи ин қазия маводд ҷамъоварӣ мекунад.
Ба гуфтаи оқои Ёров, додситон аз Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода маъмулан дар бораи қазияи рух дода дар масҷиди “Муҳаммадия” суол кардааст. Ҳамзамон вакили мудофеъ навори видиюии баргузории намози ҷумъа дар ин масҷид ва қазияи мавриди бозпурсиро дар ихтиёри додситонӣ қарор додааст.
Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки додситонӣ барои боз кардани парванда заминаи ҳуқуқӣ дар ихтиёр надорад. Гузашта аз ин, бародарон Тӯраҷонзодаҳо тақозо доранд, ки алайҳи ин се нафар парвандаи ҷиноӣ боз шавад.
Зеро, ба гуфтаи оқои Ёров, ин се нафар моддаи 157-и қонуни ҷиноии Тоҷикистонро нақз кардаанд. “Тибқи ин муқаррарот, монеъ шудан аз баргузории маросими мазҳабӣ ҷиноят дониста мешавад ва ин се нафар бо ҳузури ғайримунтазираи худ дар масҷид дар намозгузории мусалмонон монеъ шудаанд.”
Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ин афрод ҳамроҳ бо ҳудуди 50 тан аз маъмурони пулис ва амниятӣ вориди масҷид шудаанд ва “нисбати намозгузорон беэҳтиромӣ кардаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, ин афрод бо пойпӯши худ вориди намозгоҳ шуда рӯйи меҳроб по гузоштаанд, ки алайҳи муқаррароти исломӣ будааст.
Ин дар ҳолест, ки навори видиюии ин қазия дар сойтҳои интернетӣ пахш шуда ва чунин бардоште мешавад, ки Эшони Нуриддин, яке аз бародарони Тӯраҷонзодаҳо, дар ҳузури намозгузорон алайҳи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон тунд сӯҳбат мекард.
Аз ҷумла, Эшони Нуриддинҷон оқои Абдулқодирзодаро дар пайравӣ ба равияи Салафия, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, муттаҳам кардааст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чунин иддаъои бародари худро таъйид кард ва гуфт, ки далоиле барои чунин изҳори назар дар ихтиёр дорад.
Аз сӯйи дигар, оқои Тӯраҷонзода гуфт, ки рӯзе қабл аз ин ҳодиса Шӯрои уламои дини Тоҷикистон бо пахши баёнияе бародарон Тӯраҷонзодаҳоро дар пайравӣ ба мазҳаби шиъа муттаҳам карда ва ҳамчунин иддаъо кардааст, ки яке аз мубтакирони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ин афрод ҳастанд.
Пайравӣ аз ҳар гуна дин ва мазҳаб тибқи қавонин дар Тоҷикистон озод аст, аммо Шурои уламои исломии Тоҷикистон гуфтааст касе агар пайрави мазҳаби шиъа шуда бошад ба сурати ошкор бояд тағйири мазҳаби худро эълом кунад. Оқои Тураҷонзода иддаъои Шурои уламои исломии Тоҷикистон дар бораи гароиши ӯ ва наздиконаш ба мазҳаби шиъаи исломро бепоя ва дорои ангезаи сиёсӣ хондааст.
Оқои Тӯраҷонзода афзуд: “Мо низ инсон ҳастем. Ва фикр мекунед, баъд аз як рӯзи таҳқир мо бояд оқои Абдулқодирзодаро бо лутфу марҳамат пешвоз гирем. Мо ки хомӯш будем, вале намозгузорон аз ҳузури онҳо дар масҷид норозигӣ карданд. Мо то тавонистем онҳоро ба сабру таҳаммул даъват кардем. Вагарна, имкон дошт, қазия ҷиддитар шавад.”
Дар навори видиюие, ки дар сойтҳои иҷтимоӣ пахш шудаанд, намозгузорон бо нидои “Оллоҳ акбар” хостори берун шудани ин се нафар шудаанд. Вале ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ ин амрро ба дигар маънӣ шарҳ додаанд.
Вай афзуд: “Дар тӯли чанд рӯзи ахир пулис ва ва ниҳодҳои амниятӣ даҳҳо нафар аз намозгузороне, ки 9-уми декабр дар масҷиди “Муҳаммадия” ҳузур доштанд, боздошт карданд. Ҳашт нафари онҳо барои дод задани “Оллоҳ акбар” барои 10 рӯз зиндонӣ шудаанд, даҳҳо нафари дигар ҷарима шуданд. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки магар масҷид ҷое нест, ки шахс тавонад ибораи “Оллоҳ акбар”-ро талаффуз кунад?”
Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз пайравони худ даъват кард, ки фардо, 16 декабр барои адои намози ҷумъа ба масҷиди “Муҳаммадия” наоянд, зеро бо дастури Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолияти ин масҷид барои се моҳ мутаваққиф шудааст. Яъне, дар ин масҷид адои намози ҷумъа мамнуъ шуда ва Эшони Нуриддин ва Муҳаммадҷон Тӯраҷонзодаҳо аз симати имом-хатибони масҷид барканор шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи бародарон Тӯраҷонзодаҳо, мегӯяд, ки ба додситонӣ кашида шудани ин қазия аз ангезаҳои сиёсӣ доштани он гувоҳӣ медиҳад. Оқои Ёров бар ин назар аст, ки давлати Тоҷикистон “бо шикасте дар қазияи халабонҳои рус ва эстунӣ рӯбарӯ шуд ва ҳоло бо барангехтани қазияи Тӯраҷонзодаҳо қасд дорад таваҷҷӯҳи ҷомеъаро ба самти дигар бубарад.”
Би-Би-Си
Дар ин мавзӯъ:
ФИТНАГАРОНИ НОАЁН ВА ДАСИСАҶӮЁН КИҲОЯНД?
САЙИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА: ЯКМАЗҲАБӢ ОМИЛИ АСОСИИ МУТТАҲИДДИИ МАРДУМАСТ