06:31:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАҲМОН БА МАРОСИМИ ТАҲЛИФИ ПУТИН ДАЪВАТ НАШУДААСТ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими таҳлифи (савгандёдкунӣ) Владимир Путин, раиси ҷумҳурии мунтахаби Русия, ширкат нахоҳад кард. Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати умурои хориҷаи Тоҷикистон, барои ширкат дар ин маросим аз сӯйи Русия даъватнома ворид нашудааст. Ба ин далел ҳеҷ касе аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои ширкат дар ин маросим озими Маскав нахоҳад шуд.

/images/stories/2012/05/04_putin_rahmond_4512.jpgДавлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, ки дар чанд соли ахир дар ҷамоҳири собиқ шӯравӣ чунин суннат роиҷ шудааст, ки баргузории маросими таҳлифи руасои ҷумҳури ҷадид бидуни даъват аз раҳбарони кишварҳои хориҷӣ сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир Президент Раҳмон дар маросими мушобеҳ дар бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар Туркманистон ва Қирғизистон, ширкат карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Тӯрабек Назаров, муъовини сафири Тоҷикистон дар Русия, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба маросими таҳлифи Владимир Путин, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Русия, Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав, даъват шудааст.  Вай хабар дод, ки тақрибан баъд аз як ҳафтаи баргузории ин маросим, яъне 15 май қарор аст дар Маскав ҳамоиши раҳбарони кишварҳои ҳамсуд ва кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шавад.

Ба гуфтаи оқои Назаров, интизор меравад дар кори ин ду ҳамоиш раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат кунад: "Дар чорчӯби ин ҳамоиш раҳбарони кишварҳои ҳамсуд бо раиси ҷумҳури ҷадиди Русия дидор ва гуфтугӯ хоҳанд дошт."

Оқои Назаров дар посух ба ин суол, ки оё раҳбарони бархе аз ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ба маросими таҳлифи Владимир Путин даъват шудаанд ё хайр, гуфт, ки дар ин замина иттилоъ надорад. Моҳи гузашта бархе аз расонаҳои гурӯҳии Русия бо истинод ба манобеъи Кремлин гузориш доданд, ки куллияи раҳбарони кишварҳои ҳамсуд ба ин маросим даъват шудаанд.

Баъдан ин хабар такзиб шуд ва масъулони раёсати ҷумҳурии Русия эълом карданд, ки баргузории маросими таҳлифи оқои Путин бидуни даъват аз ҳайъатҳои кишварҳои хориҷӣ доир мешавад. Вале ба навиштаи нашрияи "Коммерсант"-и чопи Маскав, ба ин маросим танҳо раҳбарони Белорус, Қазоқистон ва Укройн даъват шудаанд. Белорус ва Қазоқистон аз шарикони наздики Русия маҳсуб мешаванд, ки соли гузашта як иттиҳодияи гумрукӣ таъсис доданд.

Ҳамчунин Русия ва Белорус ҳамдигарро "кишваре муттаҳид" (союзное государство) эълом кардаанд. Давлати Виктур Янукович дар Укройн низ аз шарикони Кремлин маҳсуб мешавад ва коршиносон мегӯянд, ки Русия мехоҳад Укройнро шомили таррҳои ҳамгироёнаи худ кунад. Тоҷикистон аз замони ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 худро бо Русия "шарики роҳбурдӣ (истротежик)" эълом кардааст, вале ба гуфтаи таҳлилгарон, равобити ин ду кишвар дар солҳои ахир башиддат тира шудааст.

Ба гузориши расонаҳои Русия, Силвию Берлускунӣ ва Герҳорд Шрудер, собиқ нахуствазирони Итолиё ва Олмон ҳам, ки аз дӯстони Владимир Путин маҳсуб мешаванд, ба ин маросим даъватнома гирифтаанд. Рӯзи ҷумъаи 4 май эълом шуд, ки маросими таҳлифи оқои Путин, ки рӯзи душанбеи 7 май баргузор мешавад, тавассути шаш шабакаи телевиюнии Русия ба таври мустақим намоиш дода хоҳад шуд.

Зимнан, Владимир Путин барои севумин давра ба курсии раёсати ҷумҳурии Русия менишинад. Вай аз соли 2000 то 2008 ду давраи чаҳорсолаи раёсати ҷумҳурии Русияро бар ӯҳда дошт. Тибқи Қонуни асосии Русия як нафар наметавонад беш аз ду давра (қаблан чаҳорсолӣ буд, ҳоло шашсолӣ) дар курсии раёсати ҷумҳурӣ биншинад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, оқои Путин дар соли 2008 симати нахуствазирии Русияро ба уҳда гирифт.

Ҳарчанд Дмитрий Меведев дар чаҳор соли гузашта раиси ҷумҳур буд, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки қудрати аслӣ дарвоқеъ дар дасти оқои Путин буд. Ҳамакнун ин "марди қудрати" Русия барои ду давраи шашсола шонси боқӣ мондан дар курсии раёсати ҷумҳуриро хоҳад дошт.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi