20:27
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 10
Мақолаҳо - Сулҳ, оштӣ, ваҳдат
05.07.2010 10:29

ЭЪЛОМИЯИ РОҲБАРИЯТИ ИНОТ

Ҳайати Роҳбарии Иттиҳодияи Нерӯҳои Оппозит-сиони Тоҷик бо қаноатмандӣ эълом медорад, ки ниҳоят дар натиҷаи кӯшишҳои пайгирона ва заҳмати фаровони ИНОТ ва ҳукумати Тоҷикистон татбиқи «Потокол оид ба масъа-лаҳои низомӣ» ба марҳалаи ниҳоӣ расид. То имрӯз ҳайати шахсии размандагони ИНОТ пурра номнавис ва ба ҳисоб гирифта шуда, аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.

 

Аслиҳа, тех-никаи ҳарбӣ ва  муҳимоти онҳо низ ба ҳисоб гирифта шуд ва дар ҷойҳои алоҳидаи дилпур муҳофизат ва нигоҳдорӣ мешавад. Аз ҳисоби размандагони ИНОТ ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи доимии ҶТ таъсис ва онҳо ба  қисмҳои дахлдори сохторҳои қудратии Тоҷикистон шомил шуданд. Ва бо ҳамин марҳилаи дуюми «Протокол оид ба масоили низомӣ» ба анҷом расида, ба таври ошкоро эълом медорад, ки дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ барҳам дода шуданд.

 

Роҳбарияти ИНОТ тақозои онро дорад, ки тибқи Созишномаи умумӣ ва Протоколи 17- июни  соли 1999, ҳокимияти Тоҷикистон баъди пахши эъломияи мазкур дар муддати як ҳафта манъ ва маҳдудияти фаъолияти ҳизбҳо ва ҷумбишҳои сиёсии шомили ИНОТ – Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, созмони мардумии «Лаъли Бадахшон» ва воситаҳои ахбори умуми онҳоро бекор мекунанд ва заминаро барои иштироки ҳатмии онҳо дар маъракаҳои сиёсии дар пеш буда – раъйпурсӣ ва интихоботҳои Президент, парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ муҳайё созанд.

 

Роҳбари Иттиҳоди Неруҳои

Оппозитсиони Тоҷик                                                                                               Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Душанбе,  3 августи 1999

                 

Дар робита ба нашри ин Эъломияи роҳбарияти ИНОТ ҷаласаи Комиссияи Оштии Миллӣ баргузор гардид, ки дар он ин иқдоми ҷониби Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар натиҷа аъзоёни КОМ иброз доштанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳолатҳое фароҳам омаданд, ки ба анҷом расидани марҳалаҳои якум ва дуюми «Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ» - ро ифода мекунанд ва эъломияи барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ба онҳо мувофиқат менамояд. Дар ин ҷаласа матни Муроҷиатномаи КОМ ба муносибати эълони барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ тасдиқ карда шуд. Бинобар сабаби аҳамияти таърихӣ доштанаш қарори ин ҷаласа ва матни Муроҷиатномаи КОМ - ро манзури шумо мегардонем:

 

ҚАРОРИ КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ

Комиссияи Оштии Миллӣ гузориши раҳбари ИНОТ мӯҳ-тарам Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар бораи барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ шунида, қарор мекунад:

 

1.Дар ҷумҳурӣ ҳолатҳое фароҳам омадаанд, ки ба анҷом расидани марҳалаҳои якум ва дуюми «Протокол оид ба масаъла-ҳои низомӣ» - ро ифода мекунанд ва эълони барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ба онҳо мувофиқат менамояд.

 

2.Муроҷиатномаи КОМ ба муносибати эълони барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ (замима мешавад) тасдиқ карда мешавад.

 

3.Аз ҳукумат ва ИНОТ хоҳиш карда шавад, ки фаъолияти худро дар бобати амалӣ кардани сулҳи устувор тибқи Созишно-маи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (27. 06. 1997) ва Протоколи татбиқи хулосаи гурӯҳи кории ҳукумат ва ИНОТ (17. 06.1999) пайгирона идома диҳанд.

 

4. Аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Раҳмо-нов Э.Ш.  хоҳиш мешавад, ки ин қарорро дастгирӣ кунад.

 

Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ                                                                      С.А. Нурӣ                         

 

(Идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2608----lr-10.html

Миқдори нигориши мавод: 864

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh