00:15:07 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёди момои Шоҳида: Шоҳрух...Шоҳрух...куҷоӣ Шоҳрух...???!!!

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Ин пиразан ҳеҷ осмони хотиротамро тарк намекунад. Ҳар гаҳе дами дар меоям, хаёлан садояшро мешунавам: Шоҳрух...Шоҳрух...куҷоӣ Шоҳрух...???!!! Аммо акнун ба қафо менигарам ва дигар ӯро намебинам. Ва аз ӯ ҳамин як пора садо боқист, ки бо гузашти як даҳсола ҳам гӯшҳои моро тарк намекунад...

momoi-shohida 04201303Дами бегоҳ. Ҳоло дур аст, ки пардаи торикӣ аз фазо ба замин нишинад. Ҳанӯз садои азони муаззин, ки барояш ягона ченаки вақт аст, шунида нашудааст. Субҳу нисфирӯзӣ ва асру шому хуфтан онро мешунавад ва тибқи он мехезаду мехобад.   Дар ин кулба ҳамоно хомӯшӣ ҳоким аст, аммо ӯро акнун на ба сукунат корест ва на ба шӯру мағал. Ҳоло раҳпоӣ бояд равад, чун шом нарасидааст, пас яқинан имшаб меояд ӯ, зеро шабҳои гузашта интизораш буду наёмад.

Пиразан даст ба девор мебарад ва бо истифода аз ҳамин як такягоҳ хеле оҳиставу хеле маҳин ба самте, ки тахмин дорад роҳи баромад он ҷост, равон мешавад. Хеле оҳиста меравад, нарму маҳин по мегузорад, ҳатто раҳгузарон садои пои бокалӯшашро намешунаванд.

Ба зинаҳо мерасад ва аз девор даст мебарад ба чӯби зинапоя, зеро ин гуна роҳ рафтан осон аст, чун медонад, ки канори роҳ аст ва ба касоне, ки болову поён мешаванд, халал намерасонад. Ва боз медонад, ки баъди чанд зина хамгашт аст, сипас нишеби дигар ва ҳамин минвол мерасад ба поён.

Садои бибии Нозукро мешунавад. Ин овозест, ки ӯро ба расидан ба зинаи ниҳоӣ ово медиҳад. Бояд акнун дами дар ва аз гӯшае биншинад ва оромона ба садоҳои атроф гӯш фаро диҳад, ҷигарбандашро интизор шавад.

-Ин туӣ, Шоҳрух? - бо чашмони баста ба сӯи шарфаи пой менигарад, ҳисс мекунад, ки касе аз пешаш мегузарад.

-На, оча, ман Шоҳрух не. Шарифам, аз ошёнаи 7. Аммо Шоҳрухро надидам, оча. Шояд ҳоло ояд.

Момои Шоҳида ҳам инро медонад. Бояд ояд, Шоҳрух, вале кай бояд ояд, касе дақиқ намедонад. Вале агар имшаб ҳам наояд, момои Шоҳидаро боз як шаби дигар хоб намебарад. Бистари гармаш сард, болини нармаш сахт. Аз паҳлу ба паҳлуи дигар мегардад, бе Шоҳрух хоб ҳам ба чашмонаш намеояд. Ба назараш ҳатто хоб ҳам ба суроғи Шоҳрух рафтааст, ки намеояд. Шояд чунин бошад. Шояд ояд, вале бо Шоҳрух бо ҳам меоянд. Ва ҳамеша чунин аст. Бо вуруди Шоҳрух ба кулба хобаш мебарад.

Момои Шоҳидаро мо дергоҳ дами даромадгоҳ медидем. Шом фаро мерасид, намозгузорон аз масҷид бармегаштанд. Аммо ӯ ҳамоно роҳи Шоҳрух мепоид. Ҳама вориди хонаҳои худ мешуданд, ба ҷуз момои Шоҳида. Боз ҳам Шариф аз ошёнаи 7 ва ё Низом аз ошёнаи 4 наздаш ҳозир мешуданд.

-Торик шуд, оча. Хез, хона барем. Ҳама рафтанд...

Боз ҳам намерафт, кампири Шоҳида ва бо садое, ки навҳаи модари ҷигарсӯхтаро мемонд, садо мезад:

-Шоҳрух, Шоҳрух...куҷоӣ, баргард, Шоҳрух...сӯхтам Шоҳрух...

Ҷигарҳо аз ин садои гиряолуд об мешуд. Мехостем ҳоло ҳама Шоҳрух бошем, ки худро наздаш расонем ва имшабро ин пиразан ба хушӣ ба рӯз орад. Вале ҳайҳот, дастамон кӯтоҳ буд...

ӯ дами дар то замоне мемонд, ки писарбузургаш аз кор бармегашт ва  зоракунон боло мебурд ва мегуфт:

-Ту оча, ҳоло бирав, бихоб, ман худам суроғи Шоҳрух меравам.

Ва кампири Шоҳида бовар мекард, чун бовар накунад, ки писараш ваъда дод, ки Шоҳрухро меёбаду меорад.

Ҳолатҳое мешуданд, ки меомад Шоҳрух. Ва ҳамеша масту аласт дами бегоҳ, қабл ё баъди намози шом меомад.

-Э очае, охир чӣ ин ҷо нишастаӣ? Ина ман Шоҳрух.

-О куҷо мегардӣ ту, бача?

-Кор будам охир, намемонӣ кор кунам, оча...?

-Э кори чӣ мекунӣ, ман намедонам магар...

-Намедонам медонӣ ё не, вале ман аз кор омадам, ина нон овардам, боз чизҳои дигар. Бихез, равем хона.

Аммо дар дасташ чизе набуд, бо ҳамон ақли каму сари пурмағал медонист, ки модарашро мефиребад, вале ғам надошт, ҳатто табассум  ҳам мекард, ки модар ба гапаш бовар кард ва аз ҷо бархосту сӯи хона равон шуд.

Оре, кампир мерафт, на парвои нони Шоҳрух дошт ва на парвои чизи дигараш. Муҳим худи ӯ буд, раҳораҳ аз остинаш мекашид, ӯро мебӯид ва аз бӯи фарзанд дилаш лабрези фараҳ мешуд. Мо ин ҳамаро медидем ва кам ҳолате мешуд, ки худро нигаҳ дорем. Шоҳрух дасташ мегирифт, худ мекалавид ва баъзан пойҳояш итоати ӯро надоштанд, вале зина-зина мерафтанд очаву бача.

Бо момои Шоҳида шояд 8 сол зери як бом хона доштем. Ва ҳар баҳору зимистон ӯро дар ҳамин ҳол медидем. Пиразани нобино ҳамеша роҳи писари рӯҳан носолимашро мепоид. Синни пиразан наздик ба 80 буд, Шоҳрух аз 40 беш надошт

Зиндагӣ ҳамеша кампири Шоҳидаро дар маърази имтиҳоноти шадидаш қарор медод. Ҷавонзани болобаланди хушсимои бухороиасл, соҳиби тахассус ва обрӯ. Баъди хатми омӯзишгоҳи тиббӣ чил сари сол дар бемористонҳои собиқ вилояти Кӯлоб ва беш аз ҳар ҷои дигар дар ноҳияи Фархор, ки зодгоҳи шавҳараш буд, ҳамшираи шафқат буд. 

Худованд аз сарвати дунё ҳамин ду писарро насибаш гардонд, ки дуюмӣ модарзод рӯҳан носолим ба дунё омад. Аммо писари аввал инсони хубу соҳибмаърифат ба камол расид. Касбаш ӯро серу пур мехӯронду мепӯшонд. Ва  маҳз ӯ буд, дар ин синну соли пирӣ падару модар ва додари гирифтори бемории рӯҳии худро мехӯронду мепӯшонд ва нигоҳубин мекард.

Бахусус, дар охири умр пиру кампир бемору хаставу нотавон шуданд ва дар хонаи Юсуф, бо баҳра аз лутфу меҳрубонии келин хориву зорие, ки маъмулан одамони пиру хастаҷон медиданд, зистанд. Шавҳараш даҳ соли охири ҳаёташро дар бистар гузаронд. Машаққати зиндагӣ, асабонияту мушкилоти дигари рӯҳӣ кампири Шоҳидаро қабл аз вақт нобино кард. Ду дидаи бинояш тадриҷан нури худро гум карданд. 

Шоҳрухро дар синни ҷавонӣ талоши зиёд кард табобат кунад, вале чун ин нуқси модарзодӣ буд, талошҳояш ба ҷое нарасиданд. Ба нуқси ҷисмонии ӯ одатҳои бади дигар ҳамроҳ шуд. Одамон шояд аз сари дилсӯзӣ буд ва ё ниятҳои дигар ӯро ба ҳалқаҳое кашиданд, ки майю сигор ва тамокуро зеби нишаст ва дастурхони худ медонистанд. Шоҳрух зиёд менӯшид ва ҳамин ҳалқаҳо буданд, ки вай бо як рафтан ҳафтаҳо суроғи модар намеомад ва ин ҳафтаҳоро кампири Шоҳида дар ҳамин гуна интизориҳои  маҳзункунанда пушти сар мегузошт.

Ҳар боре ҳам, ки пайдо мешуд, ҳушёр набуд. Меомад, то субҳ ғарқа ба дунёи тахайюлоти худ мехобид ва оҳиста аз дар мебаромад ва мерафт. Боз ҳафтае  ё бештар аз он, ё моҳе ва ё бештар аз он касе Шоҳрухро намедид. Ҳамин кампири Шоҳида буду ёди Шоҳрух, ҳамин остонаи дар ва ғиреву нолаву интизории фарзанд.

Аммо баъд мо ҳам Шоҳрухро гум кардем ва кампири Шоҳида ҳам дигар ба суроғаш нолаву фарёд намекард. Шояд се ё чор моҳ баъди ин субҳи як рӯз хабари марги пиразани ҳамсояро шунидем. Лаҳзаи ҷаноза Шоҳрух ҳам фаро расид. Аммо зиёд намонд ва ёдам омад, ки мегуфт: "Ман наметонам ин ҷо бошам". Вай сӯи тобути модар ишора мекард ва илова мекард: "ӯро бинам, диламро дард фишор медиҳад".

Ва дидам, ки бо ашки шашқатор, ба оҳистагӣ аз миёни мардум ҷудо шуд ва рафт ба ҳамон самте, ки субҳгоҳон мерафт. Шояд ин бор умед барканд, ки дигар ӯро ин пиразани сӯхта интизор намешавад, шояд донист, ки ягона касе, ки барояш Шоҳрух лозим буд, акнун ба сафари охират рафт. Ва боз муддатҳо ӯро надидем.

Кампири Шоҳида ҳамсояҳо ва аҳли хонадонашро баъди баҳори ҳаштоди умр тарк кард. Дар охирин сӯҳбате, ки бо келинаш доштем, гуфт, ки Шоҳрухро замоне, ки дар қайди ҳаёт буд, ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ бурду дигар наёвард. Медонист, ки табобат намешавад, вале мегуфт аз ҳалқаи майзадагон ҳам гусаста шавад.

Мо акнун ҳамаро гум кардем: ҳам кампири Шоҳида, ки имрӯз шояд беҳтарин рамзи муҳаббати инсон ба инсон бошад ва ҳам Шоҳрухи шайдои ҷаҳони ботинии худро. Яке дори дунёро тарк гуфт ва дигар ҳамоно дар кунҷи ҳамон бемористон аст. Аммо кампири Шоҳида дарсҳое аз худ ба мо ёдгор гузошт: Модар наметавонад рӯ аз фарзанд битобад, агар ӯ ҳатто донад, ки писар ноқисулақл асту ҳамеша пайи озори модари хеш.

Барои Шоҳида Шоҳрух ҷиграбанд буд ва ҳеҷ кам аз Юсуфи меҳрубонаш намедонист. Ӯро пайваста пазмон мешуд, ба ёдаш хун мегирист ва то охирин лаҳазоти умраш интизории бозгашташро мекашид.... 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi