ДАЪВАТИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ АЗ САҲУ
Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, аз кишварҳои узви ин созмон дархост кардааст, аз муборизаи гурӯҳӣ зери шиъори “мубориза бо теруризм” даст бардоранд.
Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Ҳайит, муоъвини раиси ин ҳизб бархе аз мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ин шиъорро дар мубориза алайҳи фаъолони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои динӣ истифода мекунанд. Ҷаласаи машваратии “Абъоди инсони”-и ин созмон , ки аз 28-уми сентябр дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон оғоз ба кор кардааст то 9-уми октябр идома хоҳад дошт ва масъалаи аслии матруҳа дар он масоили ҳуқуқи башар ва иҷрои қонунҳои марбут ба он дар кишварҳои узви САҲУ будааст.
Бар асосии хабари намояндаи дафтари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки низ дар ин нишаст ширкат дорад, Муҳаммадалӣ Ҳайит, муоъвини раиси ин ҳизб дар ҷа ласаи машваратии “Абъоди инсонӣ” гуфтааст, ворид кардани бархе аз маҳдудиятҳо аз ҷумла манъи пушиши ҳиҷоби исломӣ дар муассисоти давлатӣ ва омӯзишӣ, манъи рафтани хонумҳо ва навҷавонон барои намозгузорӣ ба масоҷид, ба оташ кашидани наворҳои савтӣ ва тасвирӣ бо суханрониҳо ва вазъгӯйиҳои чеҳраҳои саршиноси динӣ дар ин кишвар нақзи ҳуқуқи мусалмонони ин кишвар будааст.
Оқои Ҳайит гуфтааст, ки дар Тоҷикистон бо баҳонаи мавҷудияти “душманони эҳтимолӣ” ниҳодҳои зиёди интизомӣ фаъолият доранд, ва бим аз онҳо мунҷар ба рушди кунди раванди демукросӣ дар ин кишвар шудааст. Оқои Ҳайит аз бархе аз кишварҳои урупоии узви САҲУ итнтиқод кардааст, ки бо дарназардошти “мубориза бо теруризм” дар баробари воқеъиятҳои аслии кишварҳои Осиёи Марказӣ хомӯшӣ ихтиёр кардаанд.
Ҳамчунин ин масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасвиби қонуни "Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро омили эҷоди маҳдудиятҳо барои пайравони дини ислом ва фаъолиятҳои намояндагони адёни мухталиф дар Тоҷикистон унвон кардааст.
Посухи давлат
Аммо Сайидбек Маҳмадуллоев, раиси бахши адён дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки ин кишвар бо тасвиби қонуни "Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" шароити беҳтареро барои намояндагони адёни мухталиф дар Тоҷикистон фароҳам кард.
Оқои Маҳмадуллоев бо такзиби табъизи мусламонон дар ин кишвар мегӯяд: “Ҳадафи аслӣ аз тасвиби ин қонун танзими муносибатҳои динӣ дар кишвар аст. Ин қонун дар Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар умури озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ зимни риъояти аслҳои Қонуни асосии гуногунандешии сиёсӣ, ҷудо будани давлат аз иттиҳодияҳои динӣ ва бевосита амалӣ гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва таҳаммулгароӣ ва муносибатҳои давлат ва иттиҳодияҳои диниро кафолат медиҳад.”
Оқои Маҳмадуллоев мегӯяд, ки ин қонун бар пояи Қонуни асосии Тоҷикистон ва риъояти ҳамаи санадҳои байналмилалӣ тасвиб шудааст. Дар ҳамин ҳол бархе аз соҳибназарон бо ишора ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ-танҳо ҳизби мазҳабӣ дар мантақа ва мавҷудияти созмонҳои адёни мухталиф дар ин кишвар, вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ беҳтар медонанд.
Би-Би-Си