22:34:32 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭНЕРЖӢ, ОБ, РОҲ... ДУ ТАМОСИ МУҲИМИ ТЕЛЕФОНИИ ЗАРИФӢ

Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳамкориву ҳамгироӣ дар бахшҳои роҳу мухобирот, энержӣ ва захоири оби Осиёи Марказиро бо намояндаи вижаи СММ баҳс кардааст.

/images/stories/2012/04/14_zarifi-1412.jpgҲамроҳхон Зарифӣ , вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар тамоси телефониаш ҳам бо намояндаи вижаи Созмони Милал дар масоили Осиёи Марказӣ ва ҳам ёвари вазири умури хориҷии Амрико "роҷеъ ба пешигирии муноқишаҳо ва таҳкими амният, ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақаӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, манбаъҳои обӣ" табодули назар кардааст.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, сӯҳбати телефонии Зарифӣ бо ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк баъд аз зӯҳри рӯзи 13-уми апрел сурат гирифтааст. "Дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи Департаменти давлатии Амрико муносибатҳои дуҷониба ва рушди ояндаи онҳоро муҳокима намуд. Онҳо инчунин дар бораи мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд. Мавзӯи дигари сӯҳбат вазъият дар Афғонистон ва кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин кишвар буд",-илова кард ҷаноби Назрӣ.

Ин сӯҳбатҳои вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи баландрутбаи СММ ва Амрико ба дунболи боз ҳам тиратар шудани муносибати миёни Тоҷикистону Узбакистон сурат мегирад. Бештари коршиносони тоҷик ба ин боваранд, ки Тоҷикистон талош дорад, то таваҷҷӯҳи ин созмон ва ҳамин тавр абарқудратеро чун Амрико ба таври мустақим ба мушкили пешомада ҷалб созад. Илова бар ин, матраҳ кардани мушкилоти миёни ин ду кишвар бо Амрико ба он маъно низ буда метавонад, ки масоили мавҷуда дар чаҳорчӯби созмонҳое, ки дар онҳо Русия нақши асосиро мебозанд, ба мисли ИДМ ва СПАД, роҳи ҳал пайдо  накардааст.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳоле ки мушкили Тошканду Душанбе ба як марҳилае дигар ва бӯҳронӣ ворид шуда ва Русия бо сукут ва бетафовутии худ ҷонибдори чунин вазъ будани худро ба намоиш гузоштааст, Тоҷикистон ногузир ташвиши худро дар сатҳи байнулмилалӣ изҳор ва матраҳ кардан мехоҳад:

"Тоҷикистон кӯшиш мекунад, шарикони бисёр дошта бошад. Тарафҳои гуногунро дар ҷараён қарор диҳад ва ба қадри имкон таваҷҷӯҳи баъзе аз ин бозигарон, масалан СММ, Амрико, Иттиҳодияи Аврупоро ба ин мушкилот ва ин таҳримҳо ва ин моҷаро ҷалб кунад."

​​Аммо Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси мустақили тоҷик, бар ин назар аст, ки матраҳ кардани мушкили робитаи Тоҷикистону Узбакистон бо СММ, Амрико ва ё ҳар кишваре дигар масъаларо боз ҳам печидатар хоҳад кард. Ин коршинос гуфт, дуруст аст, ин ҳама талошҳои мақомоти Тоҷикистон бо такя ба таҷриба ва меъёрҳои байнулмилалӣ сурат мегирад, вале калиди ҳалли мушкили миёни ин ду кишвари ҳамсоя набояд дар дасти дигарҳо қарор бигирад.

Ин ҳам дар ҳоле ки меафзояд ӯ, намояндаи вижаи дабири кулли СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда хеле пештар ба мушкилоти робитаҳои ин ду кишвар таваҷҷӯҳ мекард: "Он сохтори СММ ҳам чандон пурҳаракат нест. Мебояд ин сохтор худаш ташаббус нишон диҳад, худаш ҳаракат намояд. Тавре, ки аз кулӯх оташ намебарояд, онҳо ҳам чунинанд."

Равобити Тоҷикистон бо Узбакистон, ки аз чанд сол ба ин сӯ сард шудааст, баъд аз комилан қатъ кардани содироти газ ба Тоҷикистон аз аввали апрел ва барчидани релсҳои роҳи оҳан дар қитъае, ки ин кишварро бо ҷануби Тоҷикистон пайваст мекард, боз ҳам тиратар гардид. Тоҷикистон аз ин муҳосираи иқтисодии кишвари ҳамсояаш хисороти зиёдеро мутаҳаммил шуд. Ҳоло талош дорад, ки роҳи бурунрафт аз ин муҳосираро пайдо кунад.

Зимнан, ҳафтаи гузашта Эрон изҳор дошт, ки омодааст дар рафъи ихтилофоти миёни Тоҷикистону Узбакистон мусоидат намояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi