01:38:19 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тахти Ҷамшед: Он чӣ гуна бунёд шуду чӣ тақдире бар сараш омад?

Тахти Ҷамшед - қисмати якум; дуввум; саввум

Бурҳон Салмонов, «Рӯзгор»

КОХҲОИ ТАХТИ ҶАМШЕД

Ҳангоми сафар ба Тахти Ҷамшед муяссарамон гашт, ки дар бинои пазириши меҳмонон филми мустанедро дар бораи замони имперотурии Ҳахоманишиҳо ва ин мероси нодири фарҳангию таърихиро бубинем. Сайёҳон, инчунин метавонанд аз осорхонаи Тахти Ҷамшед, ки дар ҳудуди маҷмаа ҷойгир аст, бо ёдгориҳое, ки он ҷо маҳфузанд, ошноӣ пайдо кунанд. Дороии осорхона он қадар  зиёд нест ва ночиз ба назар мерасад, зеро осори нодири Тахти Ҷамшед имрӯз дар ихтиёри Эрон нест, онҳо осорхонаҳои Ингилистон, Амрико, як қисмати кишварҳои Аврупо ва Русияро зебу зиннат медиҳанд, ки дар зер ба он ишора хоҳем намуд.

1 takhti-jamshed 3 2013Бо вуҷуди ин ҳама, ба шукӯҳу шаҳомати Тахти Ҷамшед таваҷҷуҳи сайёҳон хеле зиёд аст. Обидаҳо, ки аз санги мармари сафед ва лоҷувардӣ офарида шудаанд, зери офтоб дурахши аҷибе доранд. То ҷое огоҳӣ ёфтем, имрӯз дар ин кохи бостон-Тахти Ҷамшед мавҷудияти се кохи он- Оподон, Тачр ва Ҳадиш боқӣ мондаанд, ки бузургтарини онҳо Оподоно маҳсуб меёбад.

Оподоно дар он замонҳои дур ҳамчун маркази пазироии меҳмонон ва шахсиятҳои бонуфузи кишварҳои тобеъи имперотурӣ хидмат мекардааст. Аз руйи маъхазҳои боқимонда вусъати Оподоно 60 х60 метр буда дар он 72 сутун аз санги мармар сохта шудааст. Баландии ҳар як сутун 19 метр ва дар фосилаи 9 метрӣҷойгир будаанд. Меъморони Ҳахоманишӣ, ки аксаран арманитаборҳо будаанд дар бунёди кохҳо ва васли сангҳои 10-15 тоннагӣ ва аз ин ҳам гаронтар гирҳои оҳаниро истифода карда, бо таваҷҷуҳ ба он нақши дастони сеҳрофари онҳо ба назар мерасад. Аз он сутунҳои бузурги сангӣ кам андар кам боқӣ монда, имрӯз ҳам тамошои онҳо ҳар бинандаро ба ҳайрат мегузорад.

Кохи дигаре, ки дар Тахти Ҷамшед назаррабоӣ менамояд, бо номи "Тачр" ё "Тачар" ёд мешавад. Ин вожа арманӣ буда, маънии " "ҳаёт"-ро дорад. Дар Тачр зерсутуну 12 сутунҳои васатӣ боқӣ монда, дар он замонҳо аз зери онҳо новаҳои об ҷорӣ будааст. Маълумоте боқӣ монда, ки шоҳони Ҳахоманишӣ дар ин кох меҳмононро танҳо фасли зимистон пазироӣ карда, дигар фаслҳо дарвозаҳои он баста будааст. Дар мавриди бунёди кохи Тачр катибае аз шоҳ Дориюш боқӣ мондааст: " Дориюш шоҳ, шоҳи бузург, шоҳи бисёре аз кишварҳо, писари Виштоспи Ҳахоманишӣ ин Тазр (Тачр)-ро ба по кард".

 Ҳангоми дидан аз қисматҳои Тахти Ҷамшед айвонҳои кохи Ҳадиш ба назар расид, ки бунёди онро ба шоҳ Хашаёршоҳ мансуб медонанд. Пораҳои сутунҳо ва деворҳои мармарин ҷо-ҷо ғалтида, аммо ҳифозат мешаванд.

АЗ ТАХТИ ҶАМШЕД ЧӢ БОҚӢ МОНДААСТ?

Ҳангоми дидан ва тамошои маҷмааи Тахти Ҷамшед ва шиносоӣ бо таърихи имперотурии Ҳахоманишиҳо бароямон рӯшан гашт, ки агар ин обидаи таърихӣ аз санги мармар бино намеёфт, шояд ин қадар умри тӯлонӣ намедид. Юнониҳо, ки замоне таҳти тасаллути империяи Ҳахоманишиҳо қарор доштанд, аз с?и муаррихон баъд?о номи "тахрибкорони "Тахти Ҷамшед"-ро гирифтанд.

Бо шикасти импературии Ҳахоманишиҳо аз ҷониби онҳо, аввалан-юнониҳо ба ин санъати баланди беназири меъморӣ дар сарзамини Форс сари таъзим фуруд оварда бошанд ҳам, аз нигоҳи хасмонаю бадбинӣ маҷмааро вайрону валангор сохта, то ҷое тавонистанд як қисмати онро ба Юнон бурданд. Дар замони Сосониён, ки имперотурии Юнону Македонро иваз намуд, таваҷҷуҳи шоҳони Сосонӣ ба таъмиру тармими Тахти Ҷамшед бештар гашт. Онҳо низ ҷашнҳои суннатии Меҳргону Наврӯзро дар ин ҷо таҷлил менамуданд ва чорабиниҳои сатҳи давлатиро низ дар ин маҷмаа доир месохтанд.

Қадами сайёҳони Ғарб танҳо дар қарни 17 ба Тахти Ҷамшед расид. Маҳз, онҳо, нахустин шуда ба ковишҳо даст зада, ҳар чизи қиммату боарзишеро, ки меёфтанд, нахуст, ба кишварҳои хеш интиқол медоданд. Кашфиётҳои ҳаффорӣ ва ковишҳои геологӣ аз ҷониби хориҷиҳо, пеш аз ҳама, ҳадафи тахрибкориро дар пай дошт. Ғарб намехост, ки чунин Маркази бошукӯҳи тамаддуни башарӣ, ки ба он ориёиҳо асос гузоштаанд, дар Шарқ барҷой бимонад.

Дар он даврон дар Шарқ кашмакашиҳои дохилӣ ва мазҳабӣ ҳифзи маҷмааи Тахти Ҷамшед барин ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангиро ба ҳукми фаромӯши ниҳода буд, ки аз ин хориҷиҳо моҳирона ва ба суди хеш истифода мекарданд. Иловатан, баъзе ҳокимони давр шояд аз рӯйи ноогоҳӣ ба хотири сармояи ночизе ҳатто нодиртарин осори таърихии гаронбаҳоро, ки имрӯз онҳо осорхонаҳои машҳури оламро зебу зиннат медиҳанд, фурӯхта ва ё инъом кардаанд. Ҳеҷҷойи нигаронӣ нест, ки ин сарватҳои пурарзиш замоне моли Эрон буд ва эрониҳо ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки чунин ёдгориҳоро бозпас бигиранд.

2 takhti-jamshed 3 2013Чуноне ки муаррихи эронӣ Ҳабибуллоҳ пури Абдуллоҳ хотирнишон менамояд, ин бесару сомониҳои чор асри гузашта дар сарнавишти осори қадими Эрон бетаъсиру безиён набудааст. Муаррих таъкид медорад, ки оғози вуруди ғарбиҳо ба сарзамини Форс ба қарни 17 баробар омадааст. Вай аз якчанд сайёҳони ғарбӣ ном мебарад, ки ба маҷмааи Тахти Ҷамшед омада, таҳқиқоти илмӣ ва пажӯҳишӣ анчом додаанд. Масалан, соли 1621 сайёҳи итолиёӣ Петр Дуловобо аз Тахти Ҷамшед дидан намуда, ба қавли ин сайёҳ дар маҷмаа аз 100 сутуни замони Ҳахоманишиҳо 25-тои он дар қарни 17 барҷо будааст.

Дар қарни 18 ингилисҳо ба Эрон низ лашкар мекашанд. Сайёҳи ин кишвар бо номи Корстен аз мавҷудияти 17 сутун ёддовар мешавад. Ингилисҳо на танҳо устувонаи сафолии "Маншур"-и Куруши Кабирро (матни аслӣ ва бо хати мехӣ дар ин устувона ҳаккокӣ шудааст) ба Лондон бурданд, балки дар интиқоли сангҳои қимматбаҳо ва дигар ёдгориҳои нодири таърихӣ нисбати дигар аврупоиён пешдастӣ нишон медиҳанд. Дар қарни 19 бошад Луй Александр ном олим ва сайёҳ, ки марбути кадом кишвар буданаш норавшан аст, ба Тахти Ҷамшед сафар карда, аз боқӣ мондани 13 сутуни он хабар медиҳад.

 Нимаи дуюми қарни бистум ба ҳифозати маҷмааи Тахти Ҷамшед чун нишоне аз тамаддуни ориёӣ ва ҷаҳонӣ давлатмардони эронӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Барои баргардондани ёдгориҳои он аз осорхонаҳои ҷаҳон кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад, аммо ғоратгарон осори пурарзишу нодирро барнагардонданд. Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ҳарчанд маҷмааи Тахти Ҷамшедро нишоне аз тамаддуни башарӣ эълом дода бошад ҳам, дар Тахти Ҷамшед осори ба ғорат рафта ҷамъ наомад. Хушбахтона, ин созмони посбони мероси осори таърихӣ ва фарҳангии ҷаҳон мусоидат карданд, ки Тахти Ҷамшедро ба маркази сайру сайёҳат ва гардишгарии ҷаҳонӣ табдил биди?анд. Ҳамасола даҳҳо ҳазор одамон аз дохили Эрони бостон ва ҷаҳон маҷмааи Тахти Ҷамшед - бузургтарин мероси таърихӣ-фарҳангии оламро дидан мекунанд.

НАМУНАЕ ЧАНД АЗ КАТИБАҲОИ ТАХТИ ҶАМШЕД

1." Аҳурмамаздо, ӯ бузургтарин худоён аст. Ӯ Дориюшро шоҳ кард. Шоҳиро ба ӯ додаст. Ба хости Аҳурамаздо Дориюш шоҳ аст. Дориюш шоҳ гӯяд: " Ин аст кишвари порс, ки Аҳурмаздо ба ман дод".

2." Зебо аст дороии асбон (асп), хуб мардони хуб. Бо хости Аҳурмамаздо ин кишвар аз дигаре намеҳаросад. Дориюш шоҳ гӯяд: Аҳурамаздо бо худоён, худоён маро ёрӣ кунад ва ин кишварро аз душман, аз хушксолӣ, аз дурӯғ нигоҳ дорад, ба ин кишвар наёяд на душман, на хушксолӣ,на дурӯғ…"

3.Худои бузург аст, Аҳурамаздо, ки ин заминро офарид, ки осмонро офарид, мардумро офарид, ки шодӣ барои мардум офарид, ки Хашоёршоҳро шоҳ кард, ягона шоҳе, ки аз шоҳони бисёр ягона, фармонравое аз фармонравоёни бисёр…"

4.Худои бузург аст, Аҳурамаздо, ки ин заминро офарид, ки осмонро офарид , ки мардумро офарид, ки барои мардум шодӣ офарид, ки Ардашерро шоҳ кард, ягона шоҳе аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр. Ардашер- шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи кишварҳо. Ардашер гӯяд: ман писари Ардашер шоҳ, Ардашер - писари Дориюш шоҳ. Дориюш шоҳ- писари Ардашер шоҳ. Ардашер писари Хашёршоҳ, Дориюш писари Виштосп, писари Аршом ном Ҳахоманишӣ. Ардашер шоҳ гӯяд: ин палкони сангӣ ба василаи ман бино шуд. Ардашер шоҳ гӯяд: Аҳурамаздо ва Митро ва ин кишварро ва он чиро ба василаи ман карда шуда, бипоёд"

Душанбе-Эрон, Душанбе. Соли 2012.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi