14:03:12 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ХУРӮҶИ НИРӮҲОИ НИЗОМИИ НАТО АЗ АФҒОНИСТОН ВА ПАЁМАДҲОИ ОН

Бо ибтикори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ ва Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе таҳти унвони «Хурӯҷи нирӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон ва паёмадҳои он» як конференсияи илмӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи мазкур мавриди баҳсу мунозираи олимону таҳлилгарони кишвар қарор гирифт.

/images/stories/2012/04/29_konferensia_29412-1.jpg

Конференсияро, ки дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, ҷараён дошт, директори ҳамин муассисаи илмӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор Акбар Турсунов ҳусни матлаъ бахшид. Дар сухани муқаддимавии худ Акбар Турсунов агарчи зоҳиран бештар хориҷ аз мавзӯи баҳс сӯҳбат карда бошад ҳам, вале нуктаҳои хеле муҳим ва мубрами имрӯзаро ба риштаи таҳлил кашид, ки як навъ ба баҳси имрӯза низ пайванди мантиқӣ дошт.

Ӯ азҷумла дар мавзӯи ифшо ва ё гуфтани ҳақиқат дар илми муосир ибрози нуқтаи назар намуда барои тасдиқи фикр мисолҳои хеле ҷолиберо ироа кард. Ба хусус мисолҳо дар бораи талошҳои олимони ӯзбек ба таври худ гуфтани «ҳақиқати» таърихи тоҷикон. Дар наворе, ки ҳамакнун пешкашатон мекунем, муштариёни гиромӣ Шумо, ин суханрониро ба пуррагӣ хоҳед тамошо кард.

Дар ин конференси илмӣ Музаффар Олимов, доктори илмҳои таърих, директори Маркази илмӣ-таҳлилӣ «Шарқ» дар мавзӯи «Хурӯҷи нирӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон», Савлатшоҳ Мерганов, афғонистоншинос, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Омили мудохилаи хориҷӣ дар шиддат гирифтани нооромиҳо дар Афғонистон», Худойбердӣ Холиқназаров, доктори илмҳоли сиёсатшиносӣ, ходими пешбари Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар мавзӯи «Хурӯҷи низомиёни НАТО ва густариши нуфузи давлатҳои абарқудрат дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ», Исмоил Раҳатов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон Русия дар мавзӯи «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ», Раҳматшоҳ Маҳмадшоев, доктори илмҳои таърих, устоди Донишгоҳи Иқтисодии Тоҷикистон дар мавзӯи «Террори сиёсии намояндагони элитаи тоҷикони Афғонистон», Ҳокимшоҳ Қурбонов устоди Донишгоҳи Соҳибкории Тоҷикистон дар мавзӯи «Афғонистон: аз иқтисоди ҷанг ба иқтисоди осоишта», Раҳматуллоҳ Абдуллоев, ходими пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Хурӯҷи низомиёни НАТО ва дурнамои рушди вазъияти этнополитикӣ дар Афғонистон» маърӯза карданд.

/images/stories/2012/04/29_konferensia_29412-2.jpgДар ин суханрониҳо нуктаҳои ҷолибу муҳиме ироа шуданд. Чунончи профессор Музаффар Олимов дар суханронии худ қайд кард, ки дар минтақа дар робита бо хурӯҷи нирӯҳои низомии НАТО агарчи таҳаввулоти азиме шуда истода бошад ҳам, вале дар Тоҷикистон доираҳои марбута ба қадри кофӣ ин масъаларо ҷиддӣ намегиранд.

Сари ин масъала Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои таърих, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, бештар таваққф кард. Ӯ афзуд, ки дар ҳақиқат ба мавзӯи Афғонистон, таъсири авзои ин кишвар ба вазъи Тоҷикистон ва ғайра  чунон, ки боистӣ аҳамияти зарурӣ дода намешавад.

/images/stories/2012/04/29_konferensia_29412-4.jpgӮ мисол овард, ки чи гуна аз хориҷа марказҳои таҳлиливу, расонаҳо бо онҳо дар тамос шуда нуқтаи назари онҳоро доир ба ин ва он рӯйдодҳои Афғонистон мепурсанд, вале дар худи Тоҷикистон касе дар ин бора ба онҳо муроҷиат намекунад.

Ҳатто ба конференсияи байналмилалие, ки чанде пеш дар Душанбе бо ҳузури вузарои хориҷии беш аз чил кишвари ҷаҳон гузашт, ходимони шӯъбаи онҳо дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, ки асосан ба афғонистоншиносӣ машғл ҳастанд, ба ин конференсия даъват нашуданд.

/images/stories/2012/04/29_konferensia_29412-3.jpgДар ҳамин ҳол Худойбердӣ Холиқназаров дар ин фикр аст, ки нирӯҳои НАТО ва Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ аз Афғонистон хориҷ нахоҳанд шуд ва ба ин мавзӯъ расонаҳои Ғарб танҳо ба хотири дар оянда нуфузи худро дар минтақа бештар кардани кишварҳояшон доман мезананд. Ҳокимшоҳ Қурбонов қайд кард, ки барои бозсозии Афғонистон ҷомеъаи байналмилалӣ кӯмакҳои зиёде кард.

Аксари кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо истифода аз ин кӯмакҳои ҷомеъаи байналмилалӣ дар бозсозии Афғонистон ширкат карда ба дин васила оҳоеро тдар пебрди иқтисодиёти худ анҷом додаанд. Ба гуфтаи ӯ, мутаассифона, Тоҷикистон дар ин самт чандон муваффақ набудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi