01:49:34 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шоҳи озодагон ва сулҳофар - 2

(Соате чанд дар оромгоҳи Куруши Кабир)

Бурҳон Салмонов, рӯзноманигор

«МАНШУР»-АВВАЛИН БАРҚИЯИ ОЗОДИИ ИНСОН

"Мардум сарвариро шодбош гуфтанд, ки ба ёрии ӯ аз чанголи марг ва ғам раҳоӣ ёфтанд ва ба зиндагӣ бозгаштанд. Ҳамаи эзидон ӯро сутуданд ва номашро гиромӣ доштанд. (Маншур", банди 20). Замони Ҳахоманишиҳо бузургтарин ва пурвусъаттарин шоҳаншоҳӣ дар дунёи куҳан аст. Беш аз ду қарн шеваи ҳокимияти онҳо аз инсондӯстӣ ва эҳтироми башар манша мегирад.

kurushi-kabir-qahramon 2013Куруши Кабир ба ҳайси подшоҳи одилу сулҳофар аввалин эъломияи ҳуқуқи озодии инсонро навишта, ба ҷомеаи ҳамонвақта пешниҳод кард, тарҳи пойдевори  тамаддуни наверо бино гузошт, ки мувофиқи он тамоми ақвому миллият аз зери зулу ситам наҷот ёбанд, дар камоли озодӣ,  осоиш ба сар баранд. Аз ин ҷост, ки қавмҳои хеле қадим Куруши Кабирро наҷотдиҳанда хонда ва қавми яҳуд ӯро ба чӯпоне ташбеҳ кардаанд, ки аз ҷониби Худо маъмури ҳифозати ҳамагон дар амну озодӣ аст.

"Маншур"-и Куруши Кабир дар сарчашмаҳои таърихӣ инчунин бо номи "Фармон"-и Куруши Кабир ёд шудааст. Онро муҳаққиқони ингилис дар охирҳои  асри ҳаждаҳ (навиштаҷоте бо хати мехӣ ва забони эйломии қадим дар устувонаи сафолӣ) пайдо намуда, ба забони ингилисӣ тарҷума намудаанд. "Маншур" асосан аз 39 банд иборат  аст, бо гузашти вақт баъзе матнҳои бандҳо аз байн рафтаанд, вале он чӣ, ки боқӣ монда ба забони форсӣ низ тарҷума ва ба нашр расидааст.

Таҳқиқотҳои дар Тахти Ҷамшед баъди қарни ҳаждаҳ анҷомёфта собит сохтааст, ки то Куруши Кабир ҳам  подшоҳони баъдӣ, хусусан замони Сосониҳо чунин "Фармон"-ҳоро навишта ба ёдгор гузоштаанд, аммо онҳо аз нигоҳи фарогирии ҳуқуқи инсон аксаран таззоди "Маншур"-и Куруши Кабир маҳсуб меёбанд. Бо матнҳои алоҳидаи шоҳони Сосонӣ дар маҷмааи Тахти Ҷамшед ва кӯҳи Нақши Рустам (тарҷумаи форсӣ ва ингилисӣ) ошно шудем, ки зикри онро хоҳем кард.

Ва, ҳамин муаллифони "Фармон"-ҳои баъдӣ бештар аз зулму истисмор, куштору  қатли  мардумони асир ҳарф зада, аз бузургманишии хеш ифтихор нишон додаанд. Масалан, подшоҳи Ошӯр (884 пеш аз милод) Ошӯр Насирпол дар катибае чунин матнро сабт кардааст: "… бо фармони Ошӯр ва Айшон, худоёни бузург ва ҳомиёни ман шашсад нафар лашкари душманро бидуни мулоҳиза сар буридам ва се ҳазор нафар асирони ононро зинда ба зинда дар оташ сӯзондам.

Ҳокими шаҳрро бо дасти худам зинда пӯст кандам ва ба девори шаҳр овехтам… бисёриро дар оташ кабоб кардам…" Ё аз катибаи Синохрит, подшоҳи сулолаи дигари Ошӯр (689 қабл аз милод) чунин мехонем: "… вақте шаҳри Бобулро тасарруф кардам, тамоми мардуми шаҳрро ба асорат бурдам, хонаҳояшонро чунон вайрон кардам, ки ба сурати тали хоке даромад. Шаҳрро чунон оташ задам, ки рӯзҳои бисёре дӯди он ба осмон мерафт".

Вале дар "Маншур"-и Куруши Кабир чунин бедодгариҳо сабт наёфта ва ба назар намерасанд. Куруш ба ҳайси подшоҳи ҷаҳону неруманду инсондӯст дар тасарруфи шаҳрҳо мағлубонро намесӯзонаду пӯст намеканад, чуноне ки дигарон кардаанд. Балки  подшоҳони мағлубро ба ин ё он шаҳру вилоят ҳоким таъин карда, ба онҳо хушрафторӣ ва инсонгароӣ нишон медиҳад.

Чуноне дар банди 23 "Маншур" (Фармон) на танҳо бузургии Куруш, балки башардӯстии вай ба ҷилва меояд. Вай ҳангоми фатҳи шаҳри Бобул аз бархӯрдаш чунин мегӯяд: "Ҳамаи мардум гомҳои маро бо шодмонӣ пазируфтанд. Дар боргоҳи подшоҳони Бобул бар тахти шаҳриёрӣ нишастам. Мардук (номи Аҳурамаздо) дилҳои поки мардуми Бобулро муттаваҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро гиромӣ ва арҷманд доштам…"

Шоҳи одил дар фатҳи шаҳр аз чаповулу ғорат кор  намегирад ва ба лашкариён амр медиҳад, ки ба мардум озор надиҳанд: " Артиши  бузурги ман ба сулҳ ва оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд" ("Маншур", банди 24). Бояд тазаккур дод, ки Куруш дар "Маншур" ба раҳоӣ аз бардагӣ, эҳтироми шахсият, дину мазҳаб, табъизи нажодӣ ва соҳибихтиёрӣ дар парастиши худоён таваҷҷуҳи бештар медиҳад ва ба ҳамагон бародарию баробариро талқин менамояд.

"Ман бародариро барандохтам. Ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам ва фармон додам, ки ҳамаи мардуми шаҳр дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд. Фармон додам, ки ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад. "Маншур", банди 26).

Чуноне дар боло хотирнишон намудем, имперотурии Ҳахоманишиҳо аз сарзамини Араб то як қисмати Ҳиндустони кунунӣ доман паҳн карда буд. Фармони Куруш, яъне "Маншур" ба як шаҳрҳои Бобул ва Лидиё мансуб набуда, балки тамоми қаламрави ҳукумати вайро фаро гирифта, қавмҳою нажодҳои мухталиф шаҳди озод будан дар ҳаёти воқеиро мечашанд. Куруш на танҳо ба озодии инсон диққату таваҷҷуҳ додааст, инчуни муҳайё сохтани шароитҳои моддӣ-маиширо барои одамон зарур дониста, рӯ ба ободкориҳою созандагиҳо меорад.

Ин шоҳи инсондӯст дар банди 29-и "Маншур" чунин меорад: "Ман шаҳрҳои Агодиҳ, Ишуно, Замбон, Митрнав, сарзамини Гутиён ва  шаҳрҳои куҳани он сӯи Даҷларо, ки вайрон шуда буд, аз нав сохтам". Ё ин ки ин ҳадафу ормон дар банди 30 "Маншур" ба ин зайл аст: "Ман фармон додам тамоми ниёишгоҳҳое, ки баста шуда буд, бигшоянд. Ҳамаи худоёни ин инёишгоҳорро ба ҷоҳои худ баргардондам. Ҳамаи мардумоне, ки пароканда ва овора шуда буданд ба ҷойгоҳҳои худ баргардондам. Хонаҳои вайрони ононро обод кардам. Ҳамаи мардумро ба ҳамбастагӣ фаро хондам".

Шоҳони Ҳахоманишӣ ва Куруши Кабир ба офаридагории Худои бузургу ягона - Мардук (Аҳурамаздо) бовар доштанд. Ба қавму нажодҳои мухталиф, ки ба бисёрхудоӣ эътимод доштанд, саҷдаю парастишро масдуд насохта ва иҷозат доданд то онҳо худоҳои хешро ба маъбадҳо баргардонанд. Куруш дар банди 31 "Маншур" мегӯяд: "Ҳамчунин пайкараи худоёни Сумар ва Акадро, ки Набунид бидуни воҳима аз худои бузург ба Бобул оварда буд, бо хушнудии Мардук (ягона) ба шодӣ ва хуррамӣ ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам. Бишавад, ки дилҳо шод бигардад. Худоёни ононро ба ҷойгоҳи муқаддаси нахустинашон бозгардондам".

СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ "МАНШУР"

" Маншур" ё "Фармон"-и Куруши Кабир, ки муаррихони Ғарбу Шарқ онро нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар хондаанд, симои ин шоҳи Ҳахоманиширо чун шоҳи одил, раиятпарвару ободгар муаррифӣ менамоянд. Агарчанде ин санад ба Куруш мутааллиқ бошад ҳам, дар асрҳои баъдӣ подшоҳони давру замон ба он тағйироту таҳрир даровардаанд ва то ҷое ин таҳрифкориҳо доғест ба "Маншур".

Возеҳ аст, ки Куруши Кабир дар таъсиси имперотурии Ҳахоманишҳо ба Шарқу Ғарб лашкар кашида, сиёсати ғасбкоронаро пиёда кардааст. Ҷанг бе хунрезӣ ва пирӯзӣ бар душман муфт ё ба осонӣ ба даст намеояд. Шояд такя ба ҳамин далел бошад, ки дар қарнҳои баъдӣ муаррихон ба бандҳои 2-19 "Маншур" тағйиротҳои ҷиддӣ ворид карда, дар бандҳои зикршуда Куруши Кабирро "шоҳи ғасбкор, хунрез, бераҳм, душмани инсонҳо" ва ғайра хондаанд.

Ҳангоми муқоисаи бандҳо, масалан, рӯшан аст, ки аз банди 20 то 31 сухан (фармон) аз забони шоҳ Куруш катиба шудааст. Аммо аз банди 2 то 19 матни бандҳо мустақиман аз забони Куруш катиба нашуда, балки суханонест, ки ин ё он муарриху солноманавис дурӯғ нигоштааст. Таҳвину туҳмат дар ҳаққи Куруши Кабир барин шоҳи одил, дар кадом замоне, дар кадом маконе ва бо амри кӣ амалӣ шудааст, барои муҳаққиқони хориҷӣ ва иронӣ рӯшан нест. Бо вуҷуди қисман аз байн рафтани матни катибаҳо ва душманӣ варзидани муаррихони солҳои баъдӣ ба "Маншур"-и Куруш, он чун санади таърихӣ, ки дар ҷаҳони куҳан ба масобаи нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар шинохта шудааст, имрӯз ҳам аҳаммияти таърихии хешро аз даст надода ва гум ҳам накардааст.

Муаррихони таърихи куҳан нигоштаанд, ки Ҳеродод аз ошноӣ доштани Искандари Мақдунӣ бо "Маншур"-и Куруши Кабир хотиррасон намудааст. Ба қавли Ҳеродод, Искандар дар ғасбкориҳо ин санадро ҳамеша бо худ дошт ва то ҷое ҳуқуқи инсонро муроот мекард. Як идда муаррихони дигар ҳадс мезананд, ки "Маншур" ба Искандар таъсиргузор будааст; бо вуҷуде, ки вай чун истилогар дороии Тахти Ҷамшедро ба яғмо бурда бошад ҳам, мероси фарҳангии Ҳахоманишиҳо ва Сосониҳоро нест накард, балки аз ғановати онҳо барои рушди Юнон  моҳирона истифода бурд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi