18:48:22 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

МАРД НАМИРАД БА МАРГ...

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

Бегумон, Аҳмад Зоҳир ситорае рӯшану такрорнашуданӣ дар осмони мусиқии ҷаҳон даҳсолаҳо боз медурахшад. Алоқамандони таронаву суруду оҳангҳои диловези ӯ батакрору бо шӯру шавқу иштиёқ ба хонданҳояш гӯш медиҳанду ҳамоно маҳбубу дӯстдоштанӣ боқӣ мемонад...

Mahfili runamoi kitob 2021Ду рӯз пеш буд, ки китоби марҳум Султони Ҳамад 'Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ' ба дастам расид, ки фарзанди фарзонаи худораҳматӣ Султони Ҳамад, Ҷаҳонгиршо лутф кардаву тавассути СДЕК - хадамоти логистикӣ аз Екатеринбург ба Владимир бароям фиристода буд. Худованд акаи Султони Ҳамадро биомурзаду ғариқи раҳматаш бигардонад ва фарзандону зурриёти ӯро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад.

Аз ҳине, ки бо мусиқӣ ошно шудаам ва моҳияти онро шинохтаам, алоқаманди садову ҳунари Аҳмад Зоҳир ҳастам ва ҳеч нест, ки оҳангу хонданҳош куҳна шаванду алоқамандии мо ба онҳо поён ёбад. Бештари дӯстонам ҳам мухлисону шефтаи ҳунари ин булбули хушнаво ҳастанд. Ҳамин ҳоло, ки ин матлабро менавиштам, Саъди Ворисов як акс аз маросими рӯнамоии китоби мазкур фиристоду навишт, ки "Ҷои т сахт холӣ".. Хилватшоҳ Маҳмуд ҳам пахши зиндае аз ин маҳфили пуршукӯҳ ба намоиш гузошт ва Kamoliddin Bozi аксҳои хубе ирсол кард, ки сипосу дуруд бар онҳо ва ҳама алоқамандони ситораи дурахшони осмони ҳунару мусиқӣ Аҳмад Зоҳири фақид бод!

Ahmad Zahir new booke Soltan HamadРӯзи рӯнамоии китоби "Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ" ва маҳфили ёдбуди дӯстдоштатарин ҳунарманди форсисароро ба ҳама алоқамандони ҳунарманди дилҳо, бавижа, бародарони азизам фарзандони Султони Ҳамад-муҳаққиқу алоқаманди бемисоли Аҳмад Зоҳир, табрик мегӯям. Номи марҳум дар кишвари мо дигар бо номи ҳунарманди дилҳо тавъам шуда, дар хотироти мо барои ҳамеша боқӣ мемонад. Ҷойи марҳум акаи Султон дигар дар чунин маҳофил холист, вале равони покаш аз он шод аст, ки фарзандони покгавҳараш анъанаи падари рӯшанзамиру равшангари хешро идома медиҳанду дар ташкили чунин маҳофили фарҳангӣ саҳим мешаванд.

Бори дигар арзи сипосу қадрдонӣ ба Ҷаҳонгири Султон, ки моро бо ин ҳадяи гаронарзиш дар ин дуриҳои дур хушҳол кард.

Зоир Давлат

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi