18:30:43 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЭЪТИРОЗИ СОКИНОНИ ХОРУҒ ДАР ПАЙИ КУШТОРИ И.ИМОМНАЗАРОВ

Гурӯҳи 20-нафарии миёнҷӣ мегӯяд, ҳалли қазияи Хоруғ ба дасти президент аст, вагарна вазъият аз контрол хориҷ хоҳад шуд.

/images/stories/2012/08/22_imomnazar-imomnazarov-22081.jpgБеш аз се ҳазор сокини шаҳри Хоруғ дар майдони "Ваҳдат", дар рӯбарӯи бинои шаҳрдорӣ, ҷамъ омада, ҷасади Имомназар Имомназаров, яке аз чаҳор фармондеҳи мухолифон дар Бадахшонро ҳам бо худ овардаанд. Онҳо мегӯянд, ин корро ба нишони эътироз алайҳи "аҳдшикании мақомот" кардаанд. Зеро ба қавли тазоҳургарон, "шикор"-и Имомназаров кафолати таъмини амнияти онҳоро зери суол бурда, ба таҳлука андохтааст.

"Тамоми  силоҳро супурдем ва танҳо даст дорем. Дар сурати ҷилавгирӣ нашудан аз идомаи хушунатҳо бо дасти холӣ ҳам муқобилат хоҳем кард",-гуфтаанд эътирозгарон ба манбаи "Озодӣ".

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, гурӯҳи бузурги сокинони Хоруғ ба дунболи кушта шудани лидери ғайрирасмии минтақа Имомназар Имомназаров ба кӯчаҳои шаҳр баромада, дару тирезаҳои бинои мақомоти вилояти Бадахшонро шикастаанд. Манбаи "Озодӣ" дар Хоруғ, ки ин ҳодисаҳоро мушоҳида кардааст, мегӯяд, нерӯҳои ҳукуматӣ барои пахш кардани эътирози мардум ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Дар ин ҳодиса танҳо як сокини Хоруғ аз пояш ҷароҳат бардоштааст. Гурӯҳи 20-нафарии миёнрав дар қазияи Хоруғ гуфтаанд, танҳо бо дахолати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкони ҳалли масъала вуҷуд дорад, вагарна вазъият аз контрол берун хоҳад баромад.

Соати 4-и субҳ (22-юми август) афроди номаълум ба манзили Имомназар Имомназаров норинҷак партоб ва бо автомат тир холӣ кардаанд, ки дар натиҷа худи ӯ кушта ва бародараш маҷрӯҳ шудааст. Манбаи "Озодӣ", ки аз ҷойи ҳодиса дидан кардааст, мегӯяд, дар наздикии ҳавлии Имомназар мардуми зиёде гирд омадаанд. Шоҳидон ба ӯ гуфтаанд, ки садои таркиши норинҷак ва тирпарронии кӯтоҳмуддат яктарафа садо дода, Имомназар ва афроди гирду атрофаш муқобилият нишон надодаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи куштори Имомназаров чизе нагуфтаанд.

Куштори Имомназар дар ҳоле сурат гирифт, ки вай қаблан ба хабаргузориҳо гуфта буд, бо мусоидати Бунёди Оғохон ва даъвати мақомоти қудратии кишвар бо ваъдаи афв кулли силоҳашро то тири охирин супурдааст. Имомназар бемории қанд дошта, рӯзҳои охирро дар бистар мегузаронд.

Аъзои гурӯҳи 20-нафарии миёнрав дар қазияи Хоруғ ин кушторро маҳкум карда, онро "аҳдшиканӣ" хонданд ва гуфтанд, барои куштори шахси бесилоҳ ва бемор, ки пас аз амалиёти Хоруғ бо бархе аз вазирони қудратӣ ҳам мулоқот дошт, зарурате мавҷуд набуд. Зеро фармондеҳони собиқ, аз ҷумла Имомназар Имомназаров бидуни мушкилот барои пурсиш ба назди намонядаи додситонии кул ҳозир мешуданд.

Аммо мақомоти умури дохилии шаҳри Хоруғ мегӯянд, ангезаҳои куштор ҳанӯз маълум нашуда ва танҳо таҳқиқи ҳамтарафаи ҳодиса ошкор хоҳад сохт, ки дар куштори собиқ фармондеҳи мухолифин кадом гурӯҳе даст доштааст.

Имомназар Имомнзаров, яке аз чаҳор раҳбарони ба гуфтаи мақомот гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон буд, ки ба маҳзи кушта шудани генерал Абдулло Назаров дар нимаи дувуми моҳи июли соли ҷорӣ ангушти иттиҳом ба сӯяш дароз карда шуд. Мақомот дар қатори Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов ӯро низ дар қочоқи маводи мухаддир,  сангҳои қиматбаҳо, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва ҳам барнагардондани қарзҳои бонкӣ муттаҳам донистанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi