21:45:48 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД- ҚИСМАТИ 16

Султони Ҳамад

/images/stories/2011/12/29_sulh-hadyai-khudo_16-2011.jpg5. Ба мақсади пешгирӣ намудани ба шакли контробанда ворид ва хориҷ кардани арзишҳои моддӣ, силоҳ, гиёҳҳои нашъаӣ ва соири ашёи қонунан манъшуда дар сарҳади ноҳияи Ҷиргатол ва Ҷумҳурии Қирғизистон назоратгоҳи гумрукӣ ва якҷоя бо нерӯҳои ҳукуматӣ ва ИМТ назоратгоҳи муштараки сарҳадӣ таъсис дода шавад.

6. Фаъолияти мақомҳои қонунии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Тавилдара, Комсомолобод, Ғарм, Тоҷикобод ва Ҷиргатол барқарор карда шавад. Ҳангоми интихоб ва ҷойгузории ҳайъати шахсӣ ба роҳбарии мақомҳои корҳои дохилӣ ба қадрҳои маҳаллии касбӣ бартарӣ додан лозим аст. ИМТ мақомотҳои ҳокимиятро эътироф мекунад ва ба фаъолияти мӯътадилаш халал намерасонад.

7. Назорати иҷрои ин Протокол ба дӯши Комиссияи муштарак гузошта аз намояндагии СММ дар ҶТ хоҳиш карда шавад, кн дар ин бобат ҳамкорӣ намояд.

8. Протокол аз лаҳзаи имзо шуданаш ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.

ПРЕЗИДЕНТИ                                    РОҲБАРИ ИТТИҲОДИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН           МУХОЛИФИНИ ТОҶИК

Э.Ш.РАҲМОНОВ                               С.А.НУРӢ

НАМОЯНДАИ МАХСУСИ УМУМИИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН Г.Д.МЕРРЕМ

10 – 11 декабри 1996 шимоли Афғонистон

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Э.Ш.РАҲМОНОВ ВА РОҲБАРИ ИТТИҲОДИ МУХОЛИФИНИ ТОҶИК С.А.НУРӢ

Мо, рӯзи 10-11 декабри соли 1996 дар шимоли Афғонистон мулоқот карда, дар шоҳидии Раиси Ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддни Раббонӣ ва намояндаи махсуси Муншии Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон Г. Д. Меррем аҳд кардем, ки рӯзи 19 декабри соли 1996 дар шаҳри Москав вохӯрем. Мақсад аз ин вохӯрӣ он ки масъалаҳои мубрами сарнавишти тоҷиконро бо роҳи гуфтушунид, бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кунем, то ки халқи азияткашидаи хешро аз гирдоби душвориҳои ба миёномада наҷот диҳем ва ваҳдати миллиро дар кишварамон таъмин намоем. Ба ин хотир созишномаеро ба имзо мерасонем, дар он таъсиси Комиссияи оштии миллӣ эълон мешавад. Зимнан ният дорем барои тамоми давраи гуфтушуниди байни тоҷикон оташбас эълон намоем.

Ҳангоми мулоқот дар Афғонистон протоколе ҳам имзо намудем, ки ҳадафи он қатъ кардани амали ҷангӣ дар минтақаҳои Каротегину Тавилдара ва таъмини кори ҳокимият ва мақомоти расмӣ дар навоҳии ин мавзеҳо мебошад.

Боварӣ дорем, ки дар ҳуҷҷатҳои омодашуда роҳи мувофиқтарини дастрасӣ ба оштии миллӣ, роҳи боварӣ ба ҳамдигар муайян шудааст ва он заминаи муҳиме барои расидан ба мақсадҳои волои миллии мо хоҳад шуд, зеро ҳеҷ чиз беҳтар аз ҳамдигарфаҳмӣ инсонро ба мақсад наздик намекунад.

Мо, аз Муншии Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Б. Бут¬рос Ғолӣ хоҳиш менамоем, ки дар назди Шӯрои Амнияти Созмо¬ни Миллали Муттаҳид масъалаи тамдиди вақолати нозирони ҳарбии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистонро пешниҳод намояд.

Мо, ба Раиси Ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон, ҷалолатмаоб, профессор Бурҳониддин Раббонӣ, намояндаи махсуси Муншии Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Г. Д. Меррем, ҳукуматҳои Федератсия Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, соири кишварҳои мушоҳид дар гуфтушуниди байни тоҷикон барои саъйю кӯшишашон дар созмон додани ин вохӯрӣ ва меҳмоннавозиашон миннатдорӣ менамоем.

ПРЕЗИДЕНТИ                                  РОҲБАРИ ИТТИҲОДИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН          МУХОЛИФИНИ ТОҶИК

Э.Ш.РАҲМОНОВ                            С.А.НУРӢ

НАМОЯНДАИ МАХСУСИ  МУНШИИ УМУМИИ СММ Г.Д.МЕРРЕМ

10 – 11 декабри 1996, шимоли Афғонистон

/images/stories/2011/12/29_sulh-hadyai-khudo_17-2011.jpgВокунишҳои нахустин ба мулоқоти Хустдеҳ аз сӯйи худи ширкаткунандагони ин вохӯрӣ худи ҳамон рӯзи анҷоми ин дидори таърихӣ садо доданд. Дар ин мулоқот ба ғайр аз телевизиони давлатии Тоҷикистон боз хабарнигорони расонаҳои хабарии Русия Татяна Логунова (телевизиони ОРТ), Сурайё Собирова (хабаргузории Интерфакс), Галина Гриднева (хабаргузории ИТАР-ТАСС) ва хабарнигори махсуси радиои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон «Садои Тоҷикистони озод» Бобоҷони Шафеъ иштирок доштанд.

Бобоҷони Шафеъ, ки дар гузашта яке аз роҳбарони радиои  ҷумҳурии  тоза ба истиқлолрасидаи Тоҷикистон ба шумор мерафт ва ба хотири ҳифзи ҷони худ ба Афғонистон ҳиҷрат намуда дар он ҷо яке аз  бунёдгузорони радиои «Садои Тоҷикистони озод» шуда буд, кӯшиш ба харҷ медод, ки аз ин имконияти хуби дастдода самаранок истифода намояд. Ӯ дар ин лаҳзаҳои ҳассос нуқтаназарҳои шахсиятҳоеро ба навори магнитофон сабт намуд ва аз тариқи радио пахш намуд, ки хеле аҳамияти муҳими таърихӣ доранд. 

Радиостансияи «Садои Тоҷикистони озод» дар он шабу рӯз на танҳо дар Афғонистону Тоҷикистон, балки дар Покистону Ӯзбекистон низ шунавандаи худро дошт. Мо ба хотири он, ки ҳамаи он мусоҳибаҳое, ки дар бораи ин мулоқот доир шуданд, дигар дар ягон ҷо ба табъ нарасидаанд ва моли таъриханд, лозим медонем, ки онҳоро пурра пешкаши хонандагони мӯҳтарам бигардонем. Бобоҷони Шафеъ баъди маросими имзогузории санадҳои Хустдеҳ нахуст бо устод Нурӣ, роҳбари мухолифин бо чанд савол муроҷиат кард, ки мо матни пурраи онро инҷо меорем.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Мо дар ҳақиқат, маротибаи севвум аст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ мекунем. Дар ду вохӯрии қаблӣ омодагии эшонро барои ёфтани роҳҳои ҳаллӣ мусолиматомез кам медидем. Вале дар ин навбат он кас барои мушкилоти Тоҷикистонро бо роҳи гуфтушуниду гузашт ҳал кардан ҳозир буданд. Албатта дар ин чанд муддате, ки мо дар ин ҷо будем, фазо як фазои хуб буд ва ҳарду тараф омода буданд, ҳозир буданд ва хеле кӯшиш мекарданд то ин ки роҳе пайдо кунанд, ки мушкилоти Тоҷикистон ҳал шавад ва мардуми мусалмони Тоҷикистон беш аз ин азияту азоб накашанд, махсусан дар ҳамин зимистон.

Ҷаноби Раҳмонов дар ин навбат хеле инъитофпазир буданд. Бештари матолибе, ки мо доштем ва то ҳоло ҳал намешуданд, ба онҳо ҷавоби мусбат доданд. Азҷумла як чизе, ки мавриди баҳси чандинвақтаи ҳайатҳои музокиракунандаи мо буд, яъне таъсиси Комиссияи мусолиҳаи миллӣ. Дар ин масъала мо ба тавофуқ расидем. Пештар ҷониби ҳукумат ташкили кунгураи халқиро мехост. Акнун ташкили чунин як кунгура муҳим нест. Дигар тамоми мушкилоти сиёсиро ҳамон Комиссияи мусолиҳаи миллӣ ҳаллу фасл хоҳад кард, ки ин пешрафти хеле бузурге буд.

Ва азҷумла, дар ин вохӯрӣ мо ба тавофуқ расидем то ин ки ҷангу хунрезӣ дар минтақаҳо ҳарчӣ сареътар бас карда шавад ва фурсат омода шавад барои он ки мо битавонем он масоилеро, ки  имрӯз дар санади тамҳидӣ ба тавофуқ расидем, дар як ҳолати оромӣ ва бо рӯҳияҳо ва афкори ором ҳал бисозем ва мардумро аз ин мушкилот халос бикунем ва инчунин кишварро низ аз ин бадбахтӣ наҷот бидиҳем.

Бобоҷони Шафеъ: Шумо фикр мекунед, ки оё шароит бештар муҳайё шудааст барои иҷрои ин тавофуқоте, ки миёни Шумо ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шудааст?

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: Ман фикр мекунам, идомаи ҷанг беш аз ин бар зарари ҳамагон хоҳад буд. Чун дигар душманони миллати тоҷик аз ин вазъияте, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба амал омадааст, бештар истифода мекунанд ва ҷангҳоро идома медиҳанд, ки ин ҷангҳо бар зарари манофеи миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Бинобар ин хеле ғанимат аст ва вақт ҳам хеле расидааст ва ҳарду ҷонибҳо ҳам омода ҳастанд барои он ки як тавофуқ кунанд ва бо роҳи музокирот ва гуфтушунид масоилро ҳал кунанд.

Профессор Бурҳониддин Раббонӣ

 Бобоҷони Шафеъ: Устоди мӯҳтарам, Шумо бори дуюм аст, ки мизбони ҷонибҳои мухолифи Тоҷикистон ҳастед. Лутфан мегуфтед мулоқоти Фархор аз дидори Кобул дар якуним соли пеш чӣ тафовуте дошт?

Устод Раббонӣ: Бисмилоҳир Раҳмонир Раҳим. Аввалан ма эҳсоси хуши мекунам, ки мо меҳмондори бародарони тоҷики мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва мӯҳтарам устод Нурӣ, раиси оппозисиюн дар Афғонистон ҳастем. Яқинан, ки бори аввал бо ҳам нишасту музокирот доштанд ва табодули назар карданд бо марҳилаи феълӣ тафовутҳои бисёр зиёде вуҷуд дорад.

Феълан дар ҷаласаи Фархор ҳарду тараф бо камолу садоқату ихлос ба хотири қатъи ҷанг ва ба миён омадани сулҳ, истеҳкоми ҳарчӣ бештари Тоҷикистон бо ҳам ҳамкор буданд. Нуқоти асосӣ мавриди баҳс қарор гирифт ва тафоҳумоти асосӣ сурат гирифт ва умедвор ҳастем, ки ҷаласаи Фархор поёни тамоми кашмакашҳо дар Тоҷикистон буда бошанд ва умедвор ҳастем, ки миллати бародари мо, кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо шоҳиди амну амнияти сар то сарӣ хоҳад буд.

Ҳерд Дитрих Меррем, НВ ДК СММ дар Тоҷикистон

Ман фикр мекунам ҳарду раҳбар дергоҳ якдигарро надиданд ва ин муддати тӯлонӣ фурсате буд барои андеша. Тавофуқе, ки имрӯз ҳосил шуд, орзуи деринаи мардум аст, ки ду роҳбар ҳам ба хубӣ дарк карданд. Ба фикри ман мулоқоти Фархор даричаи ҳалли бӯҳрони Тоҷикистонро кушод.

(Идома дорад)

Қисмати 1 > Қисмати 2 > Қисмати 3 > Қисмати 4 > Қисмати 5 > Қисмати 6 > Қисмати 7 > Қисмати 8 > Қисмати 9 > Қисмати 10 > Қисмати 11 Қисмати 12 > Қисмати 13 > Қисмати 14 > Қисмати 15 > Қисмати 16



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi