03:29:00 01-уми Июни 2025 сол

ҲИДОЯТИ Э.РАҲМОН АЗ НОМЗАДҲОИ НАВ БА ВАЗИФАҲОИ ҚУДРАТӢ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз номзадҳо ба вазифа дар сохторҳои қудратиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.

/images/stories/2012/12/22_emomali-rahmon-22122012.jpgТибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ин кадрҳо, асосан ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сатҳи раёсатҳои сохторӣ ва шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъадор пешниҳод шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, дар наздашон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ва вобаста ба маводи мухаддир вазифаҳои мушаххас гузоштааст. Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосро ба пешгирӣ аз хариду фурӯши ғайриқонунии замин барои сохтмони манзил зоҳир кардааст.

Чанд ҳафта қабл Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони Кумитаи заминсозӣ изҳор дошта буд, ки "дар кишвар гурӯҳҳои муташаккиле созмон ёфтаанд, ки бо ҳамкории масъулони давлатӣ ба тақсим ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин машғуланд." Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки "баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, аз ваколатҳои мансабӣ берун баромада, бо қабули қарорҳои ғайриқонунӣ худсарона ба шаҳрвандон замин ҷудо кардаанд."

Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин дар навоҳӣ даъват карда буд, ки аз иҷрои супоришҳои ғайриқонунии раисони ҳукумат дар минтақаҳо саркашӣ кунанд: «Беҳтараш вазифаро холӣ кунеду қонунро вайрон насозед. Ин ҷавобгарӣ дорад. Дар пушти панҷара миёни чор девор, не раиса мебинед, не амакиатонро. Шумо мемонеду сари қоқатон.»

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854