19:48:08 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо!

Аз даргузашти бунёдгузори сомона, рӯзноманигор, пажӯҳишгари тавоно, инсони шариф Султони Ҳамад инак ҳафтае сипарӣ мешавад. Гузашти рӯзҳо боз ҳамон ҳақиқатро бароямон рушантар карданд, ки ин реҳлат ҷонгудозу ҷуброннопазир аст ва акнун ҷойи холии устод Ҳамадро дигар касе наметавонад пур кунад.

001 1

Шахсияти устод Султони Ҳамадро наметавон бо ду-се ҷумла тасвиру тавсиф кард. Султони Ҳамад аз донишмандони огоҳу баруманде буданд, ки ҳам пажӯҳиш ва ҳам таҳқиқу ҳам таълифҳои арзанда доштанд; Султони Ҳамад рӯзноманигори мумтозу муваффақи айём ба шумор мерафтанд, ки то умқи масоили муҳимму ҳассоси иҷтимоиву иқтисодиву сиёсии рӯз чӣ дар умури кишвар ва чи дар сатҳи байнулмилал ворид шуда, муй аз хамир ҷудо мекарданд, ба пурсиши муаммоҳо посухҳои корсоз матраҳ мекакрданд; Султони Ҳамад шоире буданд бо шеъри нағзу нобу нав ва болотар аз ин ҳама Султони Ҳамад дӯсте буданд меҳрубону шафиқ, мураббие буданд сахтгиру аммо шогирднавоз ва падаре буданд воқиъан сояи раҳмати фарзандону аҳли хонадон.

Риҳлати устод Ҳамад барои дӯстону пайвандонашон ногаҳонӣ, ғамангез, мусибатбор буду ҳаст. Муддати ин ҳудудан як ҳафта дар фазои маҷозӣ борони таслияту сӯгворӣ аз ҷониби дӯстон, ҳамкасбон, шогирдон, ҳамқаламон ва ҳатто касоне, ки бо устод ақаллан боре шарафи ҳамнишиниву сӯҳбати рӯ ба рӯ надоштанд, фурӯ рехт.

Ҳамроҳ бо арзи таслият даҳҳо нафар аз шоирони хубамон мисраҳое пурсӯзу гудоз эҷод кардаву дар фазои маҷозӣ кориданд, ки ин ҳама аз муҳаббати самимии дӯстон нисбат ба ин қаламкаши нотакрор буд. Мо ин ҳамаи сӯгвориҳо, шеърҳо, мақолаҳое, ки дар ин рӯзҳо нашр шуданду нашр мешаванд, гирдоварӣ хоҳем кард ва дар муносибтарин фурсат як китоби ёдономае аз устоди шодравон омода ва нашр мекунем ва ба дӯстон мерасонем.

Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи азизоне, ки дар ин рӯзҳои пурмусибат дар паҳлуи пайвандони устод Султони Ҳамад буданд, бо сатрҳои пургудозашон, мисраҳои нобашон арзи таслият кардан, дарду ғами дурии абадиву ҳиҷронро қисмат карданд, изҳори сипос мекунем. Хонаи охирати суханвари арҷманд нуронӣ бод.

Худованди ҷонофарин барояшон Фирдавси баринро насиб гардонад.

Омин ё Раббилъоламин!

Ин сомона ба иллати маризии тӯлонаи устод Ҳамад муддате аз фаъолият бозмонда буд. Ва инак, бо талоши фарзандони ишон дубора фаъол гардид. Интизори ҳамкории аҳли қалам ҳастем. Бо мо бошед, ки бо Шумоем!

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi