04:51:23 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ид муборак, модарон, хоҳарон ва бонувони азиз!

Фарорасии Иди модарон ва хоҳарону бонувонро барои ҳар яки онҳо ва тамоми ҳамватанони азиз шодбош мегӯем! Модарону хоҳарон, бонувони гиромӣ!

mart-8020202201

Дар он ки мо Иди модар ва умуман бонувонро дар оғози соли нав, дар шуруи фасли зебои баҳор ҷашн мегирем, як ҳикмати бузурги Худованди азимушшаън нуҳуфтааст. Баҳор оғози эҳёшавии табиат аст. Зиндагонии инсонҳо низ аз модар-зан сарчашма мегирад. Ҳамчуноне, ки  бе фасли баҳор мо наметавонем полизҳои серҳосилу боғҳои пурбори фаслҳои тобистону тирамоҳро лаҳзае ба риштаи хаёл бикашем, бе зан, бе модар низ лаҳзае ҳаёти хушу хуррами ҷомеаи инсониро тасаввур кардан аз имкон берун аст. 

Агар биҷӯем миёну баҳору зан-модар ҳазорҳо умумияту монандиро хоҳем дарёфт. Ҳамин аст, ки  одамон дар ҳама рӯи дунё баҳорро тимсоли зан -модар ва  зан-модарро рамзи баҳори умри инсон медонанд. Мо ки дар оғози фасли баҳор истодаем, дуъо мекунем: «Худоё, ҳарду баҳори моро  ҳамеша хурраму сарсабз нигаҳ бидору аз газанду офатҳои заминиву осмонӣ дар паноҳи исматат нигаҳбон бош! Худоё,  ин ду баҳореро, ки аз беҳтарин неъматҳои Ту барои башарият маҳсуб мешаванд, барои мо бандагони пургуноҳат бо тамоми бузургиҳову зебоиҳояшон арзонӣ бидор ва тавре кун, ки хазоне ҳаргиз ба куи онҳо роҳ наёбад ва моро аз файзи баракати ин неъматҳои бебаҳоят маҳрум насозад!  Худоё,Ту тавоноӣ,  Ту қодири беҳамтоӣ, тавре кун, ки ин ҳарду баҳори мо ҳамеша барои саодати  мо, бандагони осият гулфишон,  бо накҳату тароват бимонанд! Омин ё Раббалъоламин!».

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi