ДАЪВАТИ РАҲМОН БА НИЗОМИ "ИҚТИСОДИ ЗИСТМУҲИТӢ"
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон сарони беш аз 100 кишвари ҷаҳонро дар нишасти тағйири ҳаво дар курраи Замин ба "рӯй овардан ба иқтисоди зистмуҳитӣ” даъват кард.
Эмомалӣ Раҳмон ин даъватро зимни суханронияш дар ҳамоиши сеюми СММ дар робита бо масоили гармоиши ҳаво ироа кард. Ин ҳамоиш рӯзи 22 сентябр дар Ню-Йорк бо ҳадафи басич кардани иродаи сиёсии кишварҳои ҷаҳон ба ҳалли масоили гармоиши Замин дар остонаи Кунфронси байналмилалии Купенҳог, ки қарор аст моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор шавад, доир шуд.
Бон Ки-мун, дабири кулли СММ, дар суханронии ифтитоҳии ин ҳамоиш, ки дар он нахустин бор руасои ҷумҳури Омрико ва Чин ширкат доранд, гуфт: “Шумо қудрати оғози масири эминтар барои насли имрӯз ва ояндаро доред. Шумо қудрати коҳиши мизони партоби гозҳои гулхонаӣ ба фазоро доред... Ҳоло замонест, ки шумо бояд иқдом кунед.”
Бон Ки-мун афзуд: “Бо афзоиши мизони партоби гозҳои гулхонаӣ мо ба як бӯҳрон наздик мешавем. Олимони пешқадами ҷаҳон пешгӯйӣ мекунанд, ки башарият камтар аз даҳ сол дар ихтиёр дорад, то аз бадтарин сенориёи бебозгашти бӯҳрони зистмуҳитӣ ҷилавгирӣ кунад.”
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон - кишваре, ки ба далоили рушди андаки санъатӣ ва истифодаи фаровон аз нерӯи обӣ гозҳои гулхонаии андаке ба фазо партоб мекунад, дар ин ҳамоиш бар зарурати рӯ овардан ба фанноварии каммасраф ва коҳиши истифодааз манобеъи суннатии энержӣ дар ҷаҳон, бавижа дар Осиёи Миёна, таъкид кард.
Вай афзуд: “Дар ҳоле, ки минтақа (Осиёи Миёна) иқтидори ниҳоят бузурги гидроэнергетикӣ дорад, имрӯз танҳо 10 фоизи он истифода мегардад. Танҳо дар Тоҷикистон иқтидори солонаи захираҳои гидроэнергетикӣ беш аз 527 миллиард киловатт - соатро ташкил мекунад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба эҳтиёҷоти имрӯзаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ се баробар зиёд мебошад.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба захоири обии Тоҷикистон ҷалб мекунад, ки ин кишвар қудрати молии анҷоми тарҳи сохтмони нерӯгоҳи обии Роғунро, ки аз тарҳҳои истротежики давлат барои даст ёфтан ба истиқлоли энержӣ маҳсуб мешавад, надорад.
Ин тарҳ ҳамчунин мавзӯъи ихтилофоти ҷиддӣ миёни давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аст. Бо ин ҳол, оқои Раҳмон бар асароти манфии истифода аз манобеъи суннатии энержӣ, ки боъиси парт шудани гозҳои гулхонаӣ ба фазо ва гармоиши ҳаво мешавад, бар минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла обшавии яхчолҳои кӯҳистони Тоҷикистон, афзоиши ҳаводиси табиъӣ ва хисороти ношӣ аз ин равандҳо, таъкид кард.
Зимнан, оқои Раҳмон ин мавзӯъро дар авоили моҳи ҷорӣ дар кунфронси байналмилалии гармоиши ҳаво дар Женев матраҳ карда ва хостори таъсиси як сандуқ барои ҳифозат аз пиряхҳо шуд, то фаъолияти кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳоро дар ин росто таҳким бахшад. Вай ҳамчунин дар Женев хостори тарҳи мавзӯъи пардохти ҷуброн ба "қурбониёни" тағйироти ҷаввӣ шуда буд. "Қурбониёни тағйироти ҷаввӣ" аз назари ӯ кишварҳое бо ҷамъияти андак ва рушди камтари саноеъ, ки дар партоби гозҳои гулхонаӣ саҳми зиёде надоранд.
Аммо ин кишварҳо, аз нигоҳи оқои Раҳмон, аз гармоиши ҳаво, ки кишварҳои пешрафти санъатӣ бештар сабабгори он ҳастанд, осеби бештаре мебинанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳо маҳсуб мешавад. Дар ҳамоиши рӯзи сешанбеи СММ низ оқои Раҳмон таъкид кард, ки кишварҳои пешрафтаи санъатӣ, ки бахши аслии мизони гозҳои гулхонаиро ба фазо партоб мекунанд, бояд ба мардуми осебдида “дастгирии молиявию намудҳои дигари кӯмак барои тавсеаи имконот ҷиҳати ёрӣ ва барқароргардонӣ” ироа кунанд.
Би-Би-Си