Амният аз кӣ ҳимоят мекунад? Муроҷиатномаи Р.Зоиров ба хадамоти вижа
Ҳизби cотсиал-демократ аз хадамоти вижаи Тоҷикистон пурсидааст, ки чаро ин ниҳоди амниятӣ дар баробари таҳдидҳову ҳамлаҳо ба фаъолони сиёсӣҷиддан чораҷуӣ намекунад?
Раҳматулло Зоиров , раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин баёния, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шудааст, ин суолро матраҳ кардааст, ки "Хадамоти вижаи Тоҷикистон: Оё шумо дар кадом тарафед? Шумо амнияти киву манфиатҳои киро ҳимоят мекунед? Оё ҳимояти манфиат ва амнияти шаҳрвандони оддӣ низ шомили манфиатҳои шумо ҳастанд?"
Оқои Зоиров дар ин муроиҷат аз ҷумла аз масъулони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон хостааст, то дар амри таъмини амнияти шахсии намояндагони ҳизби Тоҷикистони нав, ба вижа узви гурӯҳи ташаббускори ин ҳизби ҷадид Мавҷуда Соҳибназарова ба таври оҷил чораҷуӣ кунанд.
Дар баёния омадааст, ки ҳодисаҳои латкӯби муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадалии Ҳайит, латукӯб ва нопадид шудани яке аз раҳбарони ҷамъияти убекҳои Хатлон Салим Шамсиддинов, таҳдиди телефонӣ ба ҷони фаъоли ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва СМСи таҳдидомез ба адреси Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ва инак таҳдид ба ҷони фарзандони узви ин гурӯҳ Мавҷуда Соҳибназарова нишон дод, ки Кумитаи амнияти миллӣ барои таъмини бехатарии онҳо чораҷӯӣ накардааст.
Дар баёния ҷаноби Зоиров мепурсад, ки агар тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон ҳифзи бехатарии шаҳрванди кишвар афзалтар аз ҳар арзиши дигар аст, пас чаро масъулони Кумитаи амният аз паи таъмини шаҳрвандон нестанд ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин таҳдидҳоро намеҷӯянд?
Аммо дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, аз ин муроҷиатномаи Раҳматуллоҳ Зоиров аз тариқи Фейсбук огоҳ шудаанд, вале ин муроҷиатнома ҳануз ба таври расмӣ ба ин идора нарасидааст. Дафтари матбуоти кумитаи амният аз шарҳи мавридҳои омада дар муроҷиатномаи Зоиров дар ҳоли ҳозир худдорӣ кард.
Зайд Саидов, раҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав рӯзи 10 май аз дарёфти як СМСи таҳдидомез ба ниҳодҳои интизомиву амниятии кишвар расман шикоят бурд. Вале алакай рӯзе баъд мақомот худи ӯро ба як силсила ҷиноёт айбдор карда, манзилҳои Саидову наздиконашро бозҷӯӣ карданд. Ба дунбол Зайд Саидов рӯзи 19 май, вақте аз сафари Аврупо бармегашт, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд.
Шокирҷон Ҳакимов моҳи феврал аз таҳдиди телефонӣ ба ҷонаш расман шикоят бурда буд. Муҳаммадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби наҳзати исломиро моҳи апрел дар даромадгоҳи манзилаш дар маҳаллаи 91-уми Душанбе сахт латукӯб карданд. Мавҷуда Соҳибназарова рӯзи 29 май хабар дод, ки ба ҷони ӯву фарзандонаш таҳдид шудааст.
Аммо то кунун мақомоти расмӣ дар бораи боздошти кадом нафаре дар иртикоби ин таҳдидҳову ҳамлаҳо ба фаъолони мухолифин иттилоъ надодаанд. Раҳбарони мухолифин ба чунин назаранд, ки мақомоти амниятӣ дар асл танҳо ба ҳимоят аз низоми ҳоким камар баста, ба мухолифин чун ба фарзанди ӯгай муносибат мекунанд.
«Озодӣ»