01:19:09 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТӮРАҶОНЗОДА: 'АЗ НАМОЗГУЗОРӢ ДАР МАСҶИДИ "МУҲАММАДИЯ" ДАСТ НАМЕКАШЕМ'

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруф, мегӯяд, ки бо вуҷуди манъи фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия" дар шаҳристони Ваҳдат ба намозгузорӣ дар ин масҷид идома медиҳад. Вай рӯзи сешанбеи 29 май дар суҳбат бо мо гуфт: "Ҳатто агар барои намозгузорӣ мехоҳанд маро муҷозот кунанд, аз намозхонӣ дар ин масҷид даст намекашам."

/images/stories/2012/05/30_akbari-turajonzoda-30512.jpgИн дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Ваҳдат ахиран бо ирсоли нусхаи ҳукме ба бародарон Тӯраҷонзода таъкид кардааст, ки фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия", мутаъъаллиқ ба хонаводаи Тӯраҷонзода, комилан манъ шудааст. Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки Кумитаи дини давлати Тоҷикистон аз ин додгоҳ хоста буд, ки баргузории намози ҷумъа дар ин масҷидро мамнӯъ кунад. Ва "Муҳаммадия" метавонад ба унвони масҷиди панҷвақта фаъъолият дошта бошад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи бародарон Тӯраҷонзода, ба мо гуфт, ки вай аз қозии ин парванда дар додгоҳи ноҳияи Ваҳдат дар бораи ҳукми тозаи қозӣ тавзеҳ хостааст. Вай аз қавли қозии парванда гуфт: "Масҷид метавонад ба унвони як масҷиди панҷвақта фаъъолият кунад ва касе намозгузорӣ дар онро мамнӯъ накардааст. Танҳо баргузории намози ҷумъа мамнӯъ шудааст."

Оқои Ёров мегӯяд, ки қозии парванда замонат додааст, ки идомаи намозгузорӣ дар ин масҷид бар хилофи қонун ва муқаррароти додгоҳ нест. Бо ин вуҷуд, бародарон Тӯраҷонзода тасмим гирифтаанд, ки аз ин ҳукм ба Додгоҳи олӣ шикоят бубаранд. Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ҳатто дар сурати таъйиди манъи фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия" аз сӯйи додгоҳ вай намозгузорӣ дар ин масҷидро қатъ нахоҳад кард.

Бузургмеҳр Ёров дар тавзеҳи чунин тасмими муваккилаш мегӯяд, ки агар Додгоҳи олӣ низ ин ҳукми додгоҳи Ваҳдатро таъйид кунад, онҳо ба додгоҳҳои дигари истинофӣ ва додгоҳи байналмилалӣ муроҷиъа хоҳанд кард.

Оқои Ёров афзуд: "Тибқи қавонини Тоҷикистон, то замоне ки баррасии ин қазия дар додгоҳ идома дорад, муқаррароти додгоҳи ноҳияи Ваҳдат ба иҷро дарнамеояд. Ба ин тартиб, намозгузорӣ дар масҷиди "Муҳаммадия" ҳанӯз мамнӯъ нест. Идомаи баррасии ин қазия метавонад моҳҳо ва ҳатто солҳо тӯл бикашад."

Вале ба гуфтаи ин ҳуқуқдон, агар ҳамаи сутӯҳи додгоҳӣ ҳукми додгоҳи Ваҳдатро таъйид кунанд ва бародарон Тӯраҷонзода намозгузориро ҳамчунон идома диҳанд, ин амр нақзи қонун ва ҷурм дониста шуда ва пайгарди қонуниро дар пай хоҳад дошт. Баҳс бар сари фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия" дар ноҳияи Ваҳдат, ки мутаъаллиқ ба бародарон Тӯраҷонзода аст, аз пойизи соли гузашта идома дорад.

Нахуст, дар авохири соли гузашта Шӯрои уламои исломӣ дар баёнияе бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзодаро ба баргузории маросими "Ошӯро" ба шеваи пайравони мазҳаби шиъа муттаҳам карда ва иддаъо дошт, ки онҳо аз ин роҳ қасд доштаанд дар миёни мусалмонон "фитна" ангезанд.

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат 23 декабр бародарон Тӯраҷонзодаро дар таҳқир ва тавҳини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон муҷрим шинохт ва ҳар яке аз онҳоро 350 сомонӣ ҷарима кард. Шикояти додгоҳии бародарон Тӯраҷонзода аз "тақаллубӣ" будани баёнияи Шӯрои уламои дин натиҷае дар пай надошт.

Дар ниҳоят, Кумитаи дини Тоҷикистон хостори панҷвақта шудани масҷиди "Муҳаммадия" шуд. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки ҳатто чунин муқаррароти додгоҳи Ваҳдат ғайриқонунӣ аст, зеро додгоҳ далоиле барои судури чунин ҳукмро дар ихтиёр надошт.

Ба масҷиди панҷвақта табдил ёфтани масҷиди "Муҳаммадия" ва сипас қатъи фаъолияти он, ба гуфтаи таҳлилгарон, минбар барои ироаи паёмҳо ва мавъизаҳои бародарон Тӯраҷонзодаҳоро, ки рӯҳониёни саршиносе дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, маҳдуд хоҳад кард.

Соли гузашта ниҳодҳои иртибототи Тоҷикистон бидуни ироаи далоиле дастрасӣ ба сойти хонаводагии Тӯраҷонзодаро низ масдуд карданд. Чопи китоби ҷадиди Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ бо мушкилоте рӯбарӯ шуд. Дар пойизи соли гузашта дар корхонаи панбаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода оташсӯзие рух дод ва таҳқиқи ин ҳодиса барои ошкор сохтани омилони ин ҳодиса то ҳол натиҷае надодааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки мақомоти маҳаллӣ дар навоҳии мухталиф мардумро ҳушдор медиҳанд, ки бародарон Тӯраҷонзодаро ба маросими мазҳабии худ даъват накунанд. Дар акси ҳол, чунн афрод ба ниҳодҳои амниятӣ даъват шуда ва мавриди "сӯҳбатҳову фишорҳо" қарор мегиранд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi