18:26:22 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЖИРИНОВСКИЙЧӢ БО НОМИ ТОҶИКИСТОН "ОБРО ЛОЙ" МЕКУНАД

Думаи давлатии Русия мехоҳад, аз мақомоти Тоҷикистон сарнавишти Виктор Радивиловскийро суол кунад. Думаи давлатии Русия тасмим дорад ба қазияи ҷиноии Виктор Радивиловский номзади илми таърих, ки дар зиндони Тоҷикистон ба сар мебарад, расидагӣ кунад. Виктор Радивиловский дар соли 2010 ба ҷурми қаллобӣ дар Тоҷикистон ба 10 сол зиндон маҳкум шуда буд.

duma russiaБа гуфтаи Марсел Габидулин, сухангӯи консулгарии Русия дар Хуҷанд, Радивиловский ба 33 нафар сокини Тоҷикистон, аз ҷумла 27 тан дар шаҳри Душанбе ва 13 тани дигар дар вилояти Суғд ба ивази гирифтани аз 1,5 то 3 ҳазор доллар аз ҳар кадом қавл додааст, ки фарзандони онҳоро дар мактабҳои буҷавии олии Русия шомил мекунад. Аммо пулро гирифта, ба қавлаш амал накардааст.

Ҳоло Виктор Радиваловский дар зиндони Чкаловск дар шимоли Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад. Намояндаи Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР) дар Думаи давлатӣ гуфтааст, Радивиловскийро барои ба ҳукумати Тоҷикистон надодани коллексияи сангҳои қиматбаҳои падараш ба ҷурми қаллобӣ зиндонӣ кардаанд. Вале Марсел Габидулин, сухангӯи консулгарии Русия дар Хуҷанд гуфт, дар ҳама мурофиаҳои додгоҳӣ намояндагони консулгарӣ ҳузур доштанд ва аз ин қазия огоҳанд.

​​Ӯ гуфт, "Радивиловский дар ҷараёни баррасии парвандаи ҷиноиаш дар додгоҳ қисман ба ҷурми худ иқрор шуд ва гуфт, омодааст хисороти молии воридкарда ба мардумро ҷуброн кунад. Ба ин далел, Радивиловский дубора ба додгоҳ муроҷиат кардааст, то парвандаи вай бар асоси қонуни нави афв дар Тоҷикистон барррасӣ шавад."

Ба гуфтаи Зур Ёров, директори собиқи корхонаи давлатии "Помир самосвет", ки 30 соли умрашро ба пажӯҳиши сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ бахшидааст, ба "Озодӣ" гуфт, таснифгар ё коллексионери сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ба номи Радиваловскийро ёд надорад.

Ӯ гуфт, чанд соли қабл як шаҳрванди Русия коллексияи сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистонро, ки дар гузашта геологҳои рус пайдо карда буданд, хост аз Тоҷикистон берун барад, вале маъмурони гумрук ин коллексияро мусодира карданд.

​​​Академик Раҳим Масов, директори Пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт, Виктор Радиваловский дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон кор мекард, вале ба унвони донишманди таърих ӯро ҳеҷ кас намешиносад.

Раҳим Масов мутмаин аст, ки порлумони Русия бо дархости Ҳизби либерал-демократи Жириновский ин масъаларо бидуни таҳқиқ баррасӣ нахоҳад кард. Вай гуфт, доман задани ин мавзӯъ аз сӯи либерал-демократҳо ҷалб кардани мардуми Русия ба тарафи ин ҳизб дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурист.

Дӯстмуҳаммади Дӯст, корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ гуфт, аз зиндониён пуштибонӣ кардани Владимир Жириновский як амри маъмул дар арафаи интихоботҳост Ӯ илова кард, ки "барои ҳизби Жириновский муҳим нест, ки вай қаллоб аст ё ҷинояткор. Муҳим он аст, ки вай шаҳрванди Русия аст ва аз он танҳо ба хотири маҳбубият пайдо кардан дар байни мардуми рус пуштибонӣ мекунад."

Ба гуфтаи коршиносон, ҳалли қазияи халабонҳои ширкати "Ролкан"-и Русия сиёсатмадорони ин кишварро ба ин амал ташвиқ кардааст. Моҳи ноябр ду халабони ширкати "Ролкан" ибтидо аз тарафи додгоҳи Хатлон айбдор дониста шуда, ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуданд, вале баъд ҳукм бознигарӣ шуда, онҳоро ба ватанашон бозгардониданд.

Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi