11:58:26 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД – ҚИСМАТИ 10

 Қисмати 1 > Қисмати 2 > Қисмати 3 > Қисмати 4 > Қисмати 5 > Қисмати 6 > Қисмати 7 > Қисмати 8 > Қисмати 9 > Қисмати 10

 

Ҳамлаи ғофилгиронаи нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин

Мардуми водии Рашт Ризвон ва мусаллаҳони ӯро чашми дидан надоштанд. Баъди он ки ӯ бо гурӯҳаш минтақаро тарк намуда ба Афғонистон рафтанд, сарбозон ва масъулини сохторҳои марбутаи ҳукумат мардуми бегуноҳро ба баҳонаи он ки гӯё бо Ризвон ҳамкорӣ кардаанд, мавриди таъқибу азият қарор медоданд. Хулоса мардуми минтақаи Ғарм аз Ризвону ҳузури ӯ дар ин водӣ рӯзгори талху даҳшатнокеро дар хотир доштанд.

/images/stories/2011/10/17_ustod_va_merrem_2011.jpgБарои ҳамин ҳам вақте хабари ба ҳукумат пайвастани Ризвонро шуниданд, пеш аз ҳама қумандонҳои мухолифини ҳамин минтақа, ҳамонҳое ки чанде пеш Созишномаи сулҳи Ғармро ба имзо расонда буданд, вокуниш нишон доданд. Онҳо, ки борҳо шоҳиди аҳдшикании ҷониби ҳукумат дар масъалаи риояи Созишномаи Оташбас буданд, ин дафъа интизор нашуданд, ки кай Ризвон болои сари  онҳо юриш мекунад ва худ даст ба нақзи Созишномаи на танҳо Оташбаси Теҳрон, балки Созишномаи  Сулҳи Ғарм низ заданд.

Субҳи 1-ми декабр дар як ҳамлаи ғофилгирона ба марказҳои ноҳияҳои Ғарму Тоҷикобод ва Ҷиргатол размандагони ИНОТ фаъолияти ҳукуматҳои ин ноҳияҳоро фалаҷ карда қариб тамоми коркунони мақомоти корҳои дохила ва амниятиро асир гирифтанд. Дар Тавилдара размандагони таҳти фармони Мирзо Зиёев бошад аз ағбаи Каранак гузашта ба ноҳияи Ховалинг дохил шуда кони тиллои Шугновро пурра ба тасарруфи худ дароварданд.

Чаро Созишномаи Оташбас нақз гардид?

Радиои Тоҷикистон дар барномаи «Хабарҳои охирин»-и рӯзи 2-уми декабр «Баёнияи нозирони низомии Ҳайати Намояндагии СММ дар Тоҷикистонро оиди таҳаввулоти ахири Тоҷикистон» мунташир сохт, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: «Гурӯҳи Нозирони Низомии СММ хабар медиҳад, ки дирӯз, яъне 1-уми декабри соли 1996, тақрибан соати 7-у 20 дақиқаи субҳ дар маркази ноҳияи Ғарм дар назди бинои ҳукумат, почта, раёсати вазорати амнияти миллӣ задухӯрди шадид сар шуд.

Дастаи мусаллаҳи мухолифини муттаҳидаи тоҷик таҳти роҳбарии қумандон Маҳмадрӯзӣ, ки тақрибан 600 шахси мусаллаҳ дорад, тақрибан баъди чанд соат ин биноҳоро забт намуд ва хабар расид, ки бинои раёсати амният оташ зада шудааст. Инчунин дар бораи тирпарронӣ дар самти майдони ҳавоии Ғарм хабар дода шуд. Ҳоло аниқ нест, ки майдони ҳавоӣ дар дасти кист. Аз рӯи маълумотҳои тасдиқнашуда одамҳо ҳалок ва захмӣ шудаанд.

Ин нақзи Созишномаи Оташбас аст. Гурӯҳи Нозирони Низомии СММ ин вайронкуниро маҳкум мекунанд». Ҳамон рӯз бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» бо истинод ба Баёнияи Нозирони Низомии СММ «ҷанги Ғармро бузургтарин нақзи оташбас дар авохир номид». Вале ба гуфтаи Нозирони низомииСММ «ин нақзи оташбас  ба дунболи он ба вуқӯъ пайваст, ки аз 25-уми ноябр сар карда нирӯҳои ҳукуматӣ бар зидди мухолифин дар Теппаи Самарқандӣ воқеъ дар 15 километрии шаҳри Душанбе амалиёти махсуси низомӣ пиёда кардаанд ва онҳоро нагузоштаанд, ки аз ин мавзеъ дидан кунанд».

Бино ба иттилои Ҷалолиддин Маҳмудов, ҳамраиси Комиссияи муштараки назорат ба Созишномаи Оташбаси Теҳрон аз ҷониби оппозитсия ба радиои «Озодӣ» «амалиёти ҷангӣ дар шаҳраки Ғарм то соати 12-у 45 дақиқа идома дошта, размандагони мухолифин ноҳияи Ғармро пурра ба тасарруфи худ дароварданд. Дар бораи талафот иттилоъ нест». Ба гуфтаи Ҷалолиддин Маҳмудов рӯзи 1-уми декабр баъди нисфирӯзӣ чархболу тайёраҳои ҳукуматӣ шаҳраки Ғармро бомбаборон карданд. Нозирони низомии СММ ин хабарро тасдиқ карданд.

Дар идомаи хабари радиои «Озодӣ» омадааст, ки «ба гуфтаи як манбаи ҳукуматӣ дар амалиёти ишғоли шаҳраки Ғарм дастаҳои фармондеҳон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Аҳмадбек ва як гурӯҳи Мирзо Зиёев аз Тавилдара иштирок карданд. Ба гуфтаи Ҷалолиддин Маҳмудов «фармондеҳи Ҷабҳаи Қаротегин Мирзохӯҷа Низомов дар ин амалиёт ширкат надошт, вале баъди ба Ғарм ҳуҷум овардани чархболҳои ҳукуматӣ ӯ низ ба мубориза пайваст. Мулло Абдулло, фармондеҳи нирӯҳои Комсомолобод дар гирифтани Ғарм ширкат накардааст».

Геносид ё қатли оми халқи тоҷик?

Зафар Икромов, ҳамраиси Комиссияи Муштараки Назорат бар Оташбас аз ҷониби ҳукумат дар сӯҳбати худ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки «ҳар дафъа пеш аз гуфтушуниди ҷонибҳо ва мулоқоти сарварон размандагон паймоншиканӣ карда ба нирӯҳои ҳукуматӣ ҳуҷум мекунанд. Гумон мекунам, ки ин амалиёт бо дастури роҳбарони оппозитсия сурат мегирад. Ҳафтаи қаблӣ ман бо фармондеҳони саҳроии оппозитсия Муҳаммадрӯзӣ, Аҳмадбек ва дигарон сӯҳбат доштам. Ҳамаи онҳо ҷонибдори пойдории сулҳ буданд. Бисёр хоҳиш карданд, ки ба ҳукумат бирасонам то дар Тавилдара низ оромӣ ҳукмфармо бигардад».

Мизроб Кабиров, мушовири амниятии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як баёнияи худ гуфт, ки «дар задухӯрдҳои ахир камаш 9 нафар аз ходимони амниятии ҳукуматӣ кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва тақрибан 100 нафар асир афтодаанд». Абдураҳмон Азимов, муъовини сарвазири Тоҷикистон «ин амалиётро  қатли ом ё геноциди халқи тоҷик номида масъулияти онро шахсан бар ӯҳдаи сарвари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ бор кардааст».

Гуфтугӯи телефонии Герд Дитрих Меррем бо устод Нурӣ

Дар ҳамин ҳол рӯзи 2-уми декабри соли 1996 Намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон Ҳерд Дитрих Меррем бо роҳбари Иттиҳоди Нирӯҳои Оппозитсияи Тоҷик устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ телефонӣ дар тамос шуда аз нақзи Созишномаи Оташбас ибрози нигаронӣ кард. Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар посух гуфтааст, ки аз нав оташ гирифтани ҷанг ӯро низ ба ташвиш овардааст ва сабаби ғазаби размандагон ва ҳамлаи онҳо ба шаҳраки Ғармро дар ба тарафи ҳукумат гузаштани собиқ фармондеҳи кулли нерӯҳои оппозитсия Ризвон Садиров тахмин кардааст.

Ба гуфтаи  Саид Абдуллоҳи Нурӣ  касе аз фармондеҳони мухолифин иҷозати ӯро барои оғози ин амалиёт нагирифтааст. Вале ӯ дар ин гуфтугӯ бо Ҳерд Дитрих Меррем мувофиқати худро бо оташбаси муҷаддад дар Тоҷикистон эълом кардааст. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки дар мулоқоти қарибалвуқуъаш бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо ба натиҷаҳои дилхоҳ хоҳанд расид.

Тӯраҷонзода: Ризвон сабаби ҳамлаи размандагон шудааст

Муовини аввали раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар як мусоҳибаи худ ба хабарнигори бахши тоҷикии  радиои «Озодӣ» Хоҷа Мирзода худи ҳамон рӯзи 2-ми декабр идаъои А. Азимовро рад намуда гуфтааст, ки «амалиёти Ғарм тавассути бародароне анҷом ёфт, ки худашон сокинони ҳамин ноҳияи Ғарм ҳастанд ва дар ҳақиқат ягон нафар аз сокинони ғайринизомии минтақа талафот надидааст ва ҳатто 90 дар 100 аскарҳои худи ҳукумат ҳам талафот надидаанд.

/images/stories/2011/10/17_sulh-hadyai-khudo_10.jpgОнҳоро сиҳату саломат мо омода ҳастем ҳар лаҳза, ҳар соат тавассути марзи Ҷиргатол, Қирғизистон озод кунем. Бинобар ин бисёр тӯҳмат аст ин гапҳо дар ҳаққи устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ». Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар баробари таҳлили вазъи низомӣ дар сангарҳои набарди байни нирӯҳои мусаллаҳи оппозитсион ва нирӯҳои низомии ҳукумат дар ин мусоҳибааш  инчунин дар масъалаи сабабҳои ба ҳуҷум гузаштани размандагони минтақаи Ғарм азҷумла чунин нуктаҳоро пеш овардааст:

«Рӯзи 29-уми ноябр Ғаффор Седой, фармондеҳи Горди Президентӣ Ризвонро ба Чорсада, ки  қароргоҳи Штаби қувваҳои ҳукуматӣ дар минтақаи Қаротегин дар он ҷо буд, меорад. Дар он ҷо бо мардум сӯҳбат мекунанд. Таҳдид мекунанд, ки агар кадом фармондеҳе, ки таслим намешавад, силоҳи худро ба замин намегузорад, мо ҷазояш медиҳем. Хуб мардуме, ки аз дасти ин оқои Ризвон хеле ҷабр дида буданд, хусусан фармондеҳони водии Қаротегин бисёр ҳақ доранд, ки аз ин нороҳат бошанд. Хуб, эҳсоси хатар карданд. Гуфтанд, ки агар инҳо аз тарафи Чорсада ҳуҷум кунанд, нирӯҳои давлатие, ки дар Ғарм ҳастанд, метавонанд аз ақиби муҷоҳиддин зарба зананд. Бинобар ин ҳама аҳдшиканиҳое, ки қаблан аз ҷониби ҳукумат шуда буд, бовариро аз байн бурда буд. Бинобар ин онҳо шаби 30-уми ноябр ба фурӯдгоҳи Ғарм ҳуҷум карданд. Ҷанги зиёд нашуд. Мутаассифона, ҷонибҳо талафот доданд. Ба тезӣ тамоми нирӯҳои давлатӣ таслим шуданд. Халъи силоҳ гардиданд. Қисмати асиронро мо метавонем тавассути Ҷиргатол бе қайду шарт озод кунем».

Хонандаи хушзеҳни ин силсиламақола ба ёд оварда метавонад, ки мо дар шумораҳои қаблӣ навишта будем, ки Ризвон дар як чархболи ҳукуматӣ қарибиҳои намози асри рӯзи 29-уми ноябр, баъди ду рӯзи дар Тоҷикистон будан боз ба Афғонистон баргашт. Ӯро дар мавзеи «Чаман»-и шаҳри Толуқон нирӯҳои амниятии Афғонистон пешвоз гирифта ба идораи амнияти Тахор мебаранд. Акнун бо дарназардошти гуфтаҳои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва маълумотҳои қаблӣ метавон ҳадс зад, ки Ризвонро пеш аз он ки ба Афғонистон бозгардад, ба Чорсада оварда бо ҷойи кори наваш шинос кардаанд ва аз ҳамин ҷо ӯ дар ҳамон чархболи фармондеҳи Горди президентӣ барои овардани ёронаш ва домулло Абдуғаффор ба Афғонистон рафтааст.

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 18.10.2011 08:40
ташаккур Хочи, ки парда аз руи асрор мебардори. Вокеан хам набераи Хазрати Бурх асти, на чоплуси дори, на мансабхохи мекуни, мисли кури Сафар на аз он меноли, ки аз зиёфатхои хукумат дар канор мондаи. Рохат мустаким аст ва минбаъд аз ин рох берун нашав. Худо нигахбонат.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi