02:28:32 18-уми Июли 2019 сол
ХАБАР:
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июл 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сиҳатии кӯдакон хушҳолии ӯст

Тифлаки навтаваллудшудаи ҷиянам сахт бемор шуд. Духтурони ноҳияи Шаҳритус баъд аз ташхису муоинаи тифлак ба волидайнаш тавсия доданд, то ҳар чи зудтар ӯро ба шаҳри Душанбе барад, зеро дар ноҳия табибон аз таҷҳизоти лозимаи тиббиву дигар имконот маҳруманд ва ба тифлаки навзод кӯмаке расонида наметавонанд...

dukhturi-kudaki01020203Худи ҳамон лаҳза ҷиянам тифлак дар даст бо дидаи гирён озими шаҳри Душанбе шуд ва баробари расидан ба шаҳр ашкрезон хоҳишам кард, то барои табобати тифлакаш табибе пайдо кунам. Тифлак аз дарду сӯзиш ба ҳар сӯ ғел мезад, аз гиряи зиёд нафастанг мешуд. Ӯ базӯр нафас мекашиду беист сулфа мезад.

Ӯро оҷилан ба беморхонаи Қарияи Боло, ба шуъбаи панҷуми бемориҳои навзод, ки воқеъ дар корпуси 11 аст, бурдем. Он шом моро табиби атфол Раъно Баҳромова, ки навбатдор буд, қабул кард. Кӯдак рӯйи даст гирифту авзояш беҷо шуд. Бидуни ташхис зуд муайян кард, ки кӯдак гирифтори бемории илтиҳоби шуш гаштааст ва ҳолашро вазнин арзёбӣ намуд. Дигар ӯ дуру дароз бо мо сухан нагуфт, балки тифлакро бо худ гирифта ба шуъбаи эҳёгарӣ бурд. Баъд аз чанд дақиқа наздамон омад ва бо чеҳраи маъюс изҳор кард, ки бар замми бемории вазнин тай намудани роҳи дуру дароз тифлакро афгор кардааст.

Ҷиянам фарёд задаву гиря мекард ва аз Раъно Сувановна илтиҷо менамуд, то ба дарди тифлакаш даво бахшад, ӯро ба ҳаёт баргардонад. Раъно Сувановна ҷиянамро ором кунонида як суханро ба такрор мегуфт: -Аз Худо талаб кунед, мо табибон ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, ин вазифаи ҷонии мост, иншоаллоҳ ҳоло, ки ҷон дар бадан дорад, умед ҳам аст, ки шифои комил меёбад...

Ду моҳ қабл аз таваллуди ин навзод, фарзанди сесолаи ҷиянам дар оби ҷӯшида сӯхта ба ҳалокат расида буд. Ва ин ҳодисаро ба Раъно Сувановна фаҳмонидам. Аз шунидани ин хабар чашмони табиби ҳозиқ пур аз об гашт ва ҷиянамро дилбардорӣ кард, ки иншоаллоҳ Худованд меҳрубон аст, худро ноумед насозад, тифлакаш сиҳат меёбад...

Чанд рӯзи аввал пайи ҳам тафси бадани тифлак ҳеҷ паст намешуд. Табибон аз тамоми чораю имконот истифода мебурданд. Аз нафаси сунъӣ ҳам истифода бурданд, аммо аҳволи тифлак рӯз то рӯз бадтар мешуду беҳтар не. Раъно Сувановна беҳтарин профессорону табибонро барои маслиҳат даъват менамуд, бо мададу маслиҳати онҳо ва таҷрибаи дар сар доштааш аз дигар таҷҳизоти тиббӣ истифода бурд. Аллакай дар бистумин рӯзи беҳолӣ тифлак гӯиё ба худ омад ва гиряи ӯ баланд шуд. Табиби дардошно Раъно Сувановна ҷиянамро пайғом дод, ки тифлак аз вартаи буҳронӣ берун омадааст ва иншоаллоҳ умед аст, ки сиҳат меёбад.

Тифлак ҳеҷ ором намешуд ва бо овози баланд гиря мекард. Раъно Сувановна гиряи ӯро ба нафъи саломатиаш арзёбӣ карда, гуфт, ки аз гиряи баланд роҳҳои нафас тоза мешаванд. Чунин ҳам гашт, баъд аз чанд соат тифлак гӯиё нав ба дунё омада бошад, бо чашмони шаҳлою зебоаш ба ҳар тараф дида медӯхт, гӯиё ба табибон изҳори сипос мекард, ки бо зӯри Худованд ӯро аз вартаи марг раҳо карданд. Воқеан ҳам муддати 25 рӯз Раъно Сувановна ҳамроҳ бо дигар табибони ин шуъба бо марг дастобагиребон буданд, аз тамоми имконот ва донишу маҳорати худ истифода бурданд, то тифл шифо ёбад...

Баъд аз шифо ёфтани тифлак Раъно Баҳромова тифлаки солимгаштаро ба дасти модараш супурда аз пешониаш бӯсиду шукронакунон гуфт: -Худовандро шукргузорам, ки набераам сиҳат шуд, ӯро эҳтиёт кунед ва ҳар ҳафта аз вазъи саломатиаш бо ман дар тамос шавед, - гӯён бо мо хайру маъзур кард...

Раҳораҳ тифлак рӯйи даст доштаму шукрона мекардам, ки воқеан ҳам будаанд табибони ҷонофар, ки соҳибтахассусу соҳибдонишанд, таҷрибаи хуби табибӣ дар сар доранд, дардошнову дилошноанд...

Аз суҳбат бо Раъно Сувановна фаҳмидам, ки аз соли 1988 инҷониб ӯ бо навзодони бемор машғул аст ва ҳар донишу маҳорате дар сар дорад, баҳри шифоёбии онҳо ба харҷ медиҳад. Тӯли ин муддат ҳар рӯз волидайни ҷавон дари ӯ мекубанд ва бо ашки шашқатор илтиҷо мекунанд, то бар дарди атфолашон даво бахшад. Тавре Раъно Сувановна мегӯяд, табассуми атфолу хушнудии модарон беҳтарин сармоя барои ӯст. Атфолеро, ки нав ба дунё омадаанду мубтало ба беморианд, Раъно Сувановна кӯшиш мекунад, то ба по хезонад, зеро ӯ худ ҳам модар аст ва хуб медонад, ки беҳтарин хушбахтиву саодат барои модарон сиҳатии фарзандон аст. Баробар бо табобати атфол ҳамчунин ӯ ба модарон тарзи дуруст макконидану пӯшонидану хобонидани навзодҳоро ҳам меомӯзонад. Маҳз ҳамин меҳрубониҳои Раъно Сувановна аст, ки аксари волидайн маҳз ӯро мекобанд ва умед аввал аз Худову баъдан аз Раъноапаашон доранд.

Ҳини суҳбат Раъно Баҳромова шукрона кард, ки дар вақташ аз устодони сахтгиру кордон Мироқилова А.М., Ковалёва П.А., Зверева З.В., Олимова К.С. ва дигарон таҷрибаи кору сабақи рӯзгор омӯхтааст. Имрӯз ӯ аз онҳо ёд оварда, хулоса мекунад, ки воқеан ҳам табибони ҳозиқ буданд, ба қавлу амалашон меистоданд, на аз пайи манфиат, балки барои сиҳатии мардум талош мекарданд...

Ҳангоме, ки бо Раъно Сувановна суҳбат доштам, як хоҳари шафқат, ки он сӯтар аз мо менишаст, бо дард гуфт, ки мутаассифона имрузҳо рӯзноманигорон ками андар кам дар бораи табибон менависанд ва бештар табибонро зери тозиёнаи танқид мегиранд, дар ҳоле ки табибони ҳозиқу дардошно дар Тоҷикистон бисёранд. Дар тақвияти гуфтаҳои ӯ илова кардам, ки воқеан ҳам табибоне ҳастанд, ки нафсро дар мадди аввал мегузоранд, ба кисаи бемор нигоҳ кардаву баъдан даст ба табобат мезананд. Ва шукрона, ки дар қиболи чунин тамаъҷӯён ҳастанд табибоне, ки ба савганди худ содиқанд, ба маънии аслаш дар воқеъ ҳам табибони муъҷизаофаранд.

Ва инро ман дар кору амали табиби ҳозиқ Раъно Баҳромова дидам. Ҳар чи ки рӯйи коғаз овардам, ин на тамаллуқу хушомад нисбат ба табибон, балки меҳрномаест, ки аз умқи дилам маншаъ гирифтаву тақдими ин табибони шуъбаи зикраш дар боло рафта, бахусус Раъно Баҳромова ва ҳамшираи шафқат Ниҳол Муродова, ки шаб¬ҳои бедорхобӣ кашидаву умри дубора ба фарзанди ҷиянам бахшиданд, изҳор медорам. Илоҳӣ дастатон асло дард ва қалбатон ғамро набинад.

Бо эҳтиром, рӯзноманигор Муҳиддин Идизода Ӯро оҷилан ба беморхонаи Қарияи Боло, ба шуъбаи панҷуми бемориҳои навзод, ки воқеъ дар корпуси 11 аст, бурдем. Он шом моро табиби атфол Раъно Баҳромова, ки навбатдор буд, қабул кард. Кӯдак рӯйи даст гирифту авзояш беҷо шуд. Бидуни ташхис зуд муайян кард, ки кӯдак гирифтори бемории илтиҳоби шуш гаштааст ва ҳолашро вазнин арзёбӣ намуд. Дигар ӯ дуру дароз бо мо сухан нагуфт, балки тифлакро бо худ гирифта ба шуъбаи эҳёгарӣ бурд.

Баъдазчанддақиқаназдамономадвабочеҳраимаъюсизҳоркард, кибарзаммибемориивазнинтайнамуданироҳидурударозтифлакроафгоркардааст. Ҷиянам фарёд задаву гиря мекард ва аз Раъно Сувановна илтиҷо менамуд, то ба дарди тифлакаш даво бахшад, ӯро ба ҳаёт баргардонад. Раъно Сувановна ҷиянамро ором кунонида як суханро ба такрор мегуфт: -Аз Худо талаб кунед, мо табибон ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, ин вазифаи ҷонии мост, иншоаллоҳ ҳоло, ки ҷон дар бадан дорад, умед ҳам аст, ки шифои комил меёбад...

Ду моҳ қабл аз таваллуди ин навзод, фарзанди сесолаи ҷиянам дар оби ҷӯшида сӯхта ба ҳалокат расида буд. Ва ин ҳодисаро ба Раъно Сувановна фаҳмонидам. Аз шунидани ин хабар чашмони табиби ҳозиқ пур аз об гашт ва ҷиянамро дилбардорӣ кард, ки иншоаллоҳ Худованд меҳрубон аст, худро ноумед насозад, тифлакаш сиҳат меёбад...

Чанд рӯзи аввал пайи ҳам тафси бадани тифлак ҳеҷ паст намешуд. Табибон аз тамоми чораю имконот истифода мебурданд. Аз нафаси сунъӣ ҳам истифода бурданд, аммо аҳволи тифлак рӯз то рӯз бадтар мешуду беҳтар не. Раъно Сувановна беҳтарин профессорону табибонро барои маслиҳат даъват менамуд, бо мададу маслиҳати онҳо ва таҷрибаи дар сар доштааш аз дигар таҷҳизоти тиббӣ истифода бурд. Аллакай дар бистумин рӯзи беҳолӣ тифлак гӯиё ба худ омад ва гиряи ӯ баланд шуд. Табиби дардошно Раъно Сувановна ҷиянамро пайғом дод, ки тифлак аз вартаи буҳронӣ берун омадааст ва иншоаллоҳ умед аст, ки сиҳат меёбад.

Тифлак ҳеҷ ором намешуд ва бо овози баланд гиря мекард. Раъно Сувановна гиряи ӯро ба нафъи саломатиаш арзёбӣ карда, гуфт, ки аз гиряи баланд роҳҳои нафас тоза мешаванд. Чунин ҳам гашт, баъд аз чанд соат тифлак гӯиё нав ба дунё омада бошад, бо чашмони шаҳлою зебоаш ба ҳар тараф дида медӯхт, гӯиё ба табибон изҳори сипос мекард, ки бо зӯри Худованд ӯро аз вартаи марг раҳо карданд. Воқеан ҳам муддати 25 рӯз Раъно Сувановна ҳамроҳ бо дигар табибони ин шуъба бо марг дастобагиребон буданд, аз тамоми имконот ва донишу маҳорати худ истифода бурданд, то тифл шифо ёбад...

