| САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 16 |
| Мақолаҳо - Сулҳ, оштӣ, ваҳдат | |||
| 15.09.2010 10:46 | |||
![]() Дар бобати иҷроиши масоили сиёсии Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон сухан ронда, дар бораи он мушкилоту монеаҳое, ки ҳангоми таҳия ва қабули лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» пеш омаданд, ёдовар нашавем, ин ба мисли он аст, ки дар бораи раванди таҳкими Сулҳ ва демократикунонии ҷомеа то ба ҳол чизе нагуфта бошем. Дар моддаи 7 – уми Низомномаи КОМ омадааст, ки яке аз вазифаҳо ва ваколатҳои КОМ тағйир додани қонунҳои фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, ҷунбишҳо ва воситаҳои ахбори оммавӣ мебошад.
Ба мақсади иҷрои ҳамин талаботи Низомномаи КОМ аъзоёни Комиссияи Оштии Миллӣ дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои пурсамари тӯлонӣ моҳи феврали соли 1998 лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» - ро таҳия ва якдилона қабул карданд. Лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси Олӣ оиди қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон равона карда шуд. Кумита онро ба раёсати Маҷлиси Олӣ пешкаш намуд. Раёсати Маҷлиси Олӣ баъди дида баромадани лоиҳа онро ба иҷлосияи 9 – уми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва қабул кардан пешкаш намуд.
Рӯзи 23 маи соли 1998 вақте, ки Маҷлиси Олии ҶТ қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» - ро қабул кард, қонун аз он лоиҳаи таҳия намудаи мо ба куллӣ фарқ мекард. Махсусан, моддаҳои сеюм ва чоруми он. Биёед, барои осонтар шудани фаҳмиши ин моҷарои сиёсӣ бубинем, ки моддаҳои мазкур дар таҳияи КОМ чӣ гуна буданд ва баъдан Маҷлиси Олӣ онҳоро чӣ гуна таҳия ва қабул кард, ки сипас боиси ворид гардидани халали ҷиддие дар раванди Сулҳ гардид.
Моддаи 3 – и Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз ҷониби КОМ чунин таҳия шуда буд: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аҳзоби умумиҷумҳурӣ таъсис дода шуда метавонанд. Аҳзоби сиёсиро шаҳрвандони Тоҷикистон озодона, бидуни ҳеҷ як иҷозат дар анҷуман (конференсия, маҷлис) – и муассисон, ки дар он Оинномаи қабул гардида, мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб ташкил дода мешаванд, таъсис медиҳанд. Дар бораи ҷой ва санаи гузаронидани анҷумани муассисон гурӯҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ дар васоити ахбори умум на дертар аз як моҳ пеш аз даъват карда шудани анҷумани муассисон хабар медиҳад».
Моддаи 3 – и Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки аз ҷониби Маҷлиси Олӣ рӯзи 23 маи соли 1998 қабул шуда буд: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявие таъсис ва фаъолият карда метавонанд, ки дар аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ибтидоӣ дошта бошанд. Ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис-тон озодона, бидуни ҳеҷ як иҷозат дар анҷумани муассисон таъсис дода шуда, дар он Оиннома қабул мегардад ва мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб ташкил карда мешаванд.
Ҳизб аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш таъсис-ёфта ҳисоб мешавад. Дар бораи ҷой ва санаи гузаронидани анҷумани муассисон, инчунин муқаррароти асосии Оинно-маи ҳизб гурӯҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дар васоити ахбори умум на дертар аз як моҳ пеш аз даъват карда шудани анҷумани муассисон хабар медиҳад. Дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, аз он ҷумла сохторҳои онҳо манъ аст. Ҳизбҳои сиёсии ташкилшаванда бояд на камтар аз ҳазор нафар аъзо дошта бошад».
Моддаи 4 (маҳдудиятҳои таъсис ва фаъолияти аҳзоби сиёсӣ), ки аз ҷониби КОМ таҳия шуда буд: «Таъсис ва фаъолияти аҳзоби сиёсие, ки мақсад ва ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститут-сионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад. Дар мақомоти бехатарии давлатӣ, корҳои дохилӣ, прокура-тура, адлия, судҳо ва қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, инчунин дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба истиснои мақомоти намояндагӣ, таъсис додан ва фаъолият кардани сохторҳои ташкилотии аҳзоби сиёсӣ мумкин нест. Дар мавриди ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда дар ҶТ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он ба аҳзоби сиёсӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ дар фаъолияти онҳо ба тартиб ва андозае, ки дар қонуни конститутсионӣ «Дар бораи вазъияти фавқулодда» пешби-нӣ карда шудааст, паҳн мегарданд».
Моддаи 4 (маҳдудиятҳои таъсис ва фаъолияти аҳзоби сиёсӣ), ки аз ҷониби иҷлосияи 9 – уми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд: «Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад. Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки характери динӣ доранд манъ аст. Дар мақомоти бехатарии давлатӣ, корҳои дохилӣ, прокуратура, гумрук ва мақомоти андоз, адлия, судҳо ва Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, инчунин дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мактабҳои миёна ва олӣ таъсис додан ва фаъолият кардани ташкилотҳои ҳизбҳои сиёсӣ мумкин нест».
Чи тавре, ки мебинем, хонандаи азиз, вакилони Маҷлиси Олӣ ҳангоми муҳокимаи ин масъала аз баррасии пешниҳодҳои Комиссияи Оштии Миллӣ оиди лоиҳаи ин Қонун сарфи назар намуданд ва чунин бетаваҷҷӯҳӣ боиси ба вуҷуд омадани бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар гардид.
Мутаассифона, дар ҷараёни баҳсу мунозираҳо оиди лоиҳаи Қонуни мазкур ҳатто вакилоне, ки худ ширкаткунандагони музокироти Сулҳ буданд, аз ин банди Протокол «Дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон», ки тибқи он «Ҳукумат ӯҳдадор мешавад аз чунон амалҳое худдорӣ намояд, ки мухолифи муҳтавои Протоколҳои имзошаванда мебошанд ва аз қабули чунин қонунҳо ва чораҳо худдорӣ намояд, ки ба ин Протокол мувофиқат намекарда бошанд», ҳатто ёдовар нашуданд.
(идома дорад)
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/3121----lr-16.html
|






