14:41:46 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

САРОНИ СПАД ДАР МАСКАВ ВА БАҲСИ УЗВИЯТИ УЗБАКИСТОН

Имрӯз дар Маскав - пойтахти Русия нишасти навбатии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД баргузор мешавад. Дар он президентҳои кишварҳои узв, яъне Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар поёни боздидаш аз Туркия вориди Маскав шуд.

/images/stories/2012/12/19_janobon-191212.jpg

Имрӯз дар Маскав нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё низ баргузор мешавад. Ба ҷуз аз Арманистон кишварҳои дигари ёдшуда узви ин созмонанд. Арманистону Украина ва Молдова дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ мақоми нозирро доранд.

Нишасти СҲИ АвруОсиё шоми имрӯз баргузор мешавад ва он гуна, ки коршиносон мегӯянд, дар он аслан ислоҳот дар ин созмон, аз ҷумла ислоҳоти сохторӣ баррасӣ хоҳад шуд. Барои баррасии масъалаҳои ҳуқуқии вобаста ба сохтор ва амсоли он, дар ин ҷаласа мумкин аст вазирони адлияи кишварҳои узв низ ҳузур ёбанд.

Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Русия гуфтааст, дар нишасти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД, ки дар он вазирони дифои кишварҳои узв низ ширкат хоҳанд дошт, доираи васеи масъалаҳои марбут ба вазъи байналмиллаӣ ва такмили низоми амнияти дастаҷамъии кишварҳои узв, аз ҷумла муқобила бо таҳдидҳои нав, густариши ҳамкориҳои низомии ин кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Кишварҳои узви СПАД Маҷмаи парлумонӣ низ доранд ва Сергей Наришкин-раиси Думаи Давлатии Русия раёсати ин Маҷмаи парлумониро бар ӯҳда дорад. Қарор аст вай имрӯз дар ҳузури руасои ҷамоҳир дар бораи фаъолияти ин маҷмаъ гузориш диҳад.

Дар ин иҷлос ҳамчунин узвияти Узбакистон дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ мешавад. Моҳи июни соли ҷорӣ Узбакистон ба нишонаи эътироз аз ин созмон хориҷ шуд ва гуфт, ки дар ин созмон кишварҳои узв мустақил набуда ва аз имтиёзҳои баробар бархӯрдор нестанд. Узбакистон бар ин ақида аст, ки ин созмон бештар зери нуфузи Русия қарор гирифтааст.

Дар остонаи нишасти имрӯзи Маскав Сергей Лаваров-вазири корҳои хориҷии Русия 17-уми декабр аз Тошканд боздид кард, то Узбакистонро ба нармиш водор кунад ва барои ин кишвар дар ин созмон мақоме қоил шаванд. Сергей Лавров дар ҷараёни ин боздидаш ба матбуот гуфт, Узбакистон муттафиқ ва ҳамкори стратегии Русия боқӣ хоҳад монд, бо вуҷуди ин, ки ин давлат дар бораи хуруҷ аз узвияти СПАД тасмим гирифтааст. Вай афзуд, “Узбакистон кишвари мустақил аст, мо муттаассифем, вале тасмим гирифта шудааст”. Узбакистон моҳи декабри соли 2008 аз узвияти Созмони ҳакории иқтисодии АвруОсиё низ баромада буд.

Дар иҷлоси имрӯз раёсати давраии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аз Қазоқистон ба Қирғизистон мегузарад. СПАД 15-уми маи соли 1992 ташкил шуда буд ва соли 2012 бистумин солгарди худро баргузор кард. Ҳоло баъд аз хуруҷи Узбакистон дар созмон 6 кишвар - Арманистону  Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон узвият доранд.

Дар ҳошияи нишастҳои расмии Маскав, мулоқотҳои дуҷонибаи баъзе руасои ҷумҳур низ дар назар гирифта шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi