04:41:47 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭЪТИРОЗИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ БА КУМИТАИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тавассути интишори гузоришҳои носаҳеҳ қасди беобрӯ ва бенуфуз кардани ин Ҳизбро дорад.

hnitИн ҳизб рӯзи 10-уми феврал бо интишори баёнияе аз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хостааст, ки ин кумита хабари ахири худ мабнӣ бар узви ҳизби наҳзати исломӣ будани Собир Ардаевро рад кунад.

Бино ба гуфтаи масъулони ин ҳизб, Собир Ардаев, мулаққаб ба Собири Ванҷӣ, ки ба гуфтаи мақомҳои амниятӣ, раҳбарии гурӯҳи ҷиноии қочоқчиёнро бар ӯҳда доштааст, ҳеҷ гоҳ узвияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро надоштааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви аршади ин ҳизб, дар ин бора ба Би-Би-сӣ гуфт: "Ин аввалин бор нест, ки мақомототи давлатӣ дар бораи ба ҳизби мо таъаллуқ доштани ин ё он боздоштшударо гузориш медиҳанд. Дар ҳоле ки онҳо зуви ҳизби мо нестанд."

Оқои Сайфуллозода муътақид аст, ки танҳо ғараз аз ин корҳо "беобрӯ кардан ва пойин бурдани" эътибори ҳизби наҳзати исломӣ дар миёни сокинони кишвар аст. Вай меафзояд, ки вақте "ин гуна иштибоҳҳо" ба таври систематик анҷом мешавад, пас ҳатман ин кор қасдан анҷом мешавад.

Дар номаи масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки муҳиммтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон аст, омада, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бояд дар мавриди гузориши ахири худ дар бораи боздошти Собир Ардаев раддия интишор бидиҳад.

Рӯзи панҷшанбеи 9-уми феврал телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон бо истинод ба маркази матбуъотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи ифшои фаъъолияти гурӯҳе аз қочоқчиёни маводди мухаддир гузориш дод.

Дар ин гузориш таъкид шуда буд, ки Собир Ардаев, яке аз аъзои ин гурӯҳ, узви фаъъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст - чизе ки масъулони ҳизб рад мекунанд.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамзамон таъкид карданд, ки мақомоти интизомӣ ва амниятӣ ба ҳангоми интишори хабар дар бораи боздошти муттаҳам ё ҷинояткоре, ки узви ҳизби ҳоким будааст, аз ифшо кардани узвияти ӯ ба ин ҳизб худдорӣ меварзанд.

Дар баёнияи ин ҳизб мехонем: "Аммо дар мавриди қонуншиканиву ҷиноятҳои аъзои ҲХДТ, ки ба ҳама гуна ҷиноят даст мезананд, мақомот ҳизбияти онҳоро ошкор намесозанд ва мӯҳри хамушӣ бар лаб мезананд."

Оқои Сайфуллозода дар ин бора мегӯяд: "Масалан, Фаттоҳ Саидов ахиран дар бораи ифшои гурӯҳе ҷинояткор дар миёни мақомот хабар дод, пас чаро дар бораи узвияти онҳо ба ҳизбе чизе нагуфт?"

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар поёни номаи худ ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ёдовар шудаанд, ки онҳо қаблан борҳо дар бораи "тӯҳматҳои беасос ва бархӯрдҳои ноҷои ниҳодҳои зирабт" ба ӯ шикоятҳо ирсол карда, вале посухе дарёфт накардаанд.

Би-Би-Си

Дар ин мавзӯъ: ҲНИТ ГУФТ, "СОБИРИ ВАНҶӢ" ҲЕҶ ГОҲ УЗВИ ҲИЗБ НАБУД



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 19.02.2012 17:18
bo salom
voqean in korhoi davlat joi taassuf dorad va mutaassifona kase ham ba dodi in korhoi be asosi davlat namerasad

to kay????????
imruzho mardum bedor shuda istodaand
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi