14:41:12 09-уми Июни 2025 сол

БАЁНИЯИ ШӮРОИ СИЁСИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъияти феълии кишварро дар ҷаласаи худ аз 24 июли 2012 мавриди баррасӣ қарор дода, куштори генерал Абдуллоҳ Назаров, сардори раёсати амнияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро маҳкум менамояд ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон мебошад.

/images/stories/2012/07/25_hizbi-nahzat-250712.jpgДар чунин ҳолат, вазифаи мақомоти марбутаи давлатист, ки барои тафтиши ҷинояти содиргашта ва ошкор намудани афроди ҷинояткор чораҳои лозимиро дар чорчуби қонун бияндешанд. Бояд зикр кард, ки мақомоти кишвар талоше барои ҳалли қазия ва пайдо намудани афроди ҷинояткор аз усулҳо ва имконоти ниҳодҳои мулкӣ ва шахсиятҳои шинохтаи минтақа истифода карданд.

Ҷониби дигарро низ лозим буд, ки бо мақомот барои ёфтани роҳи ҳал ҳамкорӣ нишон медод. Дар чунин ҳолат бояд эҳсосот канор гузошта мешуд ва бидуни шитобзодагӣ талошҳои бештар барои пайдо кардани роҳи ҳалли муносиб харҷ мегашт.

Ҷои таассуф аст, ки ҳамкорӣ накардан бо мақомоти кишвар ва шитобзадагӣ зоҳир кардани ситоди муштарак боиси амалиёти вежаи низомӣ гардид, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти сангинеро ба бор дошт ва сабаби нооромии як гушаи ватанамон гардид.

Барои пешгирӣ аз талафоти бештар, Шӯрои сиёсии ҲНИТ даъват менамояд, ки ҳарчи зудтар задухурдҳо қатъ гашта, барои баргардонидани субот ва оромӣ дар минтақа талошҳо ба харҷ дода шаванд. Истифода аз муколама ва василаҳои ғайринизомӣ беҳтарин роҳ барои ҳалли қазия мебошад.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз аъзо ва ҳаводорони ҳизб даъват менамояд, ки барои ҳифзи оромӣ ва қонуният кушиш намоянд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ

24.07.2012

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854