06:07:43 25-уми Октябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ОЙИНИ ОИНА

МИРЗОҲУСАЙНИ БАДАЛИПУР, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА

                     Дили ман ойини оина дорад,

                     Ҳар он чӣ ҳаст, онро менигорад.

                                                         Назрӣ Яздонӣ  

Устод Назрӣ Яздонӣ соли 2003 ба сифати мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллӣ) ба факултети фалсафа ба кор омад. Тайи чанд соли мудирии ӯ дар кору фаъолияти кафедраи мо таҳаввулоти чашмрас дар ҳама ҷанбаҳои таълимӣ, тадрисӣ, тарбиявӣ ва илмӣ ба миён омад.

badalipur 2145896565Кафедра дар ҷараёни омодагӣ ба соли тамаддуни ориёӣ тадбирҳои зиёди таълимӣ, илмӣ, оммавӣ гузаронд. Аз ҷумла дар шаҳрҳову ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Қурғонтеппа, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Сарбанд, Файзобод, Ҳисор бо ширкати устодон ва аъзоёни маҳфили олимони ҷавон " Ҷовидон хирад" 24 вохӯрӣ бо донишҷӯён ва меҳнаткашон гузаронд. Бо ширкати устодон ва донишҷӯёни фаъол аз тариқи телевизион ва радио зиёда аз 200 баромад карда шуд.

Баргузор кардани ду конференсияи калони илмӣ бо унвони " Таҳлили фалсафаи тамаддуни ориёӣ" ( 02. 03. 2005) ва "Ҷаҳонбинии ориёӣ ва худшиносии миллӣ (09. 03. 2006) аз тадбирҳои муҳимми кафедра буданд. Дар конференсияҳо олимони маъруфи тоҷик академикҳо: Диноршоев М.Д, Неъматов Н. Н, Яъқубов Ю, профессорон: Муҳаммадхоҷаев А. Н, Сайфуллоев Н, Ғоибов М.Д, Юсупов З. Н, Носиров Х, Холиқзода А, Раҳимов С, Муъминҷонов Х, Маҳмадова М, Комил Бекзода ва доктори донишгоҳи Йел (ШМА) Тейлор Г. ва дигарон ширкат карданд.

Маърӯзаву гузориши онҳо ба шакли маҷмӯа ба нашр расид, ки банда як аз таҳиягарони он будам.

Кафедра дар даврони роҳбарии устод барномаҳои мукаммали таълимӣ, дастуру китобҳо методию илмиро ба табъ расонид.

Аз ҷумла, китоби"Маданиятшиносӣ", ки соли 2006 дар нашриёти " Деваштич" аз чоп баромад. Муаллифони ин асар Назрӣ Яздонӣ ва Далер Баҳромӣ мебошанд. Устод аз ман хоҳиш карданд, ки аз забони русӣ як саргузашти зиндагию рӯзгори шоири шаҳири рус Пушкинро тарҷума намоям. Ин тарҷума дар ҳудуди 32 саҳифа бо унвони " Рӯзгори дугунаи Пушкин" дар ин китоб ҷой дода шуд, ки аҳамияти тарбиявӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ дорад.

Беҳтарин даврони эҷодиёти ман низ ба замони мудири кафедраамон будани устоди дарёдилу дардошно, озодамарди худогоҳу хушдил Назри Яздонӣ рост меояд. Устоди соҳибэҳтиром дар муқаддимаи нахустини маҷмӯаи ашъорам   бо номи "Чашмаи даво" як гуфтори диловезе навиштааст, ки то ба имрӯз сарам ба осмон дакка мехӯрад. Аз муҳаббати устод пешашон то ҳол хиҷолат дорам.

Устоди гиромиқадр менависад: "Ҷаҳони шеър ҷаҳони шаш миллиард одами зинда аст. Ҳама нотакрор, ҳама рангоранг, муназзаму дарҳаму барҳам, ҷӯру ноҷӯр...Аз ин ҷост таълиму талқини шеър бар касби як устоди шеър, як суханшинос, як сабк, як мактаб амрест худкома, худхоҳона, носолим...

   Ҳар сухангӯе,ки завқу қудрати шеъргӯи ӯро ба ҷаҳони шеър мекашад(ба гумонам "майдони шеър" гуфтан сареҳ нест, дурушт аст, ҷадалхоҳона аст), ба ин ҷаҳон ранге, бӯе, нашъае тоза меорад. Ин рангу бӯ, ин нашъа дар ин ҷаҳони зебоӣ монданист, ё гузаштанӣ, корест ҷонфарсо, ҳимматталаб, мардона!

   Мирзоҳусайни Бадалипур (Меҳрварз) ба ин ҷаҳон аз ҷодаи имон, маънопарварӣ, эҳсоси пурхурӯш, зебоипарастӣ ворид шудааст.Шеъри ӯро мехонем ва ба назар мерасад, ки як қиссаи ширину ошкоро мешунавем.Қиссае, ки марғуб аст, аммо дар садади фаромӯш гаштан аст. Қиссае мӯъмине, ки дар баробари имони росихаш ишқи зиндаи рӯҳониву ҷисмонӣ дорад, Ватанашро дӯст медорад, хонаи дунёву хонаи охирати модарашро баробари қибла мегузорад, дардаш муҷаррад нест, дарди бедардона нест, дарди   ҳамдардист, ошиқона, бунёдгарона аст. Шеъраш ҳам орифона ҳаст, ҳам ҳакимона ва муҳимтар, ки ошиқона аст. Ошиқона ва самимона. Дар ишқ ва шеър содиқ аст. Ишқаш ҷавонмардона, яъне покиза бетамаъ аз маънову симо сар задаст, он қадар самимона ва содиқона, ки "Лолаҳои Лолагӣ аз хуни чашмони ӯ сабзу сурх шудаанд", ба рӯву риё кароҳат дорад, ҳушдор медиҳад, ки дурӯи "харобӣ медиҳад дар дину дар имон", аз аслу асолати оини миллаташ огоҳии хуб дорад, аз мастии Мансур, аз ишқи Зулайхо, аз чоҳу зиндони Юсуф, аз балоғату фасоҳат, аз ҳидояти Қуръони маҷид...

   Асари ҳикмату фалсафа, илмҳои қуръонӣ дар шеъраш нақши чашмрас гузоштаанд, ки қадри суханашро меафзоянд.Дар олами ҳикмату ирфон, латофату нафосат, шуҷоату садоқат роҳ ёфтааст.Аз мардони роҳи рост аст. Роҳаш сафед, ки омолу ормонаш сафед аст.

Ба орзуи камолу ҷамоли суханаш ин дафтари шеърашро ба ихтиёри аҳли сухани зебо мегузорем.Орзуи ҳиммати қавӣ, тавфиқ дар осораш ва дар умраш мекунем".

Ин ҳама суханон аз меҳру муҳаббати самимӣ ва дилу дидаи пок, инсонияти устод дарак медиҳанд.

Ашъораш дар китобҳои "Меҳрбон", "Тоҷикистон беҳтар аз ҷон", "Нурборон","Дилнигора","Нурполо","Қалами найшакар", "Фарри ориёӣ" ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ чоп шудаанд.Шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ,немисӣ, тарҷума ва нашр шудаанд.Кӯшидааст дар заминаи анъанаҳои шеъри классикӣ, шеъри ҷаҳонӣ, шеъри мардуми тоҷик, шеъри нимоӣ, шеъри тоза гӯяд.Ба ақидаи шеършиносони тоҷик сухани тоза мегӯяд.Бунёди шеъраш маъно, фаҳмо, зебо ва гӯё аст.

Воқеан, устод Назри Яздонӣ аз шоирони тавонои муосири мост, ки дар қатори устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор мавзӯи Ватан мавзуи марказӣ ва асосии эҷодиёти ӯст.Он қадар шеваву гуворо, соддаву самимӣ, рӯҳбахшу рӯҳнавоз тараннуми Ватан дар шеърҳои ӯ садо медиҳад, ки сина лабрез ва моломоли ишқу ҳавас аз меҳру муҳаббати он мегардад. Тасвири бузургӣ ва шаҳомати Ватан дар шеъри ӯ бекарона аст. Чунончи:

Ман, ки асли Қибларо

Донистаам,

Иқтидо кардам

Ба Қуръони маҷид,

Қибла кардам Тоҷикистонро,

Сарзамини ишқу имонро.

Таровати сухани устод дар васфи Ватан, то ба ин ҳад аст, ки мегӯяд:

Тоҷикистон зиндаам бо бӯйи ту,

Дур бодо чашми бад аз рӯйи ту.

Дур бодо ранги зарду гарди дард,

Ҷовидон аз рӯйи ту, аз ҷӯйи ту...

Ситоиш ва мадҳи қадр, манзалат ва бузургии модар дар шеъри Назри Яздонӣ барҷаста аст. Ин мавзӯъ дар эҷодиёти ӯ нигориши тоза, диди тоза ва воқеӣ дорад. Тасвири симо ва ҳастии зан-модари тоҷик, хусусан модари деҳотӣ хеле самимӣ ва заминӣ дар шеъраш аён аст. Ба назарам ин мисраъҳоро агар сад бор ҳам бихонӣ маззаву таровати маънавиашон аз сар намеравад:

Аз раҳи себзори гулистон,

Аз раҳи сабзи кишт меомад.

Докаи барқадаш ҳаво хӯрда.

Ҳамчу ҳури биҳишт меомад.

Ҳамчу модархудои афсона,

Аз раҳи сабзи меҳр меомад.

Меҳрборону нур пошида,

Гӯӣё аз сипеҳр меомад...

Рисолати шоир ин нест,ки бо ба ҳам овардани мисраҳои вазну қофиядор фалсафа, мантиқ, бадеият,образнокӣ, маъноофаринӣ, хушоҳангӣ, дилчаспию ҷаззобияти шеърро фаромӯш созад.

Ҷоиз аст ёдрас созем, ки аслан устод Назри Яздонӣ ҳикматшинос, яъне файласуф аст.Ин аст, ки асари донишҳои фалсафӣ дар шеърҳояш рӯшан ба чашм мерасад.Файласуф -шоир ё ки шоиру файласуф будан барои андешамандони илму фарҳанги форси тоҷик то ҷое меросӣ аст, ки метавон зиёд ин ҷо ҳарф гуфт.

Мавзӯи ишқ ва зебоипарастӣ дар шеър аз ибтидо то ба имрӯз ҷавҳари мавзӯъоти ашъори шоирон аст.

Назари арзишмандтарини табақоти мухталифи шуъаро нисбати дарёфти маъно ва мазмуни ин ду мафҳум, ё расидан ба фаҳми воқеии ин ду огоҳӣ ва худшиносии инсон аз гармонияи зиндагӣ, аз буду боши он, ибдоъ ва саранҷоми он барои зебо зистан, зебо дидан, зебо гуфтан, зебо будан аст.

Ин олами ҳастӣ, ки офаринишаш бо қудрати илоҳӣ аз нур аст.Нуронӣ зиндагӣ карданро тақозо дорад.

Худ ишқ шинохти зебоист ва баръакс зебоишиносӣ ишқ аст.

Сазовор аст, ин ҷо навиштаҳои устодро дар бораи ишқ ва зебоӣ биёрам:" Ишқ озодист. Озодии шаҳбоз дар парвоз аст. Озодии моҳӣ дар об. Озодии миллат истиқлоли сиёсӣ. Озодии инсон ишқ аст. Ҳар нафаре, алоқаманди шеър аст, назар аз синну сол, касбу кор, тааллуқи ақидатиаш як саодати алоҳида дорад. Ҳар амале, ки мекунад, аз ҳамгинонаш зеботар мекунад. Аз ҳар зебои моддиву маънавӣ баҳраи комилтар мегирад. Дар шикасту басти зиндагӣ, дар афтидану бархостан ҳои рӯзгор бардошту таҳаммули бештар дорад. Завқи зиндагӣ, лаззати зиндагии ӯ пирӣ надорад, кӯҳна шудан надорад. Азбаски шеър эъҷоз аст, арзиши фавқулодда аст, мухлисону ошиқони шеър аз ҷумлаи мардумони маъмулӣ нестанд. Нафароне ҳастанд саодатмандтар.

Хуш ба ҳоли онҳое, ки аз шеъри мардумӣ, аз шеъри Авасто, аз ҳикмати Қуръони маҷид баҳрае насибашон мешавад. Рӯҳашон доиман дар талаби шӯрби мудом дар ҷидду ҷаҳд мешавад".

Назри Яздонӣ дар масоили зикршуда навиштаҳои зиёд дорад.Шеъри ӯ дар ин ҷода тасвироти хаёли ё муболиғаомез не, балки инъикоси воқеъият ва ҳақиқат аст. Шоир тавон ва нерӯ, фаросату заковат, ҷаҳонбиниву дидгоҳи инсонро дар ташхиси зебоӣ бо фасоҳату нафосати тадриҷии зинавӣ камолоту маърифати ишқ арзёбӣ мекунад. Шеър ҳам тасвири воқеъият аст. Яъне воқеъияте, ки анҷом ёфтааст, ё анҷом ва расидан бар он орзу ва умеди шоир аст. Дар илми диалектика категорияҳои имконият ва воқеият вуҷуд доранд, ки зуҳуроти амал ва кӯшиши инсонро барои ба воқеият табдил додани имконият фаро мехонанд.

Тафсил ин аст: зиндагии инсонҳо саршор ва моломолу лабрези имкониятҳост, вале ба воқеият расонидани онҳо корест ҳимматталаб, ҳикмат ва, саривақтӣ, зиннавӣ, доништалаб, маърифатпешагӣ ва ғайра.

Мусаллам аст, ки на ҳама имкониятҳо ба воқеият табдил меёбанд, агарчи кӯшиш ва заҳмати зиёд ба харҷ биравад.

Назри Яздонӣ дар муносибат бо ин равиши фалсафӣ диди тоза ва нигориши зебо дорад.Шоир инсонҳоро ба худшиносӣ ва худогоҳӣ бо василаи маърифати ҷаззобияти ишқ ва зебогӣ даъват дорад:

Ёди ту чун кафтарон дар ёнахо,

Канда андар синаи ман лонаҳо.

Ёди ту ояд, парад аз синаам,

Селаи кафтар зи кафтархонаҳо.

Шоир дар "Дилнигора" фасли "Ошиқона" дорад, ки "Қалампошна", "Меҳмон","Заркокул", "Духтари шоҳи саҳар", "Ташна", "Ёднома", "Мактуби саломатӣ", "Чу маро ёд кунӣ", "Меҳргон", "Кучоӣ" ғазалҳои "Обе, ки бурд оби рухам", "Диламро гилнишин кардӣ, чи кардӣ", "Руди Сайҳун даргирифт", "Оби ҷигар", "Орифона" ва ғайра ба масъалаи фавқ бахшида шудаанд.

Дар шеър ӯ такрори калимот, пургӯӣ, назарпардозиҳои риёкорона ба чашм намерасад.Шеъри Назри Яздонӣ дар ин маҷмӯъ камолот дорад, камолоти маънавӣ, фалсафӣ ва гузашта аз он тасвироту ташбеҳоти гуворову дилчасп.

Назири ин шеър дар адабиёти муосири мо кам аст:

   Ташнаам ман,

   Ташна аз рӯзи азал,

   Ташнаи шаҳдам,

     Чу занбӯри асал.

     Чида- чида

     Шаҳди гулбарги лабонат,

     Ғунчаи саршори ширини даҳонат,

     Оқубат,

     Ё бармаҳал,

     Ё бемаҳал,

       Мешавам,

       Ҳамчу, занбӯри асал,

       Ғарқи асал.

Ибороту таъбироти шоиронаи ӯ "қалампошна", "як олами афсона равона дар сари сӯзан", "тухми ишқи тиллоӣ", "ахтари паррони чашмам", "луғати ишқ", "моҳтоби ба дудаи ғубор олуда", "ашки маҳтобӣ", "пардаи ҳарири оҳарӣ", "хокборонҳо", "домани сабзи баландиҳо","ширинадо", "сухани мухпари ахтарзада", "чеҳраи пургарди зарандуда", "даруни синаам бағдодгуна" ва ғайраро аз фасли ашъори ошиқонаи китоби "Дилнигора" метавон мисол овард, ки аз тозагӯӣ ва тозаҷӯии ӯ дарак медиҳад.

Дар шеъри муосир бо пайравӣ аз суннати ниёгони бузурги шеърамон талқину ташвиқи арзишҳои бунёдии фалсафӣ василаи беҳдошти маърифат ва ҷаҳонбинии алоқамандону ҳаводорони шеър аст, эҳёи фалсафаи шеъри ноби форсӣ- тоҷикӣ дар пайвастагӣ бо шеъри муосири мо бо назардошти боло бурдани эҳтиёҷоти маънавию фарҳангии насли муосир ва баҳрабардории ояндагон вазифаи аввалиндараҷаи шоирони асил аст.

Ин рисолат ва асолат дар шеъри Назри Яздонӣ пайдову ҳувайдост.

Худи ӯ дар китобаш "Дилнигора" тавзеҳоти хондание бо номи "Дар ҳошияи шеър " дорад, ба ин маънӣ:" Масъулияти шоир, эҷодкор, ходими ҷамъиятиро, масъулияти виҷдонию инсонӣ медонам. Шояд як бинокор хуқуқ дошта бошад, ки имрӯз хонае бунёд кунад, фардо пушаймон шавад, хароб кунад ва тарҳи нав эҷод кунад. Ба назари ман суханвар чунин ҳуқуқро надорад. Аҳли қалам ҳуқуқ надорад сухани носанчидае гуфта бошад, ки як саҳифаи таърихи миллатро таҳриф ё сиёҳ кунад, шарофатмандеро бадном кунад, ношоистаеро шоиста ҷилва бидиҳад, ё Худо накарда, суханаш сабаби рехтани як қатра хуни ноҳақ шуда бошад".

Яке аз шоҳкориҳои маънавии устод китоби эссеҳои фалсафиву адабиаш "Ҳикмати озодагон " аст, ки ба тадбиру тақдири ҳуввияти миллӣ ва фарҳангии имрӯзаи тоҷикон бахшида шудааст. Дар ин асар моҳияти маданияти тоҷик, мавқеи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ, хусусиятҳои асолати миллӣ, моҳияти иҷтимоӣ, сиёсати ваҳдати миллӣ дар гирдобу тундбоди беамон, бебозгашти глобализатсия мавриди таҳлили ҷиддии усулӣ ва илмӣ қарор гирифтааст.

Ба иттифоқи ҳама донишварону фарҳангиёни миллат ин китоб беҳтарин таълифот дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати худшиносӣ, худогоҳӣ ва беҳдошти асолати миллӣ, фаҳмиши дурусти таҳкими пояҳои истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ маҳсуб мешавад.

Яке аз корҳои мондагори устод таҳия ва тадвини китоби тарҷумаҳолии худ бо номи "'Ойини ойина" мебошад, ки соли 2018 дар нашриёти " Хуросон" дар шаҳри Хуҷанд ба нашр расидааст. Ин китоб шурӯъ аз саргузашти муаллиф, навиштаҳои олимону донишмандони маъруф ва чеҳраҳои шинохтаи фарҳангии ҷумҳуриро бо унвони "Пажӯҳишҳо ва тақризҳо" ки аз тарафи Ҷонибек Акобир, Темур Пӯлодов, Ҷумъахони Темурзода, Султони Ҳамад, Шокири Мухтор, Нурмаҳмад Амиршоҳӣ, Давлаталӣ Убайдуллоев, Исматулоҳи Саидиён, Абдурраҳим Холиқзода, Ғаниев Табаралӣ, Саъдулло Раҳимов, Фирӯзаи Саид, Шаҳобиддин Ҳақназар, Муҳаммад Абдурраҳмон, Сайфулло Сафаров, Абдуллоҳи Раҳнамо, Саидқул Билолов, Лолахон Сатторӣ, Парда Ҳабиб, Алишери Муҳаммадӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Мирзо Кенҷа, Ғолиббек Ғафуров, Асҳобиддин Суннатӣ, Баҳриниссои Бобомурод, Комил Бекзода арза шудаанд, дар бар мегирад.

Дар қисмати савуми китоб мусоҳибаҳои Барнои Қодирдухт, Хайринисои Расулӣ, Шаҳлои Наҷмиддин, Ҷамила Ҷалол, Мукаммал Раҷабӣ, Валиҷон Баёнӣ, Умеди Пудина гирд оварда шудаанд.

Қисмати чоруми ин китоб рӯйхати осору эҷоди устодро бо шумули маҷмӯаҳои ашъор, рисолаву асарҳо, мақолаҳои илмию публисистӣ,тақризҳо, мусоҳибаҳо ва дигар жанрҳои эҷоди ӯ ба хонанда ошно месозад.

Ҳар як аз навиштаҳои муаллифони зикршуда хеле ҷаззоб, дилкаш, самимию воқеӣ ва хонданию мондагоранд, ки паҳлӯҳои гуногуни кору фаъолият ва эҷоди устоди ширинсуханро фаро мегиранд.

Боиси ифтихор аст, ки як мақолаи банда низ дар ҳаҷми 12 саҳифа, ки моҳи июни соли 2008 дар ду шумораи рӯзномаи Нигоҳ ба нашр расида буд, дар ин китоб ҷой дода шудааст.

Устод ҳунари хуби тарҷумонӣ доранд ва аз забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ,урду, украинӣ тарҷума мекунад.Шеърҳо, достонҳо, қиссаҳои А.Пушкин, М. Лермонтов, В. Шекспир, Ҷ.Байрон, Алӣ Сардор Ҷафрӣ, роману повестҳои Л.Каррол, З. Бистшитская ва дигар адибони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст."Ишорот ва танбеҳот"-и Ибни Сино бо ҳамқаламии М.Диноршоев ва Т.Мардонов аз забони арабӣ ба русӣ гардондааст.

Дар тарҷума аввалин шоирест, ки аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷумонӣ кардааст. Тарҷумаи "Ишорот" ҳам дар тарҷумаи илмии тоҷик аввалин намунаи баргардони бевоситаи арабӣ- русӣ аст.

Шумораи зиёди баёзҳои(антология) манзум, мансур, фолклорӣ таҳия ва тавзеҳ намудааст, ки ба забонҳои гуногун дар Киев, Минск, Таллин, Тошканд, Тблисӣ, Ханой, Прага, София ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон нашр шудаанд.

Тадқиқоти илмиашро дар китоби Фалсафаи Ибни Сино дар "Ишорот ва танбеҳот", инчунин мақолоти зиёд ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар нашриёти Душанбе, Маскав, Тошканд, Алма-Ато нашр шудааст.

Дар сабти комили аудиоии "Шоҳнома" ширкат кардааст.Муддати панҷ сол барномаи мустақили "Асолати миллӣ","Худшиносии миллӣ"-ро дар Шаббакаи аввали радиои давлатии Тоҷикистон бурдааст.

Устод муассис ва сардабири рӯзномаи "Алиф" буд, ки соли 1998-1999 нашр мешуд.

Ашъори зиёдашро устодони суруди тоҷикӣ оҳанг бастаанд ва месароянд, аз ҷумла дар хазинаи тиллоии радио зиёда аз 50 сурудаш мавҷуд аст.

Назрӣ Яздонӣ чандин сол дар Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон ба ҳайси сардори "Маркази тоҷикшиносӣ"ва имрӯз ба сифати корманди фаъолият дошта, дар самти хештаншиносии миллӣ ва асолати миллӣ дар баробари хизматҳое, ки зикр шудаанд, дар барномарезӣ, таҳия ва нашри силсилаи бисёрҷилдаи "Тоҷнома", ки саҳми маллати тоҷикро дар масири тамаддуни ҷаҳонӣ бо нашри манбаъҳои бостонӣ ва осори фарҳангии дараҷаи аввал, ки аз ҷониби донишмандони бузурги ҷаҳон эътироф шудаанд, бо шарҳу тафсири илмӣ, харитаҳо, тасвирҳо, тасвири артефактҳои нодиру ҷаҳоншумул ширкат мекунад. Ин силсилаи бузургҳаҷме, ки дар таърихи тамаддуни чандҳазорсолаи тоҷикон назир надорад, се ҷилд ба нашр расид ва чанд ҷилди дигар дар остони нашр ҳастанд.

Устоди меҳрубон дар ду маҷмӯаи шеъраш- "Тоҷикистон беҳтар аз ҷон" ва "Дилнигора" ду соядасте навиштаанд, ки бароям табарруканд:

1. Мирзоҳусайни ошиқ ишқат барор гирад,

     Ҳар ҳарфу ҳар ҳиҷоят бӯйи баҳор гирад.

2. Дар забонат хуш равон шуд наъту васфи Мустафо

   Шафқати парвадигорӣ бод ҳамроҳи Шумо.

Устод ҷаҳонбинӣ, ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷаҳоншиносии фавқулодда доранд, ки касро ба ҳайрат меоварад. Ба гунаи мисол ҳамон навиштаи "Дар ҳошия шеър"- ашро агар сад бор бихонӣ, ба ҳар хондан, ба ҳар гуна лаззати маънавӣ мебарӣ ва ғизои маънавӣ мегирӣ. Ҳама суханонаш ҳам дар навиштаҳои манзум ва ҳам мансур нарму гарм, диловезу дилнишин, самимию воқеиянд. Барҳақ ин суханонро Низомии Ганҷавӣ гуфтааст:

Ёдгоре к- аз одамизод аст,

Сухан аст он, дигар ҳама бод аст.

Назри Яздонӣ ин суннати бузург қадру манзалати суханро ба ҳайси як шоир, як файласуф ва як инсон ҳамеша риоят карда, гиромӣ доштааст ва арҷ гузоштааст:

Хону нон будаи барои касе,

Ҷони ман ҳастиву ҳабиби ман.

Эй сухан, нони ту ҳалолаш бод,

Сӯхтан баҳри ту насиби ман.

Ман надидам хати шиёри сухан,

Раҳи бозори панҷу чори сухан.

Сӯзи ҷонам- шарораи чашмам,

Сар кашиди зи навбаҳори сухан.

Эй хушо сӯхтан ба сӯзи ту,

Нафасам мешавад шифои касе.

Шуълаам раҳнамои хони касе,

Ахгарам сурмаи нигоҳи касе.

Аз ин хотир устод Назри Яздонӣ бо ҳама кору пайкор ва заҳмату меҳнати шаборӯз барои мо нобиғаи даврон ба таъбири бузургони гузаштаамон фарзонамард, озодамард, марди тамом, дарёдил, дардошно ва сарамарди миллат аст.

Устоди некном худ чунин сухан ҳакимона доранд: "Ҳар чӣ гуфтам, рост гуфтам, Аз он чӣ гуфтам, ки аз сар гузаштам, аз дилам, аз андешаам гузаштааст ва он чӣ дар шеър арза доштам, ба он умед будааст, ки барои миллатам, барои инсон коромад, коргар бошад. Дардеро маҳрам шавад, дилеро қувват диҳад, сарҳоро баланд кунад, чун сарбаландии миллатам ормони азалию абадии ман аст..."

Дар ин ҷо мехостам, гуфтаҳои бародари донишманд Абдуллоҳи Раҳнаморо биёрам. Мавсуф дар навиштаи худ, ки дар китоби "Ойини ойина" ҷой дода шудааст, мегӯяд:

" Агар хоҳем як таърифи аз шахсияти Назри Яздонӣ диҳем, дар нигоҳи аввал хеле мушкил аст, зеро агар устодро ҳамчун шоир бигӯем, ӯ дар шоири мумтоз аст, агар устодро ҳамчун адабиётшинос матраҳ кунем, адабиётшиноси барҷаста аст ва агар устодро ҳамчун файласуф дар назар гирем, низ файласуфи бисёр хуб, пуркору пурзаҳматанд. Ва агар устодро ҳамчун фарҳангшинос матраҳ кунем, яке аз донандагони хуби фарҳанги мо ҳастанд. Бинобар ин, ин гуна шахсиятҳоро, мо метавонем бигӯем, як чеҳраи миллӣ, як зиёӣ, як шахсияти ҷомеа фарогир ҳастанд...

Маҷмӯаи гуфторҳову мусоҳибаҳои Назри Яздонӣ як мактаби худшиносист, як мактаби ҳуввияти миллист, зеро ҳар як оила, хонавода, ҳар шахс имкон дорад, ки бо шунидану фаро гирифтани ин мактаб ғарқи арзишҳои миллӣ ва арзишҳои ҳуввияти мо шавад".

Бузургтарин ва асоситарин ҷанбаи эҷоду осори устод Назри Яздонӣ аз он иборат аст, ки арзишҳои бунёдии миллатро дар масири фарҳангу тамаддуни ориёӣ, исломӣ ва даврони шӯравию соҳибистиқлолӣ барои худогоҳию худшиносӣ ва беҳдошти асолати миллӣ мавриди назар, биниш, дониш ва пажӯҳишҳои худ қарор додааст.

Яъне устод, як шахсияти чандбуъда донанда ва дорандаи ин арзишҳо маҳсуб аст, ки ҳам дар назар ва ҳам дар амал садоқату ихлос ва муҳаббати бепоёни фарогиро ба таври хастанопазир ҳамешагӣ ҳадаф ва мақсади худ дорад.

Хизмати арзишманду мондагори устод ба ҳайси шоир, файласуф, олим, донишманд, зиёӣ ва равшанфикр пеш аз ҳама ба маънии тамом дар шаклгирии андешаи миллӣ, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ, истиқлолияти миллӣ, дар даврони соҳибистиқлолӣ барҷаста аст. Ба қавли бародари гиромӣ ва донишманди муҳтарам Абдурраҳим Холиқзода " чароғбадасте дар фазои андешаи миллист".

Устод Назри Яздонӣ дар тарбияту парвариши маънавии даҳҳо шогирдон саҳмгузор аст, ки камтаринашон ман ҳастам.

Ба хусус заҳмату талошҳои ӯро дар дастгирию кӯмаки маънавии шогирдаш, шоир ва фарҳангшиноси шинохта, зиндаёд Алишери Муҳаммадӣ қайд кардан, шарти инсонию виҷдонист. Афсӯсу дареғ, ки марги ногаҳонӣ ин ҷавони соҳибистеъдод, соҳибназару соҳибхирад ва хушахлоқро аз байни мо бармаҳал рабуд.

Устоди арҷманд! Барҳақ ойинаи рӯзгори мо ҳастӣ ва худ ойини ойина дорӣ. Хуш ба ҳоли мо, хуш ба ҳоли миллат, ки Офаридгори бузург Шуморо бароямон додааст. Мо ҳамеша дӯстдори Шумоем, муштоқи дидор ва сӯҳбатҳои гарму нарми Шумоем.

Ман ҳамеша дар нисбати эҳтиром ва қадршиносии Шумо ин байти Ғании Кашмириро мегӯям:

Иштиёқе, ки ба дидори ту дорад, дили ман,

Дили ман донаду ман донаму донад дили ман.

Ё ба гуфти Соиби Табрезӣ:

Шавқи ман қосиди бедард куҷо медонад,

Он қадар шавқи ту дорам, ки Худо медонад.

Устоди азиз, дар як автографе, ки ба ман ҳадя кардед, ин чаҳор мисраи дастнависи Шумо дар муқовааш китобат аст:

Шаш саду лак ҳазор шукрона,

Аз Кариме, ки ҷовидон дорам.

Ҳар нафас ҳамду васфи ишқамро,

Дар дилу мағзу устухон дорам.

Ва ман мегӯям, шаш сад лак ҳазор шукрона, ки мо Шуморо дорем. Чеҳраи нуронӣ, табассуми зебо ва хандаҳои беғашат ҳамеша рӯ ба рӯи мо бод!

Мавлуди накӯят хучастаю ҳумоюн бошад! Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошӣ!

Ва ҳамин ду мисраъро ҳамеша дар сувайдои дилам бароятон мактуб дорам:

Барои мо атову ҳадяе аз лутфи Раҳмонӣ,

Аё, озодамарди давру даврон, Назри Яздонӣ!



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi