15:17:46 22-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Дин ва давлат дар Осиёи Марказӣ

ё тафсири дигаре аз достони «Рустам ва Сӯҳроб»

Абдуллоҳи Раҳнамо, барои «Рӯзгор»

Дар солҳои охир барои шинохти воқеиятҳои динии Осиёи Марказӣ ва пешбинии ояндаи он талошҳои зиёде анҷом мешавад. Аммо, баррасии маҷмӯаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва гузоришҳои хабарию матбуотӣ дар ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки аксари коршиносону хабарнависони дохиливу хориҷӣ ин муҳитро бо дастгоҳ ва абзоре меомӯзанд, ки барои омӯхтани он муносиб нест.

rustam suhrob legendНомуносибии қолабҳои фикрӣ дар сиёсатгузории амалии давлатҳои минтақа нисбат ба ислом низ мушоҳида мешавад. Пас, яке аз муҳимтарин масъалаҳои шинохти воқеиятҳои динии Осиёи Марказӣ масъалаи абзори шинохт аст. Барои рӯшан шудани номуносибии ин абзор, яъне дастгоҳи илмӣ, истилоҳу ибораҳо, категорияҳои таҳлилӣ ва қолабҳои фикрии роиҷшуда барои тафсиру дарки воқеиятҳои вазъияти динии Осиёи Марказӣ сӯханро аз баррасии моҳияти баъзе аз онҳо оғоз мекунем:

Оё «омили исломӣ» ба Осиёи Марказӣ хатар дорад? 

Дар баъзе маводҳои илмию матбуотӣ дар мавзӯи вазъияти динии Осиёи Марказӣ ибораи «омили исломӣ» («исламский фактор») фаровон истифода шуда, гоҳо савол низ гузошта мешавад, ки «омили исломӣ ба ин ҷумҳуриҳо чӣ таъсир дорад?» ва ё «омили исломӣ ба онҳо чӣ хатар дорад?» Хабарнигорон, муҳаққиқон ва донишҷӯён ба банда низ борҳо чунин савол додаанд. Аммо, оё чунин савол дар нисбати ин ҷомеаҳо мантиқан дуруст аст?

Агар ин маъно дар мавриди вазъияти як ҷомеаи ғайримусулмоние истифода гардад, ки ислом ба муҳити он ҳамчун як омили берунӣ ворид мешавад, чандон ҷойи баҳс нест. Масалан, дар нисбати Русия, Амрико ва ё Аврупо гоҳо чунин гуфта мешавад. Вале дар кишваре, ки қариб тамоми аҳолии он мусулмон буда, фарҳангу арзишҳои ҷории мардумаш исломист, худи фарҳанги мардуми он ҷомеа ва ё худи мардуми он ҷомеа «омили исломӣ» мебошанд.

Масалан, саволи маъмӯлшудаи «оё омили исломӣ барои Тоҷикистон хатар дорад?» ба забони дигар ба ин маъност, ки «Оё мардуми Тоҷикистон барои Тоҷикистон хатар доранд?» Пас, дар бораи вазъияти динии ин кишварҳои мусулмоннишин ба миён гузоштани масъалаи «хатари омили исломӣ» дуруст нест, зеро фарҳанги худи мардум наметавонад барои худи мардум хатар бошад, ё ислом наметавонад барои мусулмонон хатар бошад.

Истифодаи ин ибора ҳамчун як таҳдид асосан, дар мавриде маъно дорад, ки агар дар бораи хатари аз «омили исломӣ» дар ростои манфиатҳои худ истифода намудани нирӯҳои хориҷӣӣ исломӣ ва чӣ ғайриисломӣ) сухан равад. Зеро эҳтимол ва хатари чунин истифода шудани ин омил дар минтақа ва аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳамеша вуҷуд дорад.  

«Исломишавӣ» ва «радикализм» дар Осиёи Марказӣ

Бо тобиши ташвишиву нигаронӣ «исломишавӣ» ё «исламизация» номидани афзоиши таваҷҷӯҳи мардуми мусулмони минтақа ба арзишҳои исломӣ низ дуруст нест. Балки, ин як раванди табиии рӯ овардани мардум ба арзишҳои худиест, ки муддати тӯлонӣ аз он маҳрум шуда буданд. Аммо, ба падидаҳое чун «ифротгароии динӣ» ё экстремизму радикализм пайваст донистани ин раванд иштибоҳи боз ҳам ҷиддитар мебошад.

Бояд байни ин ду мафҳум ва ин ду раванд фарқ гузошт, зеро эҳёи арзишҳои исломӣ ва рӯ овардани мардуми мусулмони минтақа ба онҳо як раванди табиӣ ва солим аст. Вале «ифротгароии динӣ» дар канори навъҳои дигари экстремизму радикализм, ки дар ин ҷомеаҳо ба назар мерасанд, як мушкилаи фикрӣ ва иҷтимоиву сиёсист. Аз ин рӯ, ба эҳёи арзишҳои исломӣ бояд нигоҳи солим ва табиӣ шавад, вале ба ифротгароӣ ҳамчун як мушкилаи ҷиддии ҷомеа муносибат гардад.

Аз ин ду мисоли муқаддимавӣ рӯшан шуд, ки имрӯз дар бораи вазъият ва равандҳои динии минтақа бо чӣ забон ва бо чӣ қолабҳои фикрии номуносиб сухан гуфта мешавад. Вале масъалаи шинохти дурусти вазъияти динии Осиёи Марказӣ паҳлӯҳо ва мушкилоти боз ҳам куллитар ва мураккабтаре дорад, дар зер ба чанде аз онҳо ишора мешавад:

Истифода аз дастгоҳи илмӣ ва идеологии ғайримуносиб

Чун аксари корҳои илмӣ ва гузоришҳои матбуотӣ дар бораи муҳити динии Осиёи Марказӣ аз тарафи коршиносон ва хабарнигорони ғарбӣ анҷом шуда, бештари коршиносону расонаҳои минтақа масрафкунандаи ин мавод мебошанд, қолабҳои фикрӣ, парадигмаҳо, тарзи тафаккур, тарзи гузориши мавзӯъ ва забону истилоҳҳои онҳо рӯи корҳои коршиносони маҳаллии ин мавзӯъ таъсири ҷиддӣ гузоштаст.

Имрӯз баъзе коршиносони минтақа низ ҳангоми сухан аз вазъияти динӣ истилоҳҳои маъмӯли идеология ва журналистикаи ғарбӣ (ё аниқтараш, журналистикаи идеологии ғарбӣ) мисли «исломизатсия», «исломизм», «радикализми исломӣ», «фундаментализм» (бунёдгароӣ), «экстримизми динӣ», «хатари омили исломӣ», «исломи сиёсӣ», «исломи идеологӣ», «ҷиҳодизм», «фанатизми исломӣ», «панисломизм» ва ҳатто «исломи ҷанговар», «ҷангиёни исломӣ», «терроризми исломӣ» ва ғайраро ҳамчун категорияҳои баёнию тадқиқотӣ озодона истифода мебаранд. Ҳамин тавр, имрӯз дар тафсиру шинохти вазъияти динии Осиёи Марказӣ навъе «диктатураи истилоҳҳои журналистикаи идеологии ғарбӣ» мушоҳида мешавад. 

Ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки дастгоҳи мафҳумӣ ва истилоҳии мазкур, ки асосан, моҳияти сиёсию идеологӣ ва истифодаи сабуки журналистӣ дорад, акнун ба тадриҷ ҳамчун «забони илмӣ» ва «ҳақиқати мутлақ» ба фазои доираҳои илмии минтақа низ ворид мешаванд. Тадқиқи барномаҳои дарсии донишгоҳҳои минтақа нишон медиҳад, ки ҳатто дар баъзе фанҳои таълимии донишгоҳӣ ин мафҳумҳо ҳамчун «мавзӯи илмӣ» таълим дода мешаванд. Масалан, дар яке аз донишгоҳҳои бисёр мӯътабар дар Тоҷикистон дар барномаи таълимӣ ва билетҳои имтиҳонӣ чунин мавзӯъҳо ва саволҳо омадаанд, ки донишҷӯёни соли сеюм онҳоро омӯхта, ҷавоб дода, баҳо мегиранд (аз барномаи таълимӣ айнан иқтибос мешавад):

«Хусусиятҳои асосии экстремизм ва терроризми исломӣ»

«Ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирии экстремизм ва терроризми исломӣ»

«Терроризми исломӣ: моҳият ва хусусиятҳои асосии он»

«Манбаъҳои экстремизм ва терроризм дар ислом»

«Заминаи иҷтимоии терроризми исломӣ» ва ғ.

Ё дар яке аз донишгоҳҳои Қирғизистон низ барномаи таълимиеро дастрас намудам, ки устоди маҳаллӣ омӯзиши мавзӯъҳои зеринро ба он ворид намудааст: «Радикализми исломӣ: генезис, таҳаввул ва амалия», «Исломизм ҳамчун хатари ҷаҳонӣ», «Экстремизми исломӣ дар Осиёи Марказӣ» ва ғайра.  Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ин ҷо сухан на дар бораи як кишвари ғарбӣ, балки дар бораи кишварҳои мусулмоннишин ва устоду донишҷуёни мусулмон меравад.

Чун сухан аз Қирғизистон рафт, овардани як мисоли ҷолиб дар ин мавзӯъ бисёр зарур аст: Чанде пеш дар конфронсе дар Бишкек будем, ки дар он ҷавони қирғизе дар мавзӯи «Водии Фарғона ҳамчун манбаи хатари исломӣ» («Ферганская долина как источник исламской опасности») суханронӣ намуд. Дар вақти муҳокимаи мавзӯъ дар ҳузури ҳамагон бо ӯ муколамаи кӯтоҳе анҷом додам: Шумо ягон бор ба водии Фарғона рафтаед? Гуфт: Ман худ аз ҳамон ҷоям.

Гуфтам, хонаводаи Шумо пайрави кадом динанд? Гуфт: мусулмон. Гуфтам: Ба назари Шумо, падари Шумо манбаи хатар аст? Гуфт не, чаро?! Модари Шумо манбаи хатар аст? Не! Хоҳарону бародару бобову бибии Шумо ба касе таҳдид мекунанд? Гуфт: Не, онҳо ба ҳеҷ кас таҳдид намекунанд. Гуфтам: Пас, водии Фарғона ана ҳамонҳо ҳастанд, садҳо ҳазор нафар мардуми хуби мусулмони тоҷику ӯзбеку қирғизе мисли падару модару бобову бибиву хоҳару бародари Шумо, ки на касеро озор медиҳанд ва на ба касе таҳдид мекунанд.

Вале чун дар забони Шумо ин ибора гузошта шудааст, ки «водии Фарғона манбаъи хатари исломист», Шумо инро ноогоҳона такрор мекунед. Вале онҳое, ки ин мафҳумро огоҳона дар зеҳни Шумо ҷорӣ кардаанд, аз чунин фаҳмиши Шумо бисёр хушҳоланд ва шояд барои нуфӯз бар водии тилоии Шумо бисёр нақшаҳои зарифу тӯлонӣ низ дошта бошанд…

(Барои маълумот, дар он баҳс водии Фарғона на ба маънои вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, балки ба маънои табиӣ ва ҷуғрофии он, яъне ҳудуди васее аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки шомили ин водиянд, дар назар буд.)

 Албатта, намедонам, ки он ҷавони қирғиз ин сӯҳбатро чӣ гуна пазируфт, вале дар чашмони яке аз устодони ин донишгоҳ, ки он ҷо ҳузур дошт, ашк ҳалқа зад, ки «бале, мо низ дар суханронӣ ва мақолаҳои худ садҳо бор такрор кардем, ки «омили исломӣ ба Қирғизистон хатар дорад» ва ҳаргиз фикр накардем, ки дар ҳақиқат тарроҳони ин мафҳумҳо зери ин ибораҳо худи моро дар назар доранд…»

Ин эҳсос нест, ин ҳақиқати талхе аз шинохти вазъият аст…

Ҳатто дар намоишҳои телевизонӣ дар бораи машқҳои ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ метавон дид, ки онҳо ҳангоми омӯхтани «мубориза бо терроризм» дар нақши «душмани рамзӣ» асосан шахсонеро бо либос ва намуди анъанавии мардуми мусулмони минтақа, яъне бо риш, салла ва ҷома мегузоранд; метавон гуфт, ки бо либоси падару бобоҳои худи сарбозон. Ин лаҳза ҳам дар зеҳни низомиён ва ҳам дар зеҳни аҳолӣ (бинандагон) маънои хосса ва таъсири амиқи равонӣ (психологӣ) дорад.      

Вале таҷриба нишон додааст, ки истифодаи ин дастгоҳи мафҳумӣ ва ин чорчӯбҳои фикрӣ барои шинохти воқеиятҳои бахшҳои дигари ҷаҳони ислом низ натиҷаи дуруст надодаанд. Масалан, бо ҳамин нигоҳу забону истилоҳоту фаҳмишҳо, бо харҷи миллионҳо доллар дар бораи исломи Афғонистон ва гурӯҳҳои исломии ин кишвар ҳазорҳо ҷилд тадқиқот анҷом шудаанд ва гӯё тамоми воқеияти исломи Афғонистону Покистон барои ғарбиён равшан буд. Вале пас аз даҳ соли ҳузури бевоситаи нирӯҳои ғарбӣ, ки акнун аз ин кишвар ночору ноком берун мешаванд, барои онҳо ҳатто аз пойгоҳи низомӣ то марзи хориҷшавӣ зиндаву солим расидан бисёр мушкил шудааст. Ва аксари сиёсатмадорону таҳлилгарони ғарбӣ дар бораи ин фарҷоми ноком бештар як ибораро такрор мекунанд: «Пас, мо Афғонистонро дуруст намешинохтаем!»

Мутафаккиру исломшиноси бисёр машҳури олмонӣ, профессор Удо Штейнбах, ки ҳудуди 30 сол ба омӯзиши ҷаҳони ислом машғул аст, ахиран чунин мегӯяд: «Гарчӣ мо, ғарбиён, солҳои тӯлонӣ бо кишварҳои арабӣ муносибати фаъол дошта, вазъияти онҳоро меомӯхтем, вале ҳодисаҳои арабӣ нишон дод, ки шинохти мо дар бораи ҷомеаҳои араб ва тасаввуроти мо дар бораи ҳизбу гурӯҳҳои исломии ин кишварҳо ғалат будааст. Мо дар навиштаҳои худ ин гурӯҳҳои исломиро ҳамеша экстремистию террористӣ меномидем, вале ҳоло мебинем, ки дар порлумонҳои ин кишварҳо онҳо чӣ қадар бо дидгоҳҳои муосир фаъолият доранд. Ва чун ҳоло фурсат ҳаст, мо бояд нигоҳи худро нисбат ба Осиёи Марказӣ ва нақши ислом дар он ислоҳ кунем…»

Ҳам мисоли Афғонистон ва ҳам ин эътирофи чунин мутафаккири шинохтаи ғарбӣ (ки имрӯз дар ин конфронс иштирок дорад) нишонаи нокомии консепсияи идеологии Ғарб нисбат ба шинохти ислом ва натиҷаи дуруст надодани он дастгоҳи мафҳумӣ ва истилоҳӣ мебошад. Пас, бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам барои тафсири вазъияти динии Осиёи Марказӣ истифда намудани ин равишҳо ҳеҷ мантиқе надорад.

Дар муносибат бо ислом ба кор гирифтани динфаҳмии ғайриисломӣ

Мушкили дигар дар шинохти дурусти вазъияти динии минтақа дар он аст, ки ин ҷо ислом на танҳо дар қолаби таърифҳои берунӣ тафсир мешавад, балки дар сатҳи амалия низ бо он бо қолабҳо ва фаҳмишҳои ғайриисломӣ муносибат карда мешавад. Масалан, дар тафаккури аксари намояндагони элитаҳои сиёсӣ ва доираҳои фикрии минтақа, ҳанӯз ҳам фаҳмишҳое чун «ҷудо будани дин аз давлат», «ҷудо будани дин аз сиёсат», «тазодди илм ва дин», «тазодди падидаҳои «динӣ» ва «дунявӣ», тасаввуроте дар бораи мавҷудияти «давлати динӣ» (давлати теократии исломӣ), «кори шахсӣ будани дин», ҳамчун созмон (калисо) муносибат намудан ба ислом, талоши ба воситаи ташаккули қишри рӯҳониёнии расмӣ назорат намудани вазъият ва ғайра мавқеи муҳим доранд.

Ин ҳама мафҳумҳо, парадигмаҳо ва бинишҳои маъруфе аз тасаввуроти масеҳӣ ва ё баъзан, марксистӣ дар бораи дин мебошанд, ки бо таълимот ва воқеиятҳои исломӣ қариб ҳеҷ робитае надоранд. Вале дар ҷомеаҳои имрӯзи Осиёи Марказӣ маҳз ҳамин боварҳо амалан нисбати ислом ба кор гирифта мешаванд ва интизор меравад, ки ислом дар ҳамин чорчӯбҳо ҷой гирад. Барои шарҳи масъала ба чанд мисол муроҷиат мешавад:

Масалан, аксари сиёсатмадорон ва зиёиёни минтақа тасаввур мекунанд, ки дар таълимоти исломӣ давлат мисли давлатҳои попҳои масеҳии асри миёна як навъ давлати динӣ ё теократӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки ба истиснои мазҳаби шиъа, дар ислом умуман, мафҳуми давлати динӣ ё теократӣ вуҷуд надорад, ки дар он ба мисли теократияи масеҳӣ роҳбари давлат ҳатман роҳбари дин ва «намояндаи Худо» ва шахси муқаддас ба ҳисоб равад. Вале тасаввур ва ҳатто мифе дар бораи як навъ «давлати исломӣ» ва теократӣ ба муносибати элитаҳои сиёсӣ ва фарҳангии минтақа ба ислом таъсири сахт манфӣ мегузорад.  

Ё, элитаҳои баъдишӯравии Осиёи Марказӣ гумон мекунанд, ки дини ислом низ мисли масеҳият метавонад аз сиёсат ҷудо бошад ва ба ин фикри масеҳибунёд ҳамеша таъкид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ислом моҳиятан бо ҷамъият ва сиёсат омехтааст ва дар сарчашмаҳои аслии худ сиёсатро низ таълим медиҳад ва бештар аз ин, Пайғамбари ислом(с) муассис ва сардори давлат низ будааст.

Хулоса, моҳияти ислом ба гунаест, ки пайрави таълимоти сарчашмаҳои асили исломӣ будану дар айни замон, аз ҷомеа ва сиёсат дур будан амалан номумкин аст. Пас, нухбагони имрӯзаи Осиёи Марказӣ зери таъсири фаҳмиши сирфан масеҳии мафҳуми «дин», аз мардуми мусулмони худ чизи имконнопазиреро талаб мекунанд, ки пайрави ислом бошанд, вале ба сиёсат ворид нашаванд. Ин чиз номумкин аст ва талаби ин меъёр худ як заминаи низоъ аст.  

Мисоли дигар, ҳатто зиёиёни минтақа дар масъалаи муносибати мафҳумҳои «дин» ва «миллат» то имрӯз аз таърифҳои маъмӯлии мактабҳои гузашта берун нарафтаанд. Масалан, яке аз баҳсҳои ҷиддии муҳитҳои илмии Тоҷикистон чунин аст: Тамоми сарчашмаҳои таърихӣ ва воқеияти мавҷуда нишон медиҳанд, ки ислом ҳамчун унсури муттаҳидкунанда дар ташаккули ҳуввияти миллии имрӯзаи тоҷикон саҳми ҷиддӣ дошта, арзишҳои исломӣҷузъи таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҳуввияти имрӯзаи миллии тоҷикӣ мебошанд.

Вале вақте муҳаққиқони мо бо ин воқеият рӯбарӯ мешаванд, худро дар навъе «бумбасти илмӣ» эҳсос мекунанд. Зеро дар таърифҳои илмие, ки аз мактабҳои дигар, аз ҷумла, аз марксизм боқӣ мондааст, «дин» ва «миллат» ё арзишҳои динӣ ва миллӣ наметавонанд ҷузъи таркибии ҳамдигар бошанд, зеро дар таълимоти марксистӣ ин категорияҳои илмӣ аз ҳамдигар моҳиятан фарқ мекунанд. Пас, ба сабабе, ки воқеияти мо бо таърифҳои илмии ин мактабҳои воридоотӣ мутобиқат намекунад, ҳама гуна баёни ин воқеиятро ин олимон сухани «ғайриилмӣ» эълон карда, онро қабул намекунанд. Дар ҳоле ки ин ҷо мушкил дар маҳдудияти худи таърифҳо ва асбоби шинохт аст, на дар воқеият. Воқеият новобаста аз хоҳиши мо ва новобаста аз таърифи мо воқеият аст.  

Пас, дар ин чанд мисол метавон дид, ки бо фаҳмиши ғайритабиӣ ва хусусан, бо динфаҳмии масеҳӣ ба ислом муносибат кардан мушкилотро дучанд мегардонад. Ва ҳамин гуна намунаҳо дар муҳити динии Осиёи Марказӣ бисёр зиёданд. Пас, то замоне, ки нигоҳ ва асбоби шинохт иваз нашавад, бӯҳрони фазои динӣ дар минтақа идома меёбад.

Тобиши динӣ гирифтани баъзе аз низоъҳои моҳиятан сиёсӣ

Мушкили дигаре, ки воқеияти фазои динии кишварҳои Осиёи Марказиро баъзан козиб нишон медиҳад, тобиши динӣ ёфтани баъзе ихтилофу низоъҳои моҳиятан сиёсӣ ва қудратист. Яъне, имрӯз дар кишварҳои минтақа дар сатҳи ҷамъиятӣ баҳсҳои солими фикрӣ, фиқҳӣ ва хусусан, илоҳиётшиносӣ (теологӣ) бисёр камтар вохӯрда, баъзе аз масъалаҳое, ки дар бораи онҳо ҳамчун «масъалаҳои динӣ» сухан меравад, дар асл тазодҳои сиёсие мебошанд, ки тобиши динӣ гирифтаанд ва ё масъалаҳои диниро низ фаро гирифтаанд. 

Масалан, дар ин ҷо агар тарзи зиндагӣ ва ақидаи динии касонеро, ки худро «дунявӣ» номида, дар низомҳои «дунявӣ» ва дар ҳизбҳои «дунявӣ» фаъолият доранд, ба таври дуруст омӯзем, аксари онҳо ба он гунае, ки «исломиҳо» тасаввур мекунанд, «дунявӣ» нестанд. Яъне, ин афрод дар сатҳи ақида, имон ва идеология асосан «дунявӣ» намебошанд. Онҳо мусулмонони оддии қирғизу тоҷику узбеканд, ки номи мавқеи сиёсии онҳо «дунявӣ» шудааст. Баъзе аз мансабдорони «дунявӣ»-и ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, дар бозуҳояшон «раднома» ва дар ҷайбашон «тумору таштоб» низ доранд ва қисме аз онҳо бо эътиқод намоз мехонанду садақа мекунанд.

Яъне, ин ҷо дунявияти ақидатӣ нест, балки дунявияти сиёсист. Ва миёни «исломиён»-и минтақа низ тарзи зиндагии махсусе вуҷуд надорад, ки аз тарзи зиндагӣ ва тафаккури «дунявиҳо» комилан фарқ кунад. Дар ин сурат низ, «исломӣ» будан гоҳо номи мавқеи сиёсии онҳост, вагарна дар ҳадди амалияи динӣ шояд аз ҳам чандон фарқе надошта бошанд. Дар Тоҷикистон бошад, ҳодисаҳои солҳои 90-ум ва ҷанги шаҳрвандӣ ба мафҳумҳои «дунявӣ» будан ва «исломӣ» будан хусусияти боз ҳам сиёситар додааст. 

Пайомади амалии чунин шакл гирифтани муносибатҳо дар чист? Дар чунин ҳолат мантиқи рақобати сиёсӣ боис мешавад, ки гоҳо ба падидаҳои сирф динӣ низ муносибати сиёсӣ шавад. Масалан, риш доштани шаҳрванде ба ақидаи «дунявият» моҳиятан, ҳеҷ халале намеорад ва ҳатто худи «падарони дунявият» чун К.Маркс ва Ф.Энгэлс мардони бузургрише буданд. Вале дар муҳити тақсими сиёсии мафҳумҳои «динӣ» ва «дунявӣ», афзудани ришдорҳо рамзе аз тақвият ёфтани ҷабҳаи сиёсии дигар аст. Аз ин рӯ, гоҳо ба он муносибати сиёсӣ мешавад ва аксуламал низ сиёсӣ мегардад.

Тибқи пурсиши дақиқе, ки гузаронида шуд, бахше аз касоне, ки дар ду ҷумҳурии минтақа қонунҳои манъкунандаи рафтани наврасон ба масҷид ва ё маҳдудкунандаи намозхонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро таҳия ва қабул кардаанд, худашон намоз мехонанд. Ва ё ҳадди аққал, дар ақидаи худ ба намоз ва ба ибодат ҳеҷ душмании ақидатӣ надоранд. Вале дар шароити сирфан сиёсӣ шудани муносибатҳо, чунин қонунҳо на масъалаи намоз хондан ё намоз нахонданро, балки навъе баланси сиёсии вазъиятро танзим мекунанд. Шояд дарки ин масъала мушкил ва баёни он мушкилтар бошад, вале ин яке аз воқеиятҳои муҳити динии минтақа аст. 

Шояд як муҳаққиқи берунӣ ё як шунавандаи оддии ахбори ин кишварҳо ин манзараро мушоҳида намуда, гумон кунад, ки ин ҷо як ҷониб мухолифи намоз буда, ҷониби дигар намозро аз мухолифони намоз дифоъ мекунад. Яъне, гӯё дар ин ҷомеаҳо баҳсҳои динию теологӣ ё «баҳси куфру имон» дар ҷараён бошанд.

Вале воқеияти ин ҷомеаҳо бештар ба сиёсат ва қудрат марбут аст, на ба баҳсҳои теологӣ ва динӣ. (Дар асл бошад, дар ин ҷомеаҳо дар сатҳи ҷамъиятӣ баҳси мусулмону ғайримусулмон ва ё баҳси «куфру имон» тақрибан дида намешавад. Зиёда аз ин, дар ин ҷомеаҳо на танҳо элитаҳои сиёсӣ, ҳатто аксарияти ходимони динӣ низ салоҳияти илмию таҷрибии баҳс дар масъалаҳои ақидатӣ ва илоҳиётӣ надоранд.) Ин аст, ки чунин сиёсӣ шудани масъалаҳои ақидатӣ шинохти воқеиятро мушкилтар мегардонад.

Муносибати давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ислом ва достони «Рустам ва Сӯҳроб»

Яке аз қиссаҳои пуррамзи фарҳанги мо достони «Рустам ва Сӯҳроб» аз «Шоҳнома»-и Фирдавсист, ки дар он Рустам фарзанди худ, ворису такягоҳи ягонаи худ Сӯҳробро бо дастони худ мекушад. Магар Рустам душмани фарзанди худ буд ва чӣ гуна шуд, ки ӯ фарзанди худро кушт ва худро бадбахт кард?

Агар ин достонро бо забони имрӯз ва бо мафҳумҳои асри иттилоот дубора тафсир намоем, бешубҳа, сабаби фарзанди худро куштани Рустам ва худро чунин заифу танҳову бадбахт кардани Рустам пеш аз ҳама, дар як чиз буд: дар надоштани шинохти саҳеҳ ва дар надоштани иттилооти дуруст. Ӯ гумон мекард, ки Сӯҳроб кадом паҳлавони бегонаи туронӣ ва душмани ҷони ӯст, зеро ба ӯ чунин иттилоот дода буданд, атрофиёну мушовиронаш ба ӯ чунин фаҳмонида буданд. Ва ӯ мувофиқи ҳамин иттилоот ва ҳамин машваратҳо амал кард…

Қазияи муносибати давлатҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ бо ислом ба қазияи Рустаму Сӯҳроб бисёр монанд аст. Ин ҷо набояд ба манзараи он қисса фурӯ рафт, балки ба масъалаи асосӣ, масъалаи нақши иттилоот ва шинохти дуруст дар ташаккули муносибати дуруст таваҷҷӯҳ шавад. Ҳамон ҷавони қирғиз, ки дар асоси маълумотҳои ғарбию интернетӣ дар мавзӯи «хатари исломии водии Фарғона» мақола менависад, фардо давлатмарде мешавад, ки бо як боварии ҷиддӣ бо ин «хатар», яъне бо фарҳанги худ ва бо мардуми худ мубориза мекунад. Зеро иттилооти ӯ ба ӯ ҳаминро мегӯяд…

Ҳамин тавр, чун аксари давлатҳо ва давлатмардони Осиёи Марказӣ дар бораи ислом шинохти табиӣ, худӣ ва дуруст надоранд ва нақши он дар таҳкими ҷомеа ва давлатдории худро дуруст тасаввур карда наметавонанд, худро бо дасти худ аз яке аз потенсиалҳои қавитарини худ маҳрум месозанд ва гоҳо ҳам бо он мубориза мекунанд. Яъне, яке аз мушкилоти асосии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар муносибат бо ислом мушкили набудани шинохт ва фаҳми дурусти моҳият ва нақши ин омил аст; омиле, ки метавонад яке аз муҳимтарин пояҳои субот, ваҳдат, амният ва бақою устувории давлатию миллии ҳар яке аз ин давлатҳо бошад.

Ва ниҳоят, агар дар солҳои наздик, хусусан, бо ибратомӯзӣ аз таҳаввулоти ҷиддие, ки дар минтақа ва дар ҷаҳони ислом мегузарад, давлатҳои Осиёи Марказӣҷуръат ва имкони тағйир додани абзори шинохт ва ислоҳ намудани тасаввури худро дар бораи нақши ислом ва воқеиятҳои вазъияти динии ҷомеаи худ пайдо кунанд, роҳи ояндаи рушди онҳо бисёр ҳамвортар хоҳад буд.

Вале, агар эътиқод ба тарзи нигоҳе, ки имрӯз вуҷуд дорад, дар оянда низ давом ёбад, омилҳои низоъ дар ин ҷомеаҳо амиқтар шуда, устувории низомҳои сиёсӣ ва устувории рушди ин кишварҳо ба тадриҷ заифтар мегардад. Гарчӣ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки эҳтимоли тағйир ёфтани муносибати ин насли давлатмардони минтақа бо ислом бисёр кам аст, вале ҳам манфиати шахсию гурӯҳии ин элитаҳо ва ҳам манфиати миллию давлатии ҳар яке аз ин кишварҳо ҳалли ҳарчӣ зудтари масъалаҳои ин соҳаи ҳассосро тақозо мекунад.

1.Ин мавод матни суханронии муаллиф дар конфронси «Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: равандҳои нав, масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли он» (Душанбе, 21.02.2012) мебошад. Вале аз сабабе, ки ин масъала аҳаммияти худро то имрӯз гум накардааст,  чопи онро лозим шуморидем.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi