16:53:54 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

М. Ҷабборӣ: «Маданияти ҳар як миллатро муносибати он нисбат ба зан муайян мекунад

«Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ иқдомҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд, ки албатта, ин барои баланд бардоштани мақому манзалати занон ва обрӯи занони тоҷик як заминаи мусоид фароҳам овардааст»,- гуфт муовини сарвазири ҶТ Марҳабо Ҷабборӣ, рӯзи 25 январ дар конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият», ки дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ба кори худ оғоз кард.

M.CHabborj1245788745.jpg

Ҷабборӣ илова намуд, ки Парвардигор танҳо ба зан қобилияти офариниши инсонро ато кардааст ва ҳар як сокини сайёра бояд ин офаридгор, яъне зан-модарро арҷгузорӣ намуда, гиромӣ дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти роҳбарӣ бо такя ва арҷгузорӣ ба ин олиҳаи муқаддаси инсоният ва бо меҳру муҳаббати фарзандӣ ва эҳтирому таҳсин тамоми неру ва кӯшиши худро барои баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа сафарбар намуда истодааст.

«Маданияти ҳар як миллатро аз муносибати он нисбат ба зан муайян мекунанд. Дар таърихи ташаккул ва рушди тамадуни мо муносибат ба зан , эҳтиром ва гиромидошти рисолати занон дар оила ва ҷомеа меъёри муҳими ахлоқӣ арзёбӣ мегардад. Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки ҳамаи соҳаҳои зиндагии ҷомеа инкишоф ёфта истодаанд. Занон нигоҳдорандаи чароғи хираду маърифат ва ахлоқу маънавиёт дар оила ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд»,- илова намуд М.Ҷаборрӣ.

Хотиррасон мекунем, ки дар кори конфронс инчунин муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Юсуфӣ Хайриниссо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода ва дигар занони фаъол ширкат доранд.

Дар конфронс маърӯзаҳо таҳти унвони “Занон нигоҳдорандаи забони модарӣ”, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон”, “Сарвари давлат пуштибони занон”, “Никоҳҳои хешутаборӣ: пайомадҳо ва таъсири он ба солимии ҷомеа” шунида мешаванд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi