Русия умедвор аст, ки Душанбе қарордоди пойгоҳро тасвиб кунад
Кремл умедвор аст, ки Тоҷикистон ба зудӣ қарордоди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русияро тасвиб хоҳад кард.
Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 29 май дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, уи ин мавзӯъ рӯзи 28 май дар мулоқоти Путин бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Бишкек баҳс шуд. Ушаков гуфт, “мо умедворем, ки он(қарордод) дар наздиктарин фурсат тасвиб хоҳад шуд.” Ёвари Путин афзуд, ки дар мулоқоти Бишкек ҷониби Тоҷикистон дар ивази тасвиби ин қарордод чанд пешниҳод додааст: “Дар онҷо чанд пешинҳод шуд, ки хусусияти амалӣ дошт. Онҳо баррасӣ хоҳанд шуд.” Аммо Юрий Ушаков аз шарҳи инки ин пешниҳодҳои Душанбе мушаххасан аз чӣ иборат буд, худдорӣ кард.
Қарордоди Тоҷикистону Русия дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз 5 октябри соли 2012 зимни сафари Путин ба Душанбе имзо шуда буд. Ин қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карда, ҷониби Русияро аз пардохти пули иҷора раҳо мекунад ва ҳам эътои ҳаққи дахлнопазирӣ ба низомиёни рус дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Пойгоҳи 201 бо тақрибан 7 000 афсару аскар бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ ба шумор рафта, воҳидҳои низомиаш дар Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар шудаанд.
Ҳарду маҷлиси парлумон ва раисиҷумҳури Русия дар моҳи апрел ин қарордодро тасвиб карданд. Вале ҷониби Тоҷикистон тасвиби ин санадро то ҳол тӯл медиҳад ва онро то ҳол барои баррасӣ ва тасвиб ба парлумон насупурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қарордодҳои моҳи октябр имзошуда бо Русия бояд дар як баста тасвиб шаванд ва ҳамзамон ба иҷро бидароянд.
Русия дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳаш ба Тоҷикистон лағви боҷи гумрукии маводи сӯхти содиротиаш барои Душанбе ва ҳам баъзе сабукиҳо барои муҳоҷирони тоҷик дар қаламравашро ваъда дода буд. Ду қарордод дар ин замина дар моҳи феврал дар Маскав ба имзо расид, ки аз ҷумла аз 3 рӯзи феълӣ то 15 рӯз зиёд кардани замони ҳузури бидуни сабти номи шаҳрвандони тоҷик дар Русия ва лағви боҷи гумрукӣ аз содироти 1 миллион тонна маводи сӯхт дар соли 2013 ба Тоҷикистонро дар бар мегирифт. Вале ба фарқ аз қарордоди пойгоҳ, Маскав ин ду созишномаро то ҳол тасвиб накардааст ва имкони истифода аз воридоти 1 миллион тонна маводи сӯхти бидуни боҷи гумрукӣ аз Русия дастикам дар соли равон рӯзбарӯз ба нақше дар об мубаддал мешавад.
Дар мулоқоти рӯзи 28 май дар Бишкек Владимир Путин аз андаке коҳиш ёфтани табодули молу коло байни ду кишвар, ки соли гузашта 1 миллиард долларро ташкил дод, изҳори ташвиш кард ва гуфт, “бояд сабабҳои ин коҳишро пайдову рафъ кард ва боз ҳам ба пеш ҳаракат кард.” Эмомалӣ Раҳмон ба навбаи худ хостори таваҷҷӯҳи бештари Русия “на ба минтақаҳои марказӣ, балки ба марзҳои ҷанубӣ ва ба кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ” шуд.
Ин дидор нахустин сӯҳбати рӯбарӯи сарони Тоҷикистону Русия дар пайи мавҷи мавридҳои танишзо ва сардии уфтода дар равобити Душанбеву Маскав буд, ки якдигарро “шарики стратегӣ” таъриф мекунанд. Дар пайи тафтиши ногаҳонии як қатори роҳи оҳани Тоҷикистон дар моҳи апрел ҷониби Русия ҳатто пешниҳоди манъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба Русия ва ҷорӣ кардани виза барои муҳоҷирони тоҷикро матраҳ кард.
Дар маҳофил ин ҳамаро як навъ фишангҳои фишори Русия ба хотири бароварда кардани хостаҳояш дар Тоҷикистон мешуморанд. Таъйини мақоми пуримтиёзи пойгоҳи 201, ба иҷораи худ овардани пойгоҳи ҳавоии Айнӣ дар канори Душанбе ва бозгашти марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Узбакистон бо баҳонаи тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ки ин нуктаи ахир тавассути расонаҳои баландгӯи Кремл матраҳ мешавад, аз ҷумлаи аҳдофи низомиву амниятиест, ки Маскав мехоҳад ба Душанбе бор кунад. Дарёфти шароити боимтиёз барои ширкатҳои русӣ дар бозори Тоҷикистон ва таъмини саҳми асосӣ барои Маскав дар тарҳҳои пурфоидаи ин кишварро аз ҷумлаи аҳдофи иқтисодии Кремл дар ин кишвари фақири Осиёи Марказӣ унвон мекунанд.
Ба бовари соҳибназарон, Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи худ мехоҳад пуштибонии бечунучарои номзадиаш аз сӯи Русия дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст биорад. Афроди наздик ба хонаводаи ӯ ҳам талош мекунанд, то тиҷоратҳои пурфоидаи Тоҷикистонро, ки феълан дар дасти онҳост, дар пайи эътои шароити пуримтиёз ба ширкатҳои русӣ аз даст надиҳанд. Таҳлилгарон мегӯянд, танҳо бо ҳалл шудани ин масоил таклифи уфтода дар равобити Тоҷикистону Маскав ҳам равшан хоҳад шуд ва ҳавоии абрӣ дар фазои равобити ду “шарики стратегӣ” метавонад дигарбора ба ҳамон ҳолати оддии маъмулан офтобиаш баргардад.
«Озодӣ»