Баъд аз шифо ёфтани тифлак Раъно Баҳромова тифлаки солимгаштаро ба дасти модараш супурда аз пешониаш бӯсиду шукронакунон гуфт: -Худовандро шукргузорам, ки набераам сиҳат шуд, ӯро эҳтиёт кунед ва ҳар ҳафта аз вазъи саломатиаш бо ман дар тамос шавед, - гӯён бо мо хайру маъзур кард...

Раҳораҳ тифлак рӯйи даст доштаму шукрона мекардам, ки воқеан ҳам будаанд табибони ҷонофар, ки соҳибтахассусу соҳибдонишанд, таҷрибаи хуби табибӣ дар сар доранд, дардошнову дилошноанд...

Аз суҳбат бо Раъно Сувановна фаҳмидам, ки аз соли 1988 инҷониб ӯ бо навзодони бемор машғул аст ва ҳар донишу маҳорате дар сар дорад, баҳри шифоёбии онҳо ба харҷ медиҳад. Тӯли ин муддат ҳар рӯз волидайни ҷавон дари ӯ мекубанд ва бо ашки шашқатор илтиҷо мекунанд, то бар дарди атфолашон даво бахшад. Тавре Раъно Сувановна мегӯяд, табассуми атфолу хушнудии модарон беҳтарин сармоя барои ӯст. Атфолеро, ки нав ба дунё омадаанду мубтало ба беморианд, Раъно Сувановна кӯшиш мекунад, то ба по хезонад, зеро ӯ худ ҳам модар аст ва хуб медонад, ки беҳтарин хушбахтиву саодат барои модарон сиҳатии фарзандон аст. Баробар бо табобати атфол ҳамчунин ӯ ба модарон тарзи дуруст макконидану пӯшонидану хобонидани навзодҳоро ҳам меомӯзонад. Маҳз ҳамин меҳрубониҳои Раъно Сувановна аст, ки аксари волидайн маҳз ӯро мекобанд ва умед аввал аз Худову баъдан аз Раъноапаашон доранд.

Ҳини суҳбат Раъно Баҳромова шукрона кард, ки дар вақташ аз устодони сахтгиру кордон Мироқилова А.М., Ковалёва П.А., Зверева З.В., Олимова К.С. ва дигарон таҷрибаи кору сабақи рӯзгор омӯхтааст. Имрӯз ӯ аз онҳо ёд оварда, хулоса мекунад, ки воқеан ҳам табибони ҳозиқ буданд, ба қавлу амалашон меистоданд, на аз пайи манфиат, балки барои сиҳатии мардум талош мекарданд...

Ҳангоме, ки бо Раъно Сувановна суҳбат доштам, як хоҳари шафқат, ки он сӯтар аз мо менишаст, бо дард гуфт, ки мутаассифона имрузҳо рӯзноманигорон ками андар кам дар бораи табибон менависанд ва бештар табибонро зери тозиёнаи танқид мегиранд, дар ҳоле ки табибони ҳозиқу дардошно дар Тоҷикистон бисёранд. Дар тақвияти гуфтаҳои ӯ илова кардам, ки воқеан ҳам табибоне ҳастанд, ки нафсро дар мадди аввал мегузоранд, ба кисаи бемор нигоҳ кардаву баъдан даст ба табобат мезананд.

Вашукрона, кидарқиболичунинтамаъҷӯёнҳастандтабибоне, кибасавгандихудсодиқанд, бамаънииаслашдарвоқеъҳамтабибонимуъҷизаофаранд. Ва инро ман дар кору амали табиби ҳозиқ Раъно Баҳромова дидам. Ҳар чи ки рӯйи коғаз овардам, ин на тамаллуқу хушомад нисбат ба табибон, балки меҳрномаест, ки аз умқи дилам маншаъ гирифтаву тақдими ин табибони шуъбаи зикраш дар боло рафта, бахусус Раъно Баҳромова ва ҳамшираи шафқат Ниҳол Муродова, ки шабҳои бедорхобӣ кашидаву умри дубора ба фарзанди ҷиянам бахшиданд, изҳор медорам. Илоҳӣ дастатон асло дард ва қалбатон ғамро набинад.

Бо эҳтиром, рӯзноманигор Муҳиддин Идизода

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» № 05 05 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi