20:05:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗАРИФӢ: "МУЗОКИРА БАР САРИ ПОЙГОҲ АНҶОМ НАШУДААСТ"

Тоҷикистон мегӯяд, гуфтугӯ дар масъалаи пойгоҳи 201-и Русия бояд сари мизи музокирот ва пушти дарҳои баста сурат бигирад. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, гуфт: «Аз нуқтаи назари ман ва ҳукумати Тоҷикистон музокирот бояд сари мизи гуфтушунид сурат бигирад.»

/images/stories/2012/07/16_hamrokhon-zarifi-160712.jpgБо он ки нишасти хабарии Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷии Тоҷикистон ба натоиҷи фаъолияти ин вазорат дар нимаи нахусти соли ҷорӣ ихтисос дошт, аммо ҳамкории Тоҷикистон бо Русия, ба хусус сари мавзӯи тамдиди пойгоҳи низомии ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистон дар меҳвар қарор гирифт.

Зеро ахиран мансабдорони рус, ба хусус генералҳои ин кишвар дар ин масъала изҳори назар карда ва Владимир Чиркин, фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Русия гуфта буд, ки «созишномаи тамдид пойгоҳ ба хатар рӯ ба рӯст».

Аммо Ҳамроҳхон Зарифӣ, мавқеи худ ва ҳукумати Тоҷикистонро дар қиболи ин гуна изҳоротҳо чунин баён кар, «Аз нуқтаи назари ман ва ҳукумати Тоҷикистон  музокирот барои он вуҷуд дорад, ки бояд сари мизи гуфтушунид сурат бигиранд. Хусусан сари масоили муҳими ҳамкории низомӣ бояд гуфтугӯҳо сари мизи музокирот ва пушти дарҳои баста анҷом шавад. Ба ин далел Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ҳамкории стратегӣ ва равобити деринаи дӯстона, бо ФР муколамаи маъмулиро идома дода истодааст».

Ҳамзамон вазири хорҷии Тоҷикистон гуфт, ки «агар барои баъзе ашхос, ки наметавонанд ин ҷузъиётро дар даст нигаҳ доранд ва онро фош мекунанд ин айби онҳо нест, балки бадбахтии онҳост."  Дар ҳоле, ки ба таъкиди Зарифӣ, дар давлати ҳуқуқбунёд барои ифшо кардани маълумоти муҳими давлатӣ ҷавобгарии мушаххас вуҷуд дорад.

Аммо вазири хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки музокирот бо ҷониби Русия дар сатҳи маъмулӣ бо назардошти дастуроти раҳбарияти ҳар ду кишвар ҷараён дорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин Ҳамроҳхон Зарифӣ аз изҳори назар дар мавриди ҷузъиёти музокирот, маблағ ва мӯҳлат дар ин замина худдорӣ кард. Зеро ба таъкиди вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле, ки музокирот сари ин масъала анҷом нашудааст, арзёбӣ ва шарҳи он барои сиёсатмадор ва масъули давлатӣ ҷоиз нест.

Бо ин ҳам вазири хориҷии Тоҷикистон муносибат бо Русияро хеле хуб арзёбӣ кард ва гуфт, ки Тоҷикистон бо шарики стратегии худ аз рӯи манфиатҳои миллӣ амал мекунад.

Аммо Ҳамрохон Зарифӣ, гуфтушунид бо ИМА дар бораи эҷоди пойгоҳи низомии ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистонро рад кард. Вай гуфт, «Тоҷикистон ҳеҷ гуна гуфтушунид дар масъалаҳои базаи ҳарбӣ бо ИМА надорад».

Ахиран Дани Бертон, раҳбари ҳайати конгресменҳои ИМА зимни сафар ба Душанбе, изҳор карда буд, ки ба дунболи хурҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014, фаъолияти пойгоҳи низомии Амрико дар «Манас» -и Қирғизистон қатъ хоҳад шуд ва ба эҳтимоли зиёд Тоҷикистон метавонад ин нуқтаи стратегиро иваз кунад. Аммо Ҳамрохон Зарифӣ, дар ин робита гуфт, ки вазири хориҷии Тоҷикистон  изҳороти намояндагони порлумонҳои дигар кишварҳоро комент ё тавзеҳ намекунад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 ва интиқоли нерӯву таҷҳизоти кишварҳои аъзои Эътилофи байналмилалӣ ва паёмади он барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар нишасти хабарии Зарифӣ матраҳ гардид. Вазири хориҷии Тоҷикистон аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки муносиботи ИМА бо Покистон беҳ шуда ва интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти НАТО аз тариқи ҷануб имконпазир хоҳад шуд. Аммо ба таъкиди вай, дар масъалаи интиқол ва мондан ё намондани нерӯ ва таҷҳизоти кишварҳои Эътилофи Байналмилалӣ дар Тоҷикистон, гуфтушӯниде анҷом нашудааст.

Бо ин ҳам вазири хориҷии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки кишвараш омодаи кӯмак барои таъмини суботу амнияти Афғонистон пас аз 2014 аст ва ҳама имконоти худро дар ин замина истифода хоҳад кард. Зеро ба таъкиди ин мақоми баландпояи тоҷик, таъмини амнияти Афғонистон, омили субот дар минтақа, ба хусус кишвари ҳамсояаш Тоҷикистон аст.

Вазири хориҷии Тоҷикистон дар мавриди истифода ва ҳатто иҷораи фурудгоҳи низомии «Айнӣ», дар канори шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки «музокирот бо ҳеҷ кишваре дар ин маврид вуҷуд надорад»

Аммо Ҳамрохон Зарифӣ эҷоди маҳдудият тавассути Узбакистон барои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон дар заминаи интиқоли борҳо дар марзро «мушкиле» унвон кард», вале гуфт, «албатта ин каме душворӣ пеш меорад. Аммо ҳар кишвар ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи манфиатҳои миллии иқтисодӣ ва ё амниятии худ ин ё он қонунро қабул кунад. Ин як каме душворӣ пеш меорад, аммо масъала ин тур нест, ки пурра баста шавад».

Бо ин ҳам вазири хориҷии Тоҷикистон муносибат бо Узбакистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро хуб талаққӣ кард ва гуфт, равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа дар чорчӯби созишномаҳои дуҷониба ва минтақавӣ идома дорад.

Ҳарчанд, хулосаи хабарнигорон аз нишасти вазири хориҷии Тоҷикистон посухи дипломатӣ ба бархе  аз суолҳои матраҳшуда аст, аммо мояи хушҳолии намояндагони «ҳокимияти чорум» ин будааст, ки дар муқоиса ба чанд нишасти қаблӣ, худи Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ҷамъи хабарнигорон ҳузур пайдо кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi