13:01:36 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОЛИБ АЙЁМБЕКОВ: “МАН ИНТИЗОРАМ, КИ ПРЕЗИДЕНТ БА ХОРУҒ БИЁЯД”

Толиб Айёмбеков мегӯяд, ба мусоадати Имом Оғохон ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умедвор аст.

/images/stories/2012/08/11_tolib-ayombekov-110812.jpgБо иваз шудани паёпайи шумораҳои телефоние, ки ба воситаи шахсони сеюму чаҳорум ба дасти мо расид, Толиб Айёмбеков, ки яке аз ҳадафҳои амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ ба шумор меравад, бо мо дар тамос шуд. Табъан, нахустин пурсиши мо ин буд, ки ӯ аз куҷо гап мезанад.

Айёмбеков: “Ман дар Хоруғам. Тир хӯрдаам, захмиям ва табобат мегирам. Ду додарчаам низ захмӣ шудаанд, яке аз пой ва дигаре аз манаҳу гардан.”

-Пас Шумо ба Афғонистон фирор накардаед? Ё муддати кӯтоҳ он ҷо будед?

-Ин овозаҳоро шунидам. Инҳо ҳама гапи дурӯғанд. Ман аз Хоруғ берун нарафтаам ва ҳама дар куҷо будани маро медонистанд. Ҳама медонанд, ки ман не Афғонистон рафтаму не Покистон. Ягон ҷо нарафтаам. Ҳамин шаҳрда будам. Захмӣ будаму як ҳафта, рости гап, баромада натавонистам.

-Шумо мусаллаҳед?

-Баъд аз хоҳиши Имоми Замон (Манзур Шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон – С.А.) мо ҳамаи силоҳҳоро супоридем. Аз номи Оғохон омаданд, ки ҳамин силоҳро супурдан даркор. Ҳамаро ҷамъ карда супориданд. Ҳоло дар Хоруғ ягон кас силоҳ надорад, фақат ҳамин қувваҳои ҳукуматӣ силоҳ доранд, дар роҳҳо шишатагиянд. Ана, имрӯз як мошинро заданд, як ҷавонро паронданд, вай гузаштааст ва як зану ҷавони дигар вазнинанд. Халқ боз нороҳат, халқ хестааст. Намедонам, пагоҳ чӣ мешавад.

-Агар нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамла кунанд, чӣ кор мекунед?

-Мо ба Имоми Замон ваъда кардем, ки агар биёянду бизананд, дигар чӣ кор мекунем? Дастҳоро мебардорем, дигар илоҷ надорем. Ҳоло бе силоҳ мо чӣ хел ҷанг кунем? Мо фикри ҷанг ҳам надорем. Мо тинҷӣ мехоҳем.

-Шумо дар раванди гуфтушунид ширкат доред?

-Мо гуфтему мегӯям, ки тарафдори роҳи қонунии ҳалли масъала ҳастем ва ҳамин гапро гуфтшунид кардем. Комиссия ташкил шудааст ва одамон назди ман меоянду мераванд. Ман ҳамин ҷо дар медпункт хобам, ин ҷо меоянд, “допрос” мекунанд ва боз мераванд он ҷо гуфтушунид мекунанд.

-Ҳоло масъалаи мавриди баҳс чист?

-Розигӣ шудааст, ки нерӯҳо бароварда шавад ва таҳқиқи ҷиноӣ давом кунад. Хуб аст, ки се рӯз боз таҳқиқ рафта истодааст. Вазири мудофиа худаш гуфт, ки таҳқиқ сар шавад, оҳиста-оҳиста қувваҳоро мебарорем. Гуфт, мо меравем, Вазорати корҳои дохилӣ кори худро пеш барад. Вале дар амал ин хел нашуда истодааст.

Баръакс боз қувва оварда истодаанд. Ҳамон одамон ҳама мондагиянд, постҳо мондагиянд. Снайперҳо ҳам истодаанд ва ба болои онҳо боз 90 нафари дигарро партофтанд. Дар ин ҳол ҳар хел “провокатсия” шуданаш мумкин. Қувваи сеюм ҳаст ва метавонад, аз ин вазъ истифода кунад.

-Додситонии кулли Тоҷикистон Шуморо дар як силсила ҷиноятҳо айбдор мекунад. Ба монанди қочоқи маводи мухаддир ва сангҳои қиматбаҳо, барнагардондани қарзҳои бонкӣ, ба Афғонистон бурдану фурӯхтани духтарон ва ғайра. Ин иттиҳомот асос дорад?

-Дар ин масъала то ҳоло бо мо гапе назадаанд, Аммо бояд бигӯям, ки ҳамон духтаракон хоҳаракони мо ҳастанд. Ин гап қариб ду сол боз идома дорад. Ман баръакс дар ҷустҷӯи онҳо ҳастам ва барои ин хеле кор кардам. Ҳамон одамонро ва ҳам ҷои онҳоро ёфтам. Дар масъалаи қочоқ ҳам ҳама медонад, ки ман дар ин корҳо даст надоштам ва надорам. Ин ҳама гапу гапча буд барои сиёҳ кардани одам. Вақте далелҳо пайдо шавад, баъд маълум мешавад.

-Далел оварда мешавад, ки Шумо дар Хоруғ чандин хона ва чандин мошини қиматбаҳо доред, ки бо маоши одӣ харидан номумкин аст.

-Аз прокуратура омаданд, аз Вазорати корҳои дохилӣ, андоз, хадамоти зидди коррупсия. Ман гуфтам, равед, хонаи марову мошинҳои маро бинед. Рафтанду диданд, санҷиданд. Ман як хона дорам, ки ягон хел “особняк” нест ва дигарон барин дову дастгоҳ надорад. Чанд мошин дорам? Як мошин қатӣ ҳафт сол аст ҳам кори ҳукуматро мекардам ҳам кори шахсиямро. Ҳамаи корҳоямро ман бо қарзи бонк кардааму мекунам.

Рафтанду диданд, ки аз чанд банк кредит гирифтааму кор кардаам. Рости гап, ҳамин хел кор аст, ки гоҳ месупорем қарзро, гоҳ наметавонем. Соли 2008-ум Ҷаноби олӣ (раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – С.А.) омад, аҳволи моро дид ва худаш гуфт, бачаҳоро кредит диҳед, кам-кам тиҷорат кунанд. Аз ҳамон вақт “кредитбозӣ”-ро сар кардем, ҳоло ҳам кредит қатӣ кор карда истодаем. Не қочоқу не сангу не дигару дигар.

-Гуфта мешавад, ҳамон қарзҳои бонкиро ҳам барнагардондаед.

-Чанд бор гирифтему баргардондем. Ҳоло барнагардонда бошем ҳам, “залог” мондагӣ ҳастем ку. Кор пеш наравад, чӣ кунем? 120 ҳазор доллар гирифтему 240 ҳазор гарав мондем. Агар баргардонда натавонем, аз ҳисоби гарав мепӯшонем ку.

Мо он пулро ба зӯрӣ нагирифтаем, “залог” мондагием. Вай амонатӣ аст, бояд баргардонем. Ҳама медонад, ки худи ҳамин генерал дар ин ҷо чӣ корҳо мекард. Ба вай ҳам медодем. Ман намедонам, ба кӣ даркор буд, ки генерал кушта шавад, ба мо ин чиз даркор набуд. Вале бе куштани ӯ ҳам ба мо ҳуҷум карданӣ буданд.

-Ба кадом далел ва сабаб?

-Сабабро бояд аз онҳое пурсид, ки ин корро карданд ва сабаби хунрезӣ дар моҳи шарифи Рамазон шуданд.

-Ҳоло бипурсам, ки бо фармондеҳони дигари собиқи мухолифон – Имумназар Имумназаров, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламов робитаи Шумо чӣ хел буд ва ҳоло чӣ хел аст?

-Робитаам хуб аст. Ҳамаи онҳо омаданд ва маро хабар гирифтанд, наздам нишастанд. Муносибатамон чӣ хел, мо ҳамроҳ калон шудаем ва ҳамдигарро ҳурмат мекунем, ҳоло ҳам ҳамин хел.

-Яке аз онҳо гуфтааст, ки ба шумоён 7 миллион доллар пешниҳод карданд, то дар Тоҷикистон табаддулот анҷом диҳед, ин рост аст?

-Рост мегӯяд, бачаҳои бегона омаданд, ки ҳамин хел кунем. Хайр мо розӣ нашудем, рости гап. Мо гуфтам, намехоҳем, ки барои як-ду сӯм шуда халқи худро фурӯшему халқи худро бикушем. Мо гуфтем, дасти мо қатӣ ин корро накунед. Ин гапҳо буданд. Чанд бор буд. Ҳама медонанд. Ин гапҳо пеш ҳам буд. Мо ҳукуматро хабардор ҳам кардем, вазирҳоро, ҳамааш медонанд.

-Онҳо киҳо буданд?

-Хайр, одамони бегона буданд. Аз Тоҷикистон не. Аз давлатҳои дигар. Вазирон огоҳ шуда буданд, ҳамаашон медонанд.

-Шумо гуфта метавонед аз кадом давлат?

-Мо ба вазирон гуфтаем, онҳо ҳамаашон медонанд.

-Баъзеҳо Шуморо одами Русия меноманд, баъзеи дигар Шуморо ҳамкори нерӯҳое дар Афғонистон медонанд, ба ин чӣ мегӯед?

-Ман қариб 17 сол шуд дар соҳаи қонун кор кардам. Ман барои Тоҷикистон кор кардам ва не бо русаму не бо каси дигар. Бо фармони президент кор кардам ва то ҳамин рӯз ҳам дар фармони президент ҳастам. Он чизеро ки дар Хоруғ рӯй дод, ман маҳкум мекунам. Мо халқи тоҷик ҳама як миллатем. Мо бародаркушииро як бор дидем, дигар намехоҳем бинем.

Нав Тоҷикистон роҳи худро ёфтааст, ба по хестааст, ин нохушӣ ба мо даркор нест. Мо ба Ҷаноби олӣ хат навиштем ва интизорем, ки ба Хоруғ биёяд, ҳамаи халқ интизори ӯст, ки биёяд ва ҳама чиро ба чашми худ бинад. Вай касест, ки миллати тоҷикро ҳифз кардааст ва ҳифз мекунад.

-Дар даргириҳои Хоруғ чандин нафари бегуноҳ кушта шуд ва тамоми Тоҷикистон рӯҳан ноором гашт. Шумо, шахсан, худро дар ин қазия гунаҳкор мешуморед?

-Ман агар худро гунаҳкор ҳис мекардам, гапҳои инҳо қатӣ, мумкин аст Покистону Афғонистон ё ба ягон кишвар мегурехтам. Ҳамон чаҳор каса ман ҳамон рӯз ҳам гуфтам, ки боздошт мекунем. Номҳоро оварданд, як бор чаҳор кас, баъд номи даҳ кас. Барои боздошти ҳамаи онҳо вақт даркор буд. Метавонистанд ку ду рӯзу се рӯз интизор шаванд, ҳамон вақт интизор шудан даркор буд, агар иҷро намешуд, гапи дигар.

Аммо инҳо як рӯз омаданду рӯзи дуюм тирпарониро сар карданд. Шаб, вақте ки мардум хоб буд. Соати 11-и шаб вазири умури дохилӣ телефон кард. Гуфт, тамом, пагоҳ соатҳои 8 ё 9 он даҳ касро роҳӣ кунед. Гуфтем, мешавад. Аммо ҳамон шаб 15-то кам 4 кор сар шуд. Бераҳмона тирандозӣ карданд. Дар даруни шаҳр. Ман дар хонаам хоб будам. Мансабдорон соати 2-и шаб хешу табору бачаҳои худро аз шаҳр бароварданд, аммо халқи бечора дар хоб буд. Халқ медонад, ки кӣ гунаҳкор асту кӣ бегуноҳ.

-Шумо дар як ҳолати бисёр танг, дар бунбаст ҳастед. Фикр мекунед, кӣ метавонад ба кӯмаки Шумо расад ва мадад кунад?

-Мо фақат аз Худо умедворем, сипас аз Имоми Замон ва раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки барояш хат навиштем. Президент фикри моро мекунад. Мо ҳама гапро дар хатҳои худ навиштем. Чӣ кору гап буд, навиштем ва гуфтем, қонун чӣ талабе кунад, мо иҷро мекунем. Қонун бояд дутарафа кор кунад. Ба Ҷаноб навиштем, ки як бор дидем бародаркуширо, магар бас нест?

Салими Аюбзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi