РАДДИ ДАРХОСТИ ҲНИТ ДАР КУМИСИЮНИ ИНТИХОБОТ
Иҷлоси Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25 май дар ҷаласаи худ аз додани эътиборномаи намояндагӣ ба номзади ҳизби наҳзати исломӣ, аз аҳзоби умдаи мухолиф, худдорӣ кард. Аъзои ин кумисиюн гуфтанд, ки ин тасмим бар асоси моддаи 57-и қонуни дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон иттихоз шудааст ва дар ин модда интихоби намоянда дар муддати камтар аз як сол то интихоботи порлумонӣ пешбинӣ нашудааст.
"Моддаи 57 тафсир мехоҳад"
Мубоҳисоти аслӣ миёни аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар атрофи нукоти моддаи 57-и қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ сурат гирифт. Ба эътиқоди Ҷалолиддин Маҳмудов, узви Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз ҳизби наҳзати исломӣ, нукоти ин модда ба баргузории интихоботи миёндавраӣ муртабит аст ва бо интихобот дар чаҳорчӯби феҳристи ҳизбӣ иртибот надорад.
Ба гуфтаи оқои Маҳмудов, барои ин амр баргузор кардани интихобот зарурате надошта ва танҳо нафари дигар ҷойнишини намояндае хоҳад шуд, ки ба истеъфо рафтааст. Вале Исроил Шоев, корманди масъули вазорати адлия ва узви ин кумисиюн муътақид аст, ки муқаррароти ин модда дар мавриди интихоб нашудани намояндаи ҷадид дар муддати камтар аз як сол то баргузории интихоботи порлумонӣ ба номзади феҳристи ҳизбӣ низ муртабит аст.
Мизроб Кабиров, муъовини раиси Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, таъкид кард, ки мӯҳтавои моддаи 57-и қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ чандон рӯшан нест ва аз ин лиҳоз ҳар ҷониб метавонад нукоти онро ба таври худ тафсир кунад. Дар ин ҷаласа ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки барои тафсири ин модда расман ба Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумон, ки ин қонунро тасвиб кардааст, муроҷеъа кунад.
Бо вуҷуди тақозои Ҷалолиддин Маҳмудов, намояндаи ҳизби наҳзати исломӣ дар Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар бораи то замони тафсири нукоти моддаи 57 аз сӯйи порлумон мавзӯъи радди дархости ин ҳизб матраҳ нашавад, вале ҷаласаи кумисиюн бо аксари оро дархости ҳизби наҳзати исломро барои додани ваколати намояндагӣ аз тариқи феҳристи ҳизбӣ радд кард.
Норизоятии ҳизби мухолиф
Ҷалолиддин Маҳмудов таъкид кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар пешнависи рӯзномаи ҷаласаи имрӯз на баррасии дархости ҳизби наҳзати исломӣ, балки радди ин дархост дарҷ шудааст, ин гуна тасмими Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз қабл маълум буд.
Аз сӯйи дигар, Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки билофосила пас аз истеъфои Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз порлумон Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва баъдан Мирзоалӣ Болтуев, раиси он, имкони ҷойнишинии номзади дигари ҳизб дар порлумонро радд карда буданд.
Мирзоалӣ Болтуев ба навбаи худ гуфт, ки раёсати ҳизби наҳзати исломӣ зимни нома хостори додани ваколати намояндагии порлумон ба номзади ин ҳизб шуда буд ва ӯ расман ба ин нома посух додааст. Зимнан, оқои Болтуев таъкид кард, ки ин тасмим мавзеъи сахтгиронаи Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар қиболи ҳизби наҳзати исломӣ набуда ва дар остонаи интихоботи қаблӣ ба порлумони кишвар дархости ҳизби ҳокими халқи демукрот барои додани ваколат ба ду номзад низ радд шуда буд.
Масъулони ҳизби наҳзати исломӣ гуфтанд, ки муборизаро барои ин мушкил дар чаҳорчӯби қонун идома дода ва дар ин замина ба Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Муҳаммадшариф Ҳиматзода ва Муҳиддин Кабирӣ бар асоси феҳристи ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф маҳсуб мешавад, дар интихоботи порлумонӣ дар соли 2005 узвияти Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистонро касб карда буданд. Аммо оқои Ҳимматзода ахиран бо ирсоли номае аз узвияти порлумон истеъфо дод